Дар Данғара ба сегоникҳо говро бо гӯсолааш туҳфа карданд

Аз номи мақомоти ноҳияи Данғара ба Зулҳия Буттаева, ки дар Рӯзи модар сегоник ба дунё овард, гову гӯсола тӯҳфа шудааст.

Тавре ки Pressa.tj хабар ёфт, 7 –уми декабри соли равон дар деҳаи Остонаи ҷамоати деҳоти Лолазор модари 35 –сола Зулҳия Буттаева сегоник ба дунё овард. Сегоникҳо як писару ду духтар мебошанд. Волидайни ин тифлакон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ менамоянд.

Ба муносибати Рӯзи модарон намояндагони мақомоти ноҳияи Данғара ба волидайни ин тифлакон як сар гови ширдеҳ бо гӯсолааш тақдим намуданд.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз ҳадя намудани чорво ба ин оила, зиёд намудани саршумори чорво дар деҳоти дурдасти ноҳия ва хуб намудани шароити зиндагии оилаҳои ниёзманд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *