Чашм мегурезад, вале бинӣ асир меафтад

Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим

… Мардум пас аз намоз аз масҷид берун шуда, ба ҳар тараф пароканда шудан гирифтанд. Ҳампаҳлуи ман — мӯйсафеди нуронию қоматбаланде, ки зоҳиран аз сокинони маҳаллӣ набуд, аз назди ҷӯйбори назди масҷид гузашта истода, пурсид:

— Мебахшӣ, бародар, ту дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунӣ?

— Бале, дар ҳамин наздикиҳо. Чӣ буд?

— Магар шумо пас аз намоз аз масҷид баромада, ҳаминро намебинед?,-бо даст ба тарафи ҷӯйбор ишора намуда истода, гуфт ӯ ва ба суханаш  идома дод:

— Ё муллоҳои шумо дар амри маъруфи худ аз тозагию оби тоза намегӯянд? Намегӯянд, ки ифлос кардани оби равон гуноҳ аст?

Манзури ӯро фаҳмида, ба иборае, “замин накафид, ки дароям”. Мӯйсафед ифлосию ахлотпораҳои ҷӯйи обпартоеро дар назар дошт, ки аз байни кӯчаҳои Бинокорон ва Акбар Махсумови ноҳияи Шоҳмансур мегузашт.

Худро сафед карданӣ шуда, хостам гӯям, ки мо борҳо дар ин бора ба роҳбарони ноҳия ва маҳалла арз кардем, аммо бефоида ва ин ифлосиҳои ҷӯйбор сол то сол зиёд мешаванду кам не. Аммо мӯйсафед ба маънои “э, моне…” даст афшонду рафт.

Воқеан, чанд сол боз сари ифлосии ҷӯйбори обпартои мазкур баҳси мо бо ниҳодҳои масъул идома дорад. Раисони маҳаллаҳо мегӯянд, ки ҷӯйи мазкур аз байни хонаҳои мардум мегузарад ва дар он ҷо истифода бурдани техникаи ҷӯйтозакун имкон надорад, худи сокинон бошанд, ба ҳеҷ гуна ташвиқоту тарғибот дар бораи риояи ҳолати экологию санитарӣ дар маҳали зисташон эътибор намедиҳанд ва аз ин ҷо сар задани бемориҳои сироятиро “афсонаи кампир” мегӯянд. Гузашта аз ин, бисёр сокиноне, ки дар ду соҳили ин ҷӯйбори бараш қариб 10 метр хона доранд, аз он ҳамчун “канализатсия” истифода мебаранд, ки ин хилофи ҳам қонунҳои дунявию ҳам қонунҳои шаръию ухравист. Кас ҳайрон мешавад, ки наход марде, ки дар масҷид адои намоз мекунад, дидаю дониста оби равонро чун партовгоҳ ва халоҷо истифода барад?

Шаҳри мо сол то сол ободу зебо мегардад, вале аз бемасъулиятию бепарвоии масъулони идораҳои ҳифзи муҳит ва санитарию эпидемиологӣ дар баъзе гӯшаҳои он “бомбаҳои дерамал” ба мисли ин ҷӯйбор мавҷуданд, ки агар рӯзе кафанд, натиҷааш пешгӯинашаванда хоҳад буд. Ҳоло, ки фасли гармо фаро нарасидааст, дидани ин манзара танҳо дар кас эҳсосеро бедор мекунад, ки ҳарчи зудтар аз ин ифлосиҳо чашмро гурезонӣ. Аммо пагоҳ, вақте ки ҳаво гарм шуду бӯйи ғализи он ҳамроҳ бо вирусҳои “додаракони КОВИД-19” ба ҳаво паҳн гардид, биниро чӣ тавр мегурезонӣ? Чӣ бояд кард, ки ин “бомба” безарар гардонида шавад?

Раисони маҳаллаи Чаноро ва Бинокорон даъво мекунанд, ки сокинон ба таъкиди онҳо дар мавриди риояи қоидаҳои санитарӣ гӯш намекунанд. Ба андешаи ман, ин яке аз он ҳолатҳоест, ки маҳз дар ҳамин ҷо бояд аз зӯри қонун истифода бурд. Зеро аксари мардуми мо одат кардаанд, ки то ба кисааш даст наандозӣ, пинакаш вайрон намешавад. Яъне бояд сохторҳои салоҳиятдор аз ин намуди ҷазо дар чунин маврид васеъ истифода баранд, он гоҳ натиҷа ба даст хоҳад омад ва бовар кунед, пас аз як моҳ ду соҳили ин наҳрчаи ифлос мисли оина ҷило хоҳад дод.

Шубҳа доред? Як санҷида бинед…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

рӯзноманигор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.