«Сайри ҳазорманӣ» – сайри шоирона дар олами ишқу маърифат
Даврон Давлат аз ҷумлаи эҷодкоронест, ки бо муҳаббати самимӣ ба адабиёт вориди олами шеър гардида, имрӯз бо маром дар ин роҳ гом мебардорад. Ӯ зодаи хиттаи фарҳангпарвари Хатлон буда, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хамт кардааст. Ҳарчанд фаъолияти касбии ӯ ба шеър ва адабиёт иртиботи мустақим надорад, аммо ишқу иродат ба каломи бадеъ Даврон Давлатро ҳамеша ҳамроҳӣ мекунад.
Чанде пеш китоби дуюми ашъори ӯ бо номи “Сайри ҳазорманӣ” ба табъ расид. Муҳаррири китоб шоири шинохта Хайрандеш буда, шеърҳо ба ҳуруфи форсӣ аз ҷониби донишманди фарҳехта Мубашшир Акбарзод баргардон шудаанд. Ҷолибияти дигар ин аст, ки китоб ҳам бо алифбои тоҷикӣ ва ҳам бо хатти ниёгон нашр гардидааст. Ин иқдом на танҳо эҳтиром ба мероси адабӣ, балки талошест барои пайванди наслҳо ва эҳёи завқи мутолиаи осори классикӣ.
Дар китоби нахустини шоир низ таъкид мешавад, ки муҳаббат ба шеър дар вуҷуди ӯ аз айёми донишҷӯӣ реша гирифтааст. Даврон Давлат бо мадади омӯзгорон ва аҳли адаб алифбои шеърро омӯхта, махсусан ба илми арӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст.
Шоир тавонистааст мақсаду мароми худро бо забони сода ва таъсиргузор ба хонанда расонад. Агар китобҳои ӯро муқоиса кунем, равшан эҳсос мегардад, ки ҳунари шоир рӯз ба рӯз такомул меёбад. Ӯ ҳанӯз ҳам меомӯзад ва пайваста дар такмили маҳорати сухангӯии худ талош дорад.
Маҷмуаи “Сайри ҳазорманӣ” аз 216 саҳифа иборат буда, 89 ғазал, як мусаддас, як суруд ва даҳ шеърро дар бар мегирад.
Ғазалҳои ӯ саршор аз ишқанд – ишқи ёру диёр, ишқи миллату фарҳанг, ишқи муқаддасоти миллӣ ва муҳаббат ба инсон. Барои ӯ шеър танҳо бозии калимаҳо нест, балки ниёзи рӯҳ, василаи баёни эҳсос ва роҳи худшиносист.
Бисёре аз чокомаҳои Даврон Давлат оҳанги табиӣ доранд ва метавонанд барои суруд эҷод кардан бисёр муносиб бошанд. Ин хусусият аз завқи баланди шоир ва эҳсоси нозуки ӯ нисбат ба калом дарак медиҳад. Масалан, дар ин байтҳо эҳсоси ифтихор аз забон ва миллат хеле равшан ифода ёфтааст:
Шаҳду ангубин бирезад ҳамма аз забони тоҷик,
Ба ягон масал нағунҷад касе шарафу баёни тоҷик.
Ё:
Ҳама дар арени ҳайрат зи адолату барораш,
Зи тавони кирдигор аст табъу тавони тоҷик.
Бештари шеърҳои маҷмуа мазмуни иҷтимоӣ доранд. Шоир дар онҳо масъалаҳои ахлоқ, худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва қадршиносии арзишҳои миллиро матраҳ месозад. Ӯ бар ин назар аст, ки инсон танҳо бо саъю талош метавонад ба саодати зиндагӣ бирасад. Ин андеша дар аксари чокомаҳои ӯ ба таври возеҳ эҳсос мешавад.
Дар баробари ин, шеърҳои Даврон Давлат рӯҳияи шукрона доранд. Ӯ хонандаро ба худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Аз ҷумла, васфи Пешвои миллат дар баъзе чокомаҳои шоир бо эҳсоси самимӣ ва арҷгузорӣ баён шудааст:
Нур меборад зери рӯяи ҷонфидои Пешво,
Файз меорад ҳузурат ҳар куҷо, эй Пешво.
Муҳимтар аз ҳама, Даврон Давлат даъвои шоирӣ надорад. Барои ӯ шеър василаи оромиши рӯҳ ва ҳамнафаси зиндагист. Ӯ бо шеър шодӣ мекунад, бо шеър андӯҳашро баён месозад ва бо шеър роз мегӯяд. Шеър барои ӯ ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагист.
Маҷмуаи “Сайри ҳазорманӣ” китобест хонданӣ ва пурмуҳтаво. Ҳар хонанда метавонад аз мутолиаи он маънӣ ва эҳсоси тоза бардорад. Бешубҳа, ин китоб барои дӯстдорони каломи бадеъ туҳфаи арзишманд хоҳад буд.
Ҷамолиддини Фахриддин,
журналист

Маълумотнома
Нурзода Даврон роҳбари ҷавон дар соҳаи энергетика ва муаллифи се китоби бадеӣ – «Баҳорак», «Сайри ҳазормаънӣ» ва «Шаҳнишин» мебошад. Ӯ 11 феврали 1985 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст.
Фаъолияти худро аз ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» оғоз намуда, дар зинаҳои гуногун, аз назоратчӣ то роҳбар таҷриба андӯхтааст. Солҳои гуногун вазифаҳои муовини сардор ва сипас сардори шабакаҳои барқии ноҳияҳои Сино ва Фирдавсиро ба уҳда дошт. Аз соли 2021 то имрӯз роҳбарии Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр»-ро бар дӯш дорад. Оиладор буда, соҳиби чор фарзанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ