Вазорати маориф: Фурӯши либос дар мактаб манъ аст
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри як изҳорот эълон кард, ки дар дохили муассисаҳои таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст.
Ба иттилои ниҳод, вазорат танҳо тарҳи либосҳоро тавсия медиҳад ва дар дӯхт, таъмин ё фурӯши онҳо иштирок надорад.
Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки шикояти волидайн аз маҷбур кардани онҳо ба хариди либоси мактабӣ аз ширкатҳои муайян зиёд гардидааст.
Мавзӯи маҷбур кардани волидайн ба хариди либоси мактабӣ аз ширкатҳои алоҳида чанд сол боз баҳсбарангез аст.
Мақомот пештар гуфта буданд, барои рушди саноати ватанӣ харид аз истеҳсолкунандагони тоҷикро тавсия медиҳанд, аммо волидон борҳо аз сифати пасти либосҳо шикоят кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ