Тақсими 1 миллиону 700 ҳазор китоби “Шоҳнома” ба аҳолӣ оғоз ёфт

Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – “Шоҳнома”, ки бо иқдоми Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба табъ расидааст, дар кишвар оғоз гардид.

Бо дастури Сарвари давлат, ҳар як хонаводаи Тоҷикистон бояд нусхаи ин китобро дастрас намояд. Тақсим аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ мегардад.

Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳадаф аз он “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.

Китоби “Шоҳнома” дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха чоп шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *