Доналд Трамп: Фикр мекунам, ки Путин омодаи тавофуқ аст
Доналд Трамп дар остонаи вохӯриаш бо Владимир Путин гуфт, фикр мекунад Президенти Русия омодаи тавофуқ барои поён додан ба ҷанг дар Украина аст. Қарор аст роҳбарони Амрико ва Русия имрӯз, 15-уми август дар иёлоти Аляска вохӯранд.
Доналд Трамп як рӯз пеш аз ин вохӯрӣ дар суҳбат бо радиои Fox News гуфт, агар вохӯрӣ бо Путин хуб пеш равад, пас аз он бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва роҳбарони Аврупо тамос хоҳад гирифт.
Президенти Амрико афзуд, ҳадаф аз музокирот бо Путин тартиб додани як ҷаласаи дуввум бо ҳузури Украина аст. “Намедонам, ки оё мо ба як оташбаси фаврӣ даст хоҳем ёфт ё хайр”, – гуфтааст Доналд Трамп.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ