Дар Ӯзбекистон аз қочоқи доруҳо ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд

Дар ин бора як шабакаи телеграмии наздик ба ҳукумати Ӯзбекистон хабара додааст.

Ба иттилои манбаъ ҳангоми кофтукови мошини шахсӣ дар гузаргоҳи марзии “Фарҳод” дар Бекобод, кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон доруҳои сабтнашударо ошкор карданд.

Ба навиштаи мақомоти Ӯзбекистон, низомиён беш аз 20 намуди доруҳоро, аз ҷумла “Иммуноглобулин”-ро, ки арзиши онҳо тақрибан 805 ҳазор сомонӣ аст, мусодира карданд.

Ҳоло нисбати гумонбарон бо моддаи 168 қисми 3 банди «в» ва моддаҳои 28 ва 211 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *