Ислоҳи қонун дар бораи реклама

Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун дар бораи реклама гуфт, ки аз ин пас ҳеҷ ширкат, ё муассисае ҳақ надорад, моли худро “рақами 1” ном барад ва касе ҳақ надорад, дар васоили таълимӣ моле, ё ҳарчизи дигареро таблиғ кунад.

Дар ҷаласаи порлумон дар охири ҳафтаи гузашта тарҳи нави Қонун дар бораи реклама баррасӣ шуд ва вакилони мардумӣ онро бе баҳси зиёде қабул карданд. Бар асоси қонуни ислоҳшуда аз ин баъд дар Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд, ки дар васоили таълимӣ аз ҷумла китобу дафтар, моли ширкат, ё чеҳрае таблиғ шавад.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ, зимни муаррифии тарҳи нави қонун, гуфтааст, ҳадаф аз ислоҳи қонун “ба низом даровардани бозори реклама” дар Тоҷикистон аст, чун дар ин бозор қонуншиканӣ зиёд ба назар мерасад.

Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, “вақтҳои ахир дар лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла дар рӯзнома ва дафтарҳои мактабӣ, рекламаҳои гуногун паҳн мегардад, ки ба ҷараёни таҳсил рабт надоранд.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *