“Искандар” аз Лоҳур ба Ҳарбмайдон парид

  Рӯзи 1 июн дар ҷараёни машқҳои «Душанбе -Антитеррор-2017” нирӯҳои Русия аз тамрингоҳи Лоҳур як мушаки «Искандар-М”-ро партоб карданд.

 Ин мушак пойгоҳи гурӯҳи шартии террористиро дар масофаи 140 километр дуртар аз Лоҳур нобуд кардааст.Ярослав Рошупкин, сухангӯи ҳавзаи низомии марказии артиши Русия гуфт, ин кишвар рӯзи 1 июн дар ҷараёни машқҳои «Душанбе -Антитеррор-2017” барои бори аввал шабакаи мушакии «Искандр-М”-ро дар хориҷ истифода бурд. «Душанбе -Антитеррор-2017” нахустин машқи муштаракест, ки Маркази зиддитеррористии СНГ доир мекунад.Ба гуфтаи полковник Рошупин, як мушаке, ки тавассути шабакаи «Искандар-М” аз тамрингоҳи Лоҳур дар ҷанубуғарби шаҳри Душанбе партоб шуд, ба баландии 100 километр рост шуда, тавонистааст пойгоҳи гурӯҳи шартии террористиро дар ҳудуди тамрингоҳи Ҳарбмайдон, ки аз Лоҳур 140 километр дуртару дар 15-километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир шудааст, нобуд кунад.Ярослав Рошупкин гуфт: «Шабакаҳои мушакии «Искандар-М” барои бори аввал дар як машқ дар хориҷ аз Русия истифода шуда, бо як мушаки баллистикӣ издиҳоми «ҷангҷӯён”-ро маҳв карданд. Нуқтаи партоби мушак дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон 140 километр дуртар аз ҳадаф ҷойгир шуда буд. Мушаки баллистикӣ ба баландии 100 километр парвоз карда, урдугоҳи тамринӣ ва ситоди махфии ҷангҷӯёни шартиро аз байн бурд.”Рӯзи 1 июн дар давоми машқҳои «Душанбе -Антитеррор-2017” ҳамчунин аз ҳавопаймоҳои ҷангии ТУ-22М3 ва шабакаҳои оташандози «Ураган” истифода шудааст. Русия ҳафтаи гузашта эълон кард, ки нирӯҳои пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистонро бо як дивизиони шабакаҳои оташандози «Ураган” тақвият додааст.Ярослав Рошупкин гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва шабакаҳои «Ураган” дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон боқимондаҳои ҷангҷӯёни шартиро, ки баъди зарбаи мушаки «Искандар-М” рӯ ба фирор оварда буданд, нобуд кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *