Чеҳраи солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Чеҳраи сол-2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Манижа САНГИН, сарояндаи тоҷики муқими Русия

Манижа яке аз чеҳраҳои тоҷики саршинос ва маъруфи соли 2021 мебошад, ки Русияро имсол дар озмуни “Евровидения-2021” бо суруди “Russian Woman” (“Зани рус»”) муаррифӣ кард ва ба даҳгонаи аввал роҳ ёфт.

Манижа 8-уми июли соли 1991 дар оилаи равоншинос Наҷиба Усмонова ва табиб Далер Ҳамроев дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оилаи Манижа ба Русия кӯчид. Манижа аз рӯи ихтисос равоншинос буда, факултаи психологияи Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русияро хатм кардааст.

Манижа Сангин навозандаи мустақил, муаллиф ва сароянда, коргардони клипҳо, ходими ҷамъиятӣ дар мубориза бо хушунатҳои хонаводагӣ, аз соли 2019 сафири бунёди “Ҳаёт эҳдо бикун”, аз соли 2020 сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон мебошад.

Сароянда соли гузашта сафири иродаи неки Русия дар Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) интихоб шуд.

Ӯ бо вуҷуди он ки дар консертҳояш Русияро муаррафӣ мекунад, саршор аз ҳувияти миллист.

Ҷонибдории шумо аз Манижа Сангин ҷонибдорӣ аз санъати воло ва ҳувияти миллии тоҷикист!

Абдурозиқ ИГАМОВ, овозхон ва блогер

Абдурозиқ ҳанӯз чанд сол қабл бо як навори кӯтоҳи овозхонияш дар интернет сертамошобин шуду баъдан аз назарҳо дур монд. Ӯ 18-сола аст, вале зоҳиран кӯдаки 6-8-соларо мемонад.

Соли 2019 Барон ном рэпери тоҷик ӯро ба Душабе овард. Дар Душанбе роҳи ин ду нафар бо дастгирии ҳаводорони бешумор якбора кушода шуд. Наворҳо, суҳбатҳо, сурудҳояшонро миллионҳо нафар аз назар мегузаронданд. Дар муддати кӯтоҳ шуҳрати ин ду нафар берун аз Тоҷикистон рафт. Дар бораи ин ду нафар расонаҳои хориҷӣ ҳам гуфтанд.

Дақиқан, Абдурозиқ 3 сол мешавад, ки дар “ТОП”-и фазои маҷозӣ аст, вале аз сабабе, ки соли 2021 ӯ аз сегменти тоҷикии интернет берун баромад ва худро муаррифӣ намуд, лозим донистем яке аз довталабони номинатсияи “Чеҳраи сол”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj бошад.

Ӯ имсол чанд маротиба дар сархати хабарҳои расонаҳо буд: бо блогери доғистонӣ — Хасбик, ки зоҳиран майдаҷусса аст, бояд дар майдон меҷангид. Дар маросими ифтитоҳи 21 -умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс иштирок кард. Бо дастаи футболи «Ал Васл»-и Аморати Муттаҳидаи Араб шартнома баст ва аз продюсераш ҷудо шуд.

Абдурозиқ ҳоло дар Дубай кору зиндагӣ дорад. Ба ҷонибдори ӯ овоз диҳед!

МУНИС ва АБӮБАКР, варзишгарони навъи ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ

Бародарон Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо, ки яке нуҳ ва дигаре ҳашт сол доранд ва 95 нишони тиллову 20 камарбанди қаҳрамонӣ ба даст овардаанд, бо истеъдоди фавқулоддаи худ аз рӯи варзиши ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ дунёро ба ҳайрат гузоштанд. Ин варзишгарони наврас бо вуҷуди он ки дар Федератсияи Русия зиндагӣ доранд, дар мусобиқоти варзишӣ бо парчами Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Барои ҷодаи варзишро пеша кардани бародарон нақши падарашон муҳим аст. Авазхӯҷа Каримов —  падари ин наврасон, худ низ варзишгар аст, 7 сол тамрин карда, орзу дошт футболбози касбӣ шавад, вале ба орзуяш нарасид. Бинобар ин, ӯ талош кард, то фарзандонаш дар ҷодаи варзиш муваффақ шаванд.

Вақте Авазхӯҷа писаронашро ба варзиши ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ медиҳад, дарк мекунад, ки дар Тоҷикистон имкони тамрин камтар аст, бинобар ин, тамоми молу мулкашро фурӯхта, бо аҳли оила ба Русия кӯч мебандад.

Дар Русия Мунису Абӯбакр, ки яке 5 ва дигаре 4 сол доштанд, аввал дар назди падар, баъдан дар назди мураббии ҳирфаӣ тамрин карда, ба майдони разм мебароянд.

Ҳоло Мунис ва Абӯбакр дар Русия таҳсил ва тамрин мекунанд. Як сол аст, ки онҳоро падар ба клуби варзишии ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, дорандаи нишонҳои биринҷии бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев овардааст. Бародарон таҳти роҳнамоии ӯ ба мусобиқаҳои Аврупоӣ ва Осиёии баҳори соли 2022 омодагӣ мебинанд. Ҷонибдории шумо аз онҳо ҷонибдорӣ аз фардои варзиш дар Тоҷикистон аст!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.