Футболбозони маъруфи амрикоӣ ба Тоҷикистон омаданд
Дар шаҳри Ҳисор бозии дӯстонаи футбол миёни наврасони тоҷик баргузор гардид, ки онро ду футболбози маъруфи амрикоӣ ҳакамӣ карданд.
Тони Санне ва Лорри Фэйр, ситораҳои собиқи футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 16 майи соли 2026 ба Тоҷикистон омада, бо футболбозони навраси тоҷик дидору мулоқот ва бозии дӯстона анҷом доданд.
Ин сафар бо даъвати Сафорати Амрико дар Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи он рушди варзиш, таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ҷавонони ду кишвар арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин, ин ташаббус ба муносибати баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол ва таҷлили 250-солагии истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳандозӣ шудааст.


Қобили зикр аст, ки Тони Санне ва Лорри Фэйр солҳои 1990-2000 дар ҳайатҳои мунтахаби футболи Амрико ҳунарнамоӣ кардаанд. Ҳоло онҳо дар ИМА ба омӯзиши футбол миёни наврасон машғул мебошанд.
Лорри Фэйр зимни мулоқот бо наврасони тоҷик гуфт, ки худро дар симои онҳо мебинад:
«Ман ҳам мисли онҳо аз кӯдакӣ футболро дӯст медоштам. Мо духтарону писарон якҷо бозӣ мекардем ва ҳар бохт барои ман хеле сахт буд».


Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Карсон Релитс Рокер таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи варзиш, балки дар бахшҳои иқтисод, тандурустӣ ва амният низ ҳамкориҳои фаъол дорад.
Муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов гуфт, ҳузури чунин варзишгарони маъруф барои наврасон таҷрибаи муҳим буда, ба таҳкими дӯстии ду миллат мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, футбол забони умумии дӯстист, ки мардумони дорои фарҳангу наслҳои гуногунро ба ҳам меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ