ФИФА мавқеи мунтахаби Тоҷикистонро як зина боло бардошт

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол  (ФИФА) 1 июн феҳристи нави ҷойгирии мунтахабҳои миллиро манзур гардонд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии  Федератсияи футболи кишвар (ФФТ) дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар қиёс бо моҳи гузаштаяк зина баланд шуда, акнун 137-умин ба шумор меравад. Чун дар моҳи сипаришуда мунтахаби Тоҷикистон 205 хол гирифта, дар байни дастаҳои мунтахаби минтақаи Осиё мақоми 24-умро гирифтааст.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии қарибулвуқӯи худро дар чорчӯбаи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо мунтахаби   Филиппин, ки дар феҳристи ФИФА 126-ум мебошад, мегузаронад. Вохӯрӣ 13 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 21:00 баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *