Тоҷикистон барои болоравии рейтинги қарзӣ заминаи устувор фароҳам меорад

19 август раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо таҳлилгарони ширкати байналмилалии рейтингии “Moody’s Investors Service” мулоқоти маҷозӣ баргузор намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, устувории низоми молиявӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи баҳодиҳии навбатии рейтинги қарзии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

 Ҳамчунин, оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар ҳадди пешбинишуда ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки бо афзоиши эътимоди сармоягузорон ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ва такмили ислоҳоти сохторӣ, Тоҷикистон низ заминаҳои устувор барои таҳкими эътимод ва суботи молиявӣ фароҳам меорад. Ин омилҳо метавонанд дар баррасии навбатии рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар ба назар гирифта шаванд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории созанда ба ширкати “Moody’s Investors Service” изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои мусбат ва ислоҳоти амалишаванда дар арзёбии навбатӣ инъикос хоҳанд ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати байналмилалии “Moody’s Investors Service” аз 24 сентябри соли 2014 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *