Дар Шаҳритус муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Шаҳритус муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд, ки дуошёна буда, дорои 240 ҷойи нишаст аст. Дар ин бора ба Pressa.tj аз хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Муассисаи таълимии навбунёд дорои шароити муосир буда, ҷавобгӯ ба талаботи таҳсилоти байналмилалӣ аст. Синфхонаҳои таълимии муассиса кушоду барҳаво аст ва бо таҷҳизоти лозимаи таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Бояд гуфт, ки синфхонаи технологияи информатсионии муассисаи таълимӣ дорои 12 адад компютер аст ва ҳамзамон барои хонандагон як тахтаи электронӣ насб карда шудааст, ки аз муҳимтарин талаботи таҳсилоти муосир мебошад.

Иншооти мазкур дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба истифода дода шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *