Депорт шудани донишҷӯёни қазоқ

Мақомоти Миср шаш донишомӯзи қазоқро, ки сар аз 19 июл дар боздошт буданд, ба ватанашон депорт кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Анвар Жайнақов рӯзи 2 август дар Фейсбук навишт, ки мақомоти Миср шаш донишҷӯро ба фурӯдгоҳи байналмилалии Қоҳира оварданд то онҳоро ба Қазоқистон фиристанд.

Ба гуфтаи ӯ дипломатҳои Қазоқистон низ барои мулоқот бо донишҷӯён ба фурӯдгоҳ рафтанд.

Якчанд акси донишҷӯён ва мақомоти Қазоқистон дар Фейсбук нашр шуд.

Жайнақов афзӯд, ҳанӯз ҳам маълум нест, ки чаро мақомоти Миср ин нафаронро боздошт карданд.

Рӯзи 1 август Қазоқистон ба Миср нотаи эътирозӣ фиристод ва талаб кард, ки боздоштро шарҳ диҳад. Шаҳрвандони Қазоқистон барои давраи омӯзиши забон ба Миср рафта буданд ва дар Қоҳира зиндагӣ мекарданд. Дар нота ҳамчунин тақозо мешуд, ки Миср ба мулоқоти дипломатҳои қазоқ бо боздоштшудаҳо иҷозат диҳад.

Жайнақов қаблан гуфт, ки донишҷӯён ба тундгароии мазҳабӣ рабт надоранд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар солҳои ахир садҳо шаҳрванди кишвар бо ҳадафи гаравидан ба гурӯҳҳои тундрави Сурияву Ироқ ба Ховари Миёна рафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *