Фолбинеро дар Душанбе 6-ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

Мардеро дар Душанбе барои ба фолбинӣ машғул шудан боздошт карданд. Дар ин бора ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ,  Маҳмадсодиқӣ Ширинови 58-сола, сокини шаҳри Душанбе дар ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд.

Ба навиштаи мақомот, зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда муддатест машғул шудан ба фолбиниро пешаи худ намуда, “дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул ва амалҳои хурофотиро иҷро намуда, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст”.

 Нисбат ба Ширинов М., бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6-ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон натанҳо фолбинҳо ҷарима мешавад, бал ки муштариёни онҳо ҳам ҷарима мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *