Дарёфти ҷасади ҷавондухтар бо аломатҳои марги маҷбурӣ
Дар маҳаллаи 32 –юми шаҳри Хуҷанд ҷасади ҷавондухтари 21-сола, сокини ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар манзили иҷора ёфт шуд.
Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ӯ аз ҷониби ноболиғи 17-сола пас аз баҳси лафзӣ дар бораи муносибатҳои маҳрамона ба қатл расидааст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, гумонбар бо истифода аз ноқил ҷабрдидаро буғӣ карда, сипас бо корди хоҷагӣ ҳашт зарба задааст. Пас аз содир кардани ҷиноят, гумонбар кӯшиш кардааст ҷасадро бо курпа печонда, зери рахти хоб пинҳон кунад, аммо ин амал ӯро аз ҷавобгарӣ нараҳонид.
Дар робита ба ҳодиса нисбат ба гумонбар бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ ба шакли ҳабс татбиқ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ