Дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон
Замоне ки мо дар бораи мақому мартабаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба хизматҳои бесобиқа ба Тоҷикистони азиз дар Рӯзи Президент сухан мегӯем, пеши назарамон заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ дар мавриди масъалаҳои таҳкими истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, бунёди арзишҳои мондагори ниёгон ва рушди сиёсати нави хориҷии кишвар меояд.
Воқеан, Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ барои давлату миллати мо аҳамияти бузурги сиёсӣ ва рамзӣ дорад. Моҳияти сиёсӣ ва рамзии ҷашни мазкур барои ҷомеаи тоҷикистонӣ – ин рамзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳтирому эътирофи ниҳоди президентӣ, инчунин нақш ва саҳми бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки марҳилаи нави давлатдории муосири Тоҷикистон ба ташаккулёбии сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагиву пайвастагии амиқ дорад.
Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президент барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор ва саодатмандӣ мебошад. Бинобар ин, дар арафаи ҷашни Рӯзи Президент мехоҳам ибрози андеша аз дастовардҳои пурсамар ва бесобиқаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ дар давоми соли 2025 дошта бошам.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси салоҳияти конститутсионии худ самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, ҳамчун сарвари давлат Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ ва муаррифӣ менамоянд. Пешбурд ва роҳбарии сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти пурсамари Президенти кишвар ба ҳисоб рафта, дар раванди мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ ва муассир доранд.
Маҳз иштироки бевосита ва фаъоли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурд ва роҳбарии сиёсати хориҷии кишвар боис гардид, ки ӯро бо унвонҳои гуногун, аз қабили бунёдгузор, пешоҳанг, асосгузор ё дар ҷойи дигаре ҳамчун меъмори сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътирофу эҳтиром намоянд. Илова бар ин, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчуни сиёсати мутавозин, бисёрсамта, санҷидашуда ва муваффақ арзёбӣ менамоянд, ки Тоҷикистон бо истифода аз ин усули пешбурди сиёсати хориҷӣ борҳо комёб шудааст.
Бояд гуфт, ки афзалиятҳои сиёсати хориҷии дилхоҳ кишвар дар марҳилаҳои гуногун бо назардошти тағйирпазирии вазъи мавҷудаи низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва манфиатҳои миллии иштирокчиёни он метавонад тағйир ёбад. Раванди пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки афзалиятҳои он бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар борҳо тағйир ёфтааст, ки дар он нақши бунёдгузори сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим мебошад.
Дар раванди пешбурди сиёсати хориҷии кишвар дилхоҳ ташаббус ё масъалае, ки пеш меояд, маҳз иштироки бевосита, ҳузури фаъол ва роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис мегардад, ки масоили ҷойдошта татбиқи амалӣ ва ҳали бечунучарои худро ёбад. Зеро, зимни пиёда намудани ҳар як амали сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутавозинӣ, дурустӣ, баробарӣ ва эҳтиромро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ба назар гирифта, амал менамоянд.
Таҳлили фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ дар давоми соли 2025 нишон медиҳад, ки дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таърихӣ, моҳияти сиёсию амниятӣ, илмию фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ доштанд. Дар ин раванд масоили таъмини амнияти давлатӣ, ҳимояи манфитҳои миллӣ, масоили соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ ва дигар манфитҳои миллии давлатдории муосири мамлакатро бо кишварҳои дигар баррасӣ ва ҳимоя намуданд, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз таҷрибаи ғании сарвари сиёсии кишвари барои ҳалу фасли масоили болозикр ифтихор менамоянд.
Дар давоми соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дипломатияи дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии мамлакат ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва фазои ИДМ, минтақаи Ховари Миёна, Россия, Чин ва ИМА сафари корию расмӣ анҷом дода, дар нишасту вохӯриҳи сатҳи олӣ иштирок намуда, бо мавқеъгирӣ аз сиёсати хориҷии кишвар суханронӣ карда, бастаи санадҳои зиёди ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба имзо расониданд.
Илова бар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли 2025 як қатор президентҳо ва дигар ҳайатҳои расмии кишварҳои хориҷиро, ки бо сафарҳои корию расмӣ ва давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ ва ҳал намуданд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар соли 2025 маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидани “Шартнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар” ва “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ” буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳамчун маркази дӯстӣ ва муттаҳидии кишварҳои минтақа ба ҳисоб рафта, барои сулҳу субот ва рушди устувори минтақа нақши калидӣ дорад.

Дар соли 2025 ҳайати доварӣ Имзои созишномаҳои мазкурро ҳамчун дастоварди муҳим арзёбӣ намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барандаи Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой эълон намуд. Сарфароз шудани Пешвои миллат бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимияти хосса дорад.
Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли 2025 дар ҷаҳорчӯби дипломатияи бисёрҷонибаи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафар намуда, дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” ҳамчун идомаи талошҳои созандаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ муайян карда шуд. Илова бар ин, дар соли ҷорӣ президенти кишвар дар як қатор конфронсҳои байналмилалии СММ, ки кишварҳои аъзои он доир ба мавзуҳои муҳими мушаххас доир намуданд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммитҳои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони кишварҳои исломӣ, инчунин дар саммитҳои сарони кишварҳои аъзои қолабҳои дипломатии С5+1 (Чин), С5+1 (Италия), С5+1 (Иттиҳоди Аврупо) иштирок ва бо суханронии пурмуҳтаво баромад намуданд.
Масалан, 1-уми сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун платформаи муваффақ ва бонуфуз барои ҳамкории бисёрҷониба, ки дар шаҳри Тиенҷини Чин доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи ин саммит 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ба имзо расид, ки яке аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ба ҳисоб меравад.
Созишномае, ки дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ ба имзо расид, яке аз ташаббусҳои бевоситаи президенти кишвар буда, аз соли 2006 инҷониб ҷиҳати баррасӣ пешбарӣ шуда буд, ки аз ҷониби роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ якдилона қабул гардид ва он барои ҷонибҳо дурнамои нави ҳамкориро дар ин самт фароҳам меорад.
Илова бар ин, дар доираи дипломатияи бисёрҷониба 10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки ба марҳилаи нави ҳамкориҳо ва тавсеаи ниҳодҳои он мусоидат намуд. Дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи ин чорабинии сатҳи олӣ Душанбе мизбони Саммити Сарони кишварҳои қолаби дипломатии С5+1 (Россия) гардид, ки ин ҳама аз пешбурди дипломатияи бисёрҷонибаи фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Илова бар ин, дар доираи дипломатияи бисёрҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 2025 ба ИМА сафар намуда, дар дуюмин саммити сарони кишварҳои қолаби дипломатии С5+1 (ИМА) иштирок ва суханронӣ намуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфитаҳои миллӣ ҳимоя намуда, масоили ҳамкориҳои фарогирро баррасӣ намуданд.
Дар назар аст, ки то охири соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дипломатияи бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар дигар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз қабили Саммити сарони кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияи дастаҷамъӣ (дар Қириғизистон) ва ҳафтумин Машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (дар Ӯзбекистон) ва дигар чорабиниҳои муҳим иштирок ва суханронӣ намоянд.
Ҳамин тавр, нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди дипломатияи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар ниҳоят муҳим буда, дар соли ҷорӣ дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Дар доираи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад, Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби рӯзномаи махсуси СММ оид ба об гаштааст.
Бо талошҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2025 дар Душанбе конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об баргузор шуд, ки дастоварди муҳими ин самт арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои Президенти кишвар дар арсаи байналмилалӣ оид ба пешбурди мавзуҳои обу иқлим 30-юми майи соли 2025 аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, ки ин низ дастоварди муҳими дигар дар ин самт дониста мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дипломатияи фарҳангӣ барои баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон дар ҷаҳон, тақвияти равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва пешбурди манфиатҳои миллии худ фаъолона истифода кардааст.
Масалан, яке аз охирин дастовардҳое, ки дар ин самт бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, ин буд, ки 6-уми ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси умумии ЮНЕСКО қатънома зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки қатъномаи ЮНЕСКО аҳамияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, махсус таъкид месозад.
Ёдовар бояд шуд, ки ташаббуси мазкур тибқи дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардида буд, пешбарӣ шуд.
Соли 2025 дар доираи дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар дониста мешавад, бо ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии СММ оид ба зеҳни сунъӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» (25-уми июли соли 2025) қабул гардид. Тоҷикистон, ки дар арсаи байналмилалӣ бештар бо ташаббусҳои соҳаи об, иқлим ва амнияти ҷаҳонӣ шинохта мешуд, имсол бо ин иқдоми нав – ташаббуси танзими зеҳни сунъӣ – вориди як марҳилаи нави иштироки фаъол дар муколамаи ҷаҳонӣ гардид, ки дастовард ва самараи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Ташаббуси мазкур аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавқеи кишварро ҳамчун ташаббускори рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад. Дар доираи ин ташаббуси Пешвои миллат моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд. Дар назар аст, ки Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.
Дар доираи дипломатияи иқтисодӣ бошад, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 14-16-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир гардид, ки ҳадафи он муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Форум ба ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сармоягузории бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои соҳибкорие, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ҳавасманданд, равона гардида буд.
Бояд қайд намуд, ки Баргузории чунин форуми сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии имконияти сармоягузории мамлакат, таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобили судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва боло бурдани нуфузи сармоягузории Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Хулоса, таҳлилу таҳқиқи фаъолияти пурсамар дар самти сиёсати хориҷӣ дар соли 2025 нишон дод, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хизмату заҳматҳои бесобиқа намуда, барои миллату давлати мо ба дастовардҳои муҳим ноил шуданд. Маҳз маҳорати баланди касбии идоракунӣ, далерӣ, шуҷоатмандӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсии сарвари давлати тоҷикон боис гардид, ки Ҷаноби Олӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ шуҳрату эътибор пайдо намояд.
Имрӯзҳо сарвари сиёсии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президентҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва мардуми шарифи Тоҷикистони азиз эҳтирому эътирофи хоссаро касб намудаанд, ки дар ҷашни Рӯзи Президент боиси ёдоварӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад.
Ҷашни Рӯзи Президент, ки иди ягонагӣ ва муттаҳидии мардуми мо ва кулли тоҷикони ҷаҳон мебошад, муборак бошад!
Парвиз МУҲАММАДЗОДА,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ