Кӯдаки тоҷикро роҳбалади рус аз марг наҷот дод

Дар фурудгоҳи шаҳри Екатеринбурги Русия роҳбалад (бортпроводник)-и ширкати «Уральские авиалинии” як кӯдаки тоҷикро, ки бемории диққи нафас (астма)-аш хуруҷ карда буд, аз марг наҷот додааст. Кӯдакро аз парвоз ба Хуҷанд боздошта, ба бемористон фиристодаанд.

Роҳбалад (бортпроводник)-и ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии” Михаил Коломоетс дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия як кӯдаки тоҷикро, ки ҳамроҳи падараш бояд бо ҳавопаймои «Уральские авиалинии” ба Хуҷанд парвоз мекард, аз марг наҷот додааст. Коломоетс аз ҷумлаи роҳбаладони ҳавопаймое буд, ки бояд ин оиларо ба Хуҷанд мерасонд.

Маълум шудааст, ки қабл аз парвоз бемории диққи нафас(астма)-и ин кӯдак хуруҷ кардааст.

Михаил Коломоетс дар сӯҳбат бо нашрияи маҳаллии Е1.РУ гуфт: «Як мусофири тоҷик давида омада гуфт, ки аҳволи писараш бад шудааст, ёрӣ диҳед. Вақте ман пешаш омадам, дидам, ки кӯдак алакай кабуд шуда буд. Набзаш гум шуда буд. То замони дубора ба кор даромадани қалбашу омадани табибон ман қалбашро масҳ (массаж) кардам ва нафаси сунъияш додам.”

Михаил Коломоетс гуфт, ҳангоми омӯзиши касби роҳбаладӣ як ҳафта шеваҳои расондани кумаки оҷили реаниматсиониро омӯхта буд ва ба ин далел, вақти расондани ёрӣ ба ин кӯдаки тоҷик худро гум накард.

Як шоҳиди ҳодиса ба нашрияи «Е1.РУ” гуфт, волидони кӯдак бо худ сӯзандоруву дармони лозим барои ҳолатҳои хуруҷи астмаро доштанд, вале доруро гузаронда натавонистаанд: «Кӯдак нафасгир мешуд. То вақте ки табибон мерсиданд, бояд оҷилан коре мекардам, чунки кӯдак алакай нафас намекашид. Дар он наздикӣ роҳбаладони ҳавопаймое, ки ин оила бояд парвоз мекард, истода буданд. Аз онҳо ёрӣ хостанд. Ва ин мард не нагуфт. Офарин ба ӯ!”

Баъди расондани ёрии аввалияи тиббӣ ин кӯдаки тоҷикро аз парвоз ба Хуҷанд боздошта, ҳамроҳи падараш ба яке аз бемористонҳои Екатеринбург фиристодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *