Дар Ҳисор авсун ба сари авсун оби ҷӯшидагӣ рехт?

Думболи овозаҳо

Қариб ду ҳафта мешавад, ки овозаҳо дар бораи моҷарои ду зани ҳевар дар ноҳияи Ҳисор даҳон ба даҳони мардум гашта, то шаҳри Душанбе низ расиданд ва боиси сару садоҳои зиёде гаштанд. Яке мегӯяд, ки ду авсун аз рӯйи кӯдак ҷанг шудаанду яке ба сари дигарӣ оби ҷӯшидагӣ рехтааст, дуюмӣ ин овозаро рад карда, моҷарои занҳоро ба кинаю хусумати дерина рабт медиҳад, сеюмӣ иддао мекунад, ки сабаби ҷанҷол тамоман чизи дигар аст.

-Бечора занакро қариб  90%-и баданаш сӯхтааст,-мегуфт зане дар самтрав ба ҳампаҳлӯяш.

-Келинҳо кайҳо боз ба ҳамдигар дандон доштаанд, вале инро нишон намедодаанд. Як рӯз хусуру хушдоманашон ба куҷое меҳмонӣ мераванд ва ду авсун хонаро хилват ёфта ба ҳамдигар мечаспанд,-ба гап ҳамроҳ шуд зани миёнасоле.

-Худо инсофашро гирад, наход ба сари одам оби ҷӯшидагӣ бирезӣ,-лаб мегазид нафари дигар…

Рӯзҳои аввали пайдо шудани ин овоза банди супоридани нашри нави газета будем ва ҳеҷ дастам намерасид, ки ба  ноҳияи Ҳисор сафар карда, рост ё дурӯғ будани ин хабари шумро аниқ намоям, вале ба худ қарор додам, ки бо пайдо шудани имконият ҳатман аз пайи кушодани чигили ин муаммо хоҳам шуд, аммо торафт зиёд шудани овозаҳо дар бораи ин моҷаро маро ба он водор намуд, ки тамоми кору борамро як сӯ гузошта, роҳи ноҳияи Ҳисорро пеш бигирам.

Духтари раис рақами телефони

падарашро намедонад?

Суроғаро пайдо намуда, ба деҳае, ки ин ҳодисаи нохуш дар он ҷо рӯй додааст, равон шудем. Азбаски раиси маҳалла шахси масъул ва аз ҳама сирру асрори мардум бохабар аст, хостем сароғоз бо ӯ суҳбат намоем.  Дар назди дарвозаи хонаи раиси маҳалла бо духтараки тақрибан 15-16 соларо вохӯрдем ва аз ӯ пурсон шудем:

-Хонаи раиси маҳалла ҳамин аст?

-Бале.

-Ман Маҳинаи Давлат,  рӯзноманигор, аз ҳафтаномаи “Оила”. Падаратон дар хона ҳастанд? Аз он кас баъзе чизҳоро пурсидан мехостем. 

-Не, дар ҷои корашон ҳастанд.

-Соат қариб 5 шудааст, агар зид набошед, омаданашонро интизор мешавем?

Духтарак ин гапро шунида, андаке сурх шуд ва саросема гуфт:

-Беҳуда интизор нашавед, падарам имрӯз ба хона намебиёянд. Саҳарӣ гуфта буданд, ки ман кор дорам, 2-3 рӯз намеоям, ташвиш нашавед.

-Ин тавр бошад, рақами телефонашро диҳед, мо ба он кас занг зада, як масъаларо мепурсему меравем.

-Ман рақамашонро намедонам. Ммм, ҳозир модарамро пурсам, канӣ чӣ мегӯянд….

Баъди чанд лаҳза духтарак парешонхотир баргашта, гуфт:

-Модарам ҳам намедонистааст.

-Ҷои кори падаратон дар куҷост, мо ба пешашон меравем.

-Дар район кор мекунанд, вале ҳозир дар ҷои корашон нестанд.

Дигар чора  набуд, мақсади омаданамонро ба духтарак фаҳмонда хоҳиш кардем, ки хонаеро, ки ин ҳодиса он ҷо сар задааст, ба мо нишон диҳад, вале “ман онҳоро намешиносам” гӯён, осемасар дарвозаро ба рӯямон пӯшид…

Даҳони баста-сад тилло?!

Ҳамин дам аз рӯ ба рӯямон як гурӯҳ мактаббачаҳо баромаданд ва мақоли халқии “гапи ростро аз бача шунав” ба ёдам расиду хонаи лозимиро аз онҳо пурсидам. Яке аз бачаҳо бо дасташ самтеро нишон дода гуфт:

-Каме поёнтар равед, аз дасти чап тангкӯча мебарояд. Ба ҳамон тангкӯча дароед, аз тарафи дасти рост аст.

Бачаи дигар, ки аз афташ сардори синфашон буд, роҳнамои моро маломат намуда гуфт, ки одам набояд сирру асрори қишлоқашро фош кунад. Баҳсу мунозираи ин бачаҳои хурдсол ба ёди банда филми машҳури “17 лаҳзаи баҳор”  овард ва худ ба худ гуфтам, тамоми ворисони  Штирлетс дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекардаанд-ку!

“Ҳеҷ гап нашудааст” мегӯянд, вале…

Ниҳоят кофта-кофта, мо хонаи зани ҷабрдидаро ёфтем, вале ҳанӯз аз дарвоза набаромада садои омиронае ба гӯшамон расид:

-Ба шумо кӣ даркор?

Одоби саломро ба ҷо оварда, мақсади омаданамонро  ба соҳибхона фаҳмондем.

-Ҳамаи ин гапҳо дурӯғ аст! Дар хонаи мо ҳеҷ гап нашудааст,-бо табъи гирифта гуфт мард.

Кунҷковона пурсидем: .

-Шумо ба зани ҷабрдида кӣ мешавед?

-Мо дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунем. Ин кас шавҳари ҳамон зан ҳастанд, агар ба ман бовар накунед, марҳамат аз ӯ пурсед,-мард ба ҷавонмарди дигар, ки зоҳиран ба ӯ бисёр монанд ва аз афташ бародараш буд, ишорат намуд…

Ба рӯйи бародарам туф намекунам

-Шумо, ки шавҳараш бошед, бигӯед, ки ин ҳодисаи нохуш чӣ тавр рӯй дод ва сабаби моҷарои занҳо чист?

Хоҳарҷон, дар ҳама хонавода гапу хабар ҳаст ва хоҳ-нохоҳ ягон рӯз ҷангу ҷанҷол мешавад. Ман ягон даъво надорам, чунки туф кунам, ба рӯйи худам, ба рӯйи фарзанди падар ва келинамон мезанад.

-Ақаллан сабаби ҷанҷолро мегуфтед?

-Ҳар нофаҳмию моҷарое, ки дар байни занҳо сар мезанад, асосан аз пушти бачаҳо аст. Сабаби сар задани ин ҳодиса низ кӯдакон ҳастанд.

-Мегӯянд, ки авсунҳо нисбати ҳамдигар дар дил кина доштаанд ва кайҳо боз дандон хоида мегаштаанд…?

-Не, ин гапҳо асос надоранд. Онҳо нисбати ҳамдигар бадбинӣ ва кинаю адоват надоштанд, аз рӯйи кӯдакон гапашон гурехтааст.

Шунидем, ки  90 %-и бадани ҳамсаратон сӯхтааст ва дар ҳолати бисёр вазнин қарор дорад?  

ардум кор надоранд, барои ҳамин аз пеши худашон чунин гапҳоро бофта воҳима мекунанд….

-Агар дурӯғ бошад, пас, шумо росташро гӯед, ки мардум фаҳманд, ки чанд фоизи баданаш сӯхтааст?

-Духтурон гуфтанд, ки 15 -20 фоиз сӯхтааст, барои ҳамин мо ӯро ҳатто дар беморхона нахобондем.

Кадом қисми баданаш бештар сӯхтааст? Даст, пой, рӯй ё тамоми баданаш?

-Пушташ бештар сӯхтааст.

-Иҷозат медиҳед, ки мо маризро дида ҳамроҳаш суҳбат кунем?

-Ҳамсарам айни замон дар хона нест. Мебахшед, аз ин зиёд ба шумо дигар чизе гуфта наметавонам. Ман кор дорам, бояд равам.

Саломат бошед!

 Чаро зан қасди ҷони зан мекунад?

Мо бисёр мехостем бо худи ҷабрдида суҳбат намуда, то куҷо асос доштани овозаю ҳангомаҳоро бо чашми худ бибинем, вале аҳли хонавода дар куҷо будани келинашонро аз мо пинҳон доштанд. Ташвишовар аст, ки солҳои охир чунин ҳодисаҳои нохуш дар минтақаҳои гуногуни кишварамон тез-тез рӯй медиҳанд. Соле қабл дар ноҳияи Шаҳринав хоҳаршӯй ба бадани келин бензин пошида, ӯро оташ зад ва келинчак қариб 50 рӯз бо марг даст ба гиребон шуда, оқибат ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд. Дар Вилояти Хатлон духтарандар моиндарро ба алангаи оташ тела дод, дар Суғд бошад, арӯс хоҳари шавҳарашро ба ҷарӣ тела дод ва сангборон карда кушт. Ин ҳодисаҳои даҳшатбор касро ба андеша мебаранд, ки ин ҳама ваҳшоният дар вуҷуди зани тоҷик, ки тули садсолаҳо ҳамчун фаришта васфаш кардаанд, аз куҷо пайдо шудааст ва чаро имрӯз дар замони серию пурӣ занҳо қасди ҷони ҳамдигар менамоянд? Умедворем, ки ин ҳодиса охирин мегардад ва худованд дар арафаи иди Фитр дар дили тамоми мардум ҳисси раҳму шафқатро нисбат ба ҳамдигар бедор намуда, минбаъд аз ҳеҷ як хонадон садои доду фиғони ҷонкоҳи зани ҷабрдидае ба гӯш намерасад. 

Р.S

Аҳли хонавода аз додани аксҳои худу ҷабрдида худдорӣ намуданд.

  Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *