“Энсиклопедияи Фархор” кай чоп мешавад?

Соли 2011 бо ташаббуси бевоситаи шумо муҳтарам раис, китоби “Энсиклопедияи Фархор” ба табъ расонда шуд, ки он туҳфае буд ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Азбаски китоби номбурда дар зарфи 4 моҳ таҳия шуда, як қатор факту далелҳои таърихӣ, шахсиятҳои зиёде, ки хизматашон дар назди мардуми ноҳия намоён буд, аз назари гурӯҳҳои корӣ ва муаллифону таҳиягарон дур монд. Бар замми ин, соли 2013 бостоншиносон дар мавзеи Мазори Чилтанбобо ёдгориҳое ёфтанд, ки аз таърихи 4400-солагии Фархор башорат медиҳанд.

Бо дарназардошти ин, 11-уми декабри соли 2014 таҳти № 1198 қарори раиси ноҳия қабул шуд, ки бояд китоби номбурда аз нав бо такмилу таҳрир нашр карда шавад. Дар асоси қарори мазкур муаллиф Аскар Абдусамадов китобро чанд бор бо факту далелҳои нав пурра сохт. Ҳоло ба ифтихори ҷашнҳои таърихии дарпешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 90-солагии таъсисёбии ноҳия он ба чоп омода карда шудааст.

Мо аз он огоҳӣ дорем, ки шумо низ нашри дуюми ин китобро маъқул донистаед. Акнун мо – аҳли фарҳанги ноҳия, дар интизори он ҳастем, ки шумо дар нашри дуюми он боз саҳми худро мегузоред.

М. Ҳабибов, Х. Шоимардонзода ва 18 имзои дигар аз ноҳияи Фархор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.