Боз 7 ҷавони хатлонӣ қурбон шуданд

Бар асари як садамаи нақлиётии пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 7 ҷавони аз 20 то 24-сола ҳалок шудаанд.

Чор қурбонии ин садама аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва се тани дигар аз шаҳри Кӯлоб будаанд. Шоҳидон мегӯянд, ҳодиса шоми 18 июн дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб рух дода, 6 нафар дар ҷои ҳодиса ва якеи дигар дар бемористони марказии ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расидаанд. Табибони ин бемористон мегӯянд, ки ин нафари охиринро вақте оварданд, ки шушаш пора шуда буд ва баъди ҳамагӣ 15 дақиқа дар рӯи кати ҷарроҳӣ ҷон дод.

Дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ду мошин ба ҳам бархӯрдаанд. 4 қурбонии ин садама аз ноҳияи Ҳамадонӣ савори як мошин ва сеи дигар аҳ шаҳри Кӯлоб савори мошини дуюм будаанд. Сабаби садама ҳанӯз маълум нест.Роҳҳои Тоҷикистон яке аз роҳҳои аз нигоҳи садамаҳо пурхатар дар минтақа шумурда шуда, бино ба омори расмӣ, ҳар рӯз дар ҷодаҳои ин кишвар дастикам 4 садамаи нақлиётӣ рух медиҳад.Бино ба оморҳо, дар соли 2015 дар роҳҳои ин кишвар ҳудуди 1400 садама рух дода, бар асари он 449 нафар, бо шумули 90 ноболиғ ҷон бохтаанд. Дар як сол бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ҷодаҳои Тоҷикистон ҳамчунин тақрибан 1500 нафари дигар, аз ҷумла 398 ноболиғ ҷароҳатҳои мухталиф бардошта, садҳо тани онҳо барои умрбод маъюб шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *