Муҳассилини тоҷик дар олимпиадаи Олмон соҳиби 10 ҷоиза шуданд

Дар мусобиқаи зеҳнӣ аз фанҳои дақиқ, ки дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор шуд, Тоҷикистонро шаш нафар хонанда аз литсей барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд.

Онҳо соҳиби 4 медали тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ ва ҷои ифтихорӣ гардидаанд. Хонандагони болаёқати ин литсей аз фанҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ ва табиатшиносӣ дониши худро санҷида, соҳиби чунин мукофот гардидаанд.

Сурайёхон Неъматзода, директори муассисаи таълимӣ  гуфт, ки  олимпиадаи фаннӣ  23 — юми июл аз фанни математика ва  24 — уми июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷида, ғолиби олимпиада гардиданд.

Аз ҷумла, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи аввал ва медалҳои тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ соҳиби ҷойи 2 -юм ва медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи 3-юм ва медалҳои биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар умум дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардид, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *