Наҷма Зореъ – Эрон

 Пажмон  

Ду соате, ки ба андозаи ду сол гузашт,

Тамоми умри ман ангор дар хаёл гузашт.

Бибанд панҷараҳоро, ки кӯча ноамн аст,

Насим омаду нишинаду бехаёл гузашт.

Дуруст рӯйи ҳамин сандалӣ туро дидам,

Нигоҳи хираи ту лаҳзае, ки лол гузашт.

Чӣ соатест бибахшед?… Содда буд аммо,

Чиҳо, ки аз дили ту бо ҳамин савол гузашт.

Гузашту рафту ба ту фикр мекунам, танҳо,

Ду соате, ки ба андозаи ду сол гузашт.

***

Сароб  

Вақте дилам ба самти ту моил намешавад,

Бояд бигӯям исми дилам, дил намешавад.

Девонаам бихон, ки ба ақлам наёваранд,

Девонаи ту аст, ки оқил намешавад.

Таклифи пойи обирон чист? Ояе,

Аз осмон фосила нозил намешавад.

Хат мезанам ғубори ҳаворо, ки бангарам,

Оё касе зи панҷара дохил намешавад?

Мехостам раҳо шавам аз ошиқонаҳо,

Дидам, ки дар нигоҳи ту ҳосил намешавад.

То нестӣ тамоми ғазалҳо муаллақанд,

Ин шеър муддатест, ки комил намешавад.

***

 Орзу  

Аз хотироти гумшуда меоям, тобуте аз нигоҳи ту бар дӯшам,

Баъд аз ту ман ба расми азодорон ғайр аз либоси тира намепўшам.

Дар сардсере аз мани беҳуда вақте ки пучу хаставу дилсардам,

Шабҳо шабеҳи хобу хаёл ангор таб мекунад тани ту дар оғӯшам.

Таксир мешаванду намемиранд силлулҳои хотираат дар ман,

Ангор монда чашми ту дар чашмам, лаҳни садои гарми ту дар гӯшам.

Ҳарчанд зери ин ҳама хокистар, оташ бигиру шуъла бикаш дар ман,

Ҳатто пас аз гузашти ҳазорон сол равшан шав, эй ситораи хомӯшам.

Баъд аз ту шояд оқибати ман низ монанди Хоҷа Ҳофизи Шероз аст,

Ман зиндаам ба шеъру пас аз маргам мардум намекунанд фаромӯшам.

نجمه زارع – ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *