Дар Кӯлоб нимпайкараҳои Томин ва Назаров гузошта шуданд

Санаи 17-уми июн дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон И. С. Лякин-Фролов, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони “Россотрудничество”, фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, собиқадорон ва созмонҳои ҷамъиятӣ, хонандагони мактабҳо, сокинони шаҳри Кӯлоб маросими ифтитоҳи лавҳаи мармарини хотиравӣ дар мавзеи оромгоҳи қумандони бригадаи савораи Олтой Николай Дмитриевич Томин баргузор гардид.

Сафири Русия иштирокчиёни чорабиниҳоро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки зиндагӣ ва роҳи ҷангии Н. Д. Томин ҳамчун қаҳрамон аз корнамоиҳо ва зуҳуроти шуҷоати бемисл иборат аст. Николай Дмитриевич дар Бухорои Шарқӣ ҳамроҳи отряди худ на танҳо босмачиёнро далерона мағлуб намуд, балки халқи тоҷикро аз зулму асорат муҳофизат ва ба сокинони маҳаллӣ дар сохтмони мактабҳо, каналҳо барои обёрии замин ва дигар объектҳои сотсиалӣ кумак намуд.
Номи Н. Д. Томин дар баробари номҳои чунин қаҳрамонони ҷанги шаҳрвандии соли 1924, ба монанди С. Т. Лазо, В. И. Чапаев, А. Я. Пархоменко, дар солномаи таърихии халқи тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст.

Сафири Русия И. С. Лякин-Фролов ба Б. Х. Назарзода нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро дар бораи хизматҳои ҷангии ин фармондеҳи бузург, ки Архиви таърихии давлатии ҳарбии Русия пешниҳод кардааст, супурд. Фролов ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва тамоми сокинони Тоҷикистон барои пос доштани хотира ва эҳтиёткорона нигоҳ доштани анъанаҳои эҳтиром ба рӯйдодҳои таърихӣ изҳори сипос намуд.

И. С. Лякин-Фролов ҳамчунин аз сохтмони мактаби русии шаҳри Кӯлоб дидан намуд. Сохтмони мактабҳои таълимӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон тибқи барномаҳои русӣ ибтикори муштараки раисиҷумҳури Русия В. В. Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон аст. Дар панҷ шаҳри Тоҷикистон — Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактабҳои русӣ бунёд мешаванд. Кушодашавии ин таълимгоҳҳо 1-уми сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки дар ҳар як мактаб зиёда аз 1200 нафар хонанда таҳсил кунанд.

Дар ҷараёни сафари корӣ И. С. Лякин-Фролов бо ҳамсараш аз мактаби рақами 46-и шаҳри Кӯлоб низ дидан карданд, ки дар он ҷо нимпайкараи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шариф Назаров, ки ин муассисаи таълимӣ номи ӯро гирифтааст, гузошта шуд.

Меҳмонони чорабинӣ инчунин аз мактаби Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) дар шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Сафири Русия саҳми бузурги мақомоти вилояту шаҳр, роҳбарони мактабҳо ва омӯзгорони онҳоро дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон таъкид намуд.

Маросими супоридани китобҳои бадеӣ ва адабиёти бачагона дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ба дӯст китоб туҳфа кунед» аз ҷониби мактабҳои вилояти Свердловски Русия баргузор шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Фролов Лякин зимни суханрониҳояшон дар ин чорабиниҳои хеле муҳим қайд намуданд, ки пос доштани хотираи қаҳрамонони ҶБВ барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо — Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Сафири Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Фролов зимни суханронии худ гиромидошти ветеранҳои ҷангро қарзи инсонии ҳар нафар номида, аз ҷумла қайд намуд:

-Хело шодам, ки роҳбарият ва мардуми шаҳри Кӯлоб дар зиндаву ҷовид нигоҳ доштани қаҳрамонони ду кишвар — Русия ва Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Кушодашавии нимпайкараи Томин рамзи ягонагӣ ва дӯстии ду миллат ба шумор меравад.

Нодира Раҷабова,

Душанбе-Кӯлоб-Душанбе



Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.