Чаро нархи пиёз гарон аст?

Кооперативи тиҷоратии ба номи Аввалмурод Кенҷаеви шаҳри Ваҳдат дар замони истиқлолият ва пеш аз он ҳам  бо истеҳсоли пиёз ва тухмии он  машҳур гардида, барои ба танзим даровардани нархи пиёз дар бозорҳои шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе мусоидат менамояд. Тибқи иттилои  сардори хоҷагии мазкур Муродалӣ Маҳмадалиев, онҳо имсол дар майдони 61 гектар гандум, 6 гектар картошка, 30 гектар пиёз ва 7 гектар дигар намуди сабзавот кишт намуда, то имрӯз ба бозор бо нархи арзон зиёда аз 150 тонна пиёз ворид намудаанд.
Ба гуфти Муродалӣ Маҳмадалиев, нашъунамои пиёз имсол хуб буда, онҳо ният доранд моҳҳои наздик истеҳсоли пиёзро ба 500 тонна  расонанд.
Муродалӣ Маҳмадалиев оид ба баланд гардидани нархи пиёз дар бозорҳои ҷумҳурӣ зикр намуд, ки «яке аз сабабҳои асосӣ дар солҳои гузашта арзон будани нархи пиёз буд. Аз ин хотир  пиёзкорони ҷумҳурӣ  имсол кам пиёз коштанд. Инчунин истеҳсоли пиёз нисбат ба дигар намуди  сабзавот мушкил  мебошад ва хароҷоти зиёд талаб мекунад. Солҳои охир номусоид омадани боду ҳаво ва гарон будани заҳрхимикатҳою сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии  техникаҳо истеҳсоли пиёзро боз ҳам мушкилтар гардонид».

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *