Даргузашти Ҷунайд Ибодов — шавҳари Ойниҳол Бобоназарова

Ҷунайдхон Ибодов — ҳуқуқшиноси машҳури тоҷик ва ҳамсари Ойниҳол Бобоназарова аз олам даргузашт. Марҳум 74 сол дошт ва чанд вақти охир баъди сактаи дил бемору бистарӣ буд.

Ҷунайд Ибодов бо он машҳур буд, ки дар ҳалли қазияҳои душвори судӣ, ки бештарашон ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуоту журналистика рабт доштанд, ба сифати ҳомии ҳуқуқ ширкат мекард. Ҳамкасбонаш аз ӯ ба сифати як ҳуқуқшиноси донишманду таҷрибадор ёдоварӣ мекунанд.

Ҷунайд Ибодов шавҳари ҳуқуқшиноси номвари тоҷик Ойниҳол Бобоназарова буд. Дар суҳбатҳо аз ҳамсари машҳураш бо ифтихор ёд мекард. “Азбаски ману ҳамсарам Ойниҳол Бобоназарова ҳамкасбем, китобҳову ҳафтаномаҳоро ҳамроҳ мехонему баррасӣ мекунем. Бо бонуи ҳуқуқшинос зистан, ба ақидаи ман, шараф аст. Ман ба Ойниҳол ҳам дар корҳои хона ва ҳам дар фаъолияти касбиаш мадад мерасонам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамсари азизам руҳан осуда бошад. Саодати зиндагӣ дар ҳамдилию ҳамфикрист”,- гуфта буд ӯ дар яке аз суҳбатҳо.

Ҷанозаи Ҷунайдхон Ибодов имрӯз (26.07.22) соати 17:30 дар ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти Сангтӯда, деҳаи Сангтӯда, дар масҷиди марказӣ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *