Бинои нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд
Имрӯз, 19 август бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи расмии он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бинои нави асосии Раёсат аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст. Он дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шудааст.
Гуфта мешавад, ки бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.



Ҳамчунин, бинои тозабунёд дорои инфрасохтори мукаммал ва имкониятҳои фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад.
“Дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Таъкид гардид, ки бо ба истифода додани бинои нав, кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ