Устод Лоиқ-ҳампари шаҳбоз
Ман шеъри устод Лоиқро бидуни иғроқ дар як пояи нардбони ҳунар бо Фурӯғи Фаррухзод, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ ва дигар нобиғагони шеъри муосир қарор медиҳам. Ин чанд ситорае, ки гуфтам, барои ман яке наздику дигар дур аст. Рӯшантарин ситорае, ки ҷазби гарму покашро ҳамеша эҳсос мекунам, шеъри устод Лоиқ аст.
Ман устод Лоиқро рӯзгоре, ки мактабхон будам, аз «Марди роҳ»-аш шинохтам. То он давра маҷмуоти «Сари сабз», «Соҳилҳо», «Резаборон»-ро хонда будам. Аммо «Марди роҳ» барои ман роҳи нуронии ношинохта, роҳи рафтан ба аслҳо ва дарёфти ҳақиқатҳо, роҳи сафеди муъҷизаҳоро, ки номаш Шеър аст, боз кард. Шеъри Лоиқ шеъри мубҳаму мавҳуми руъёӣ нест, шеъре нест, ки дуррафтае аз он суд бардораду навроҳае то он расидан натавонад. Ин шеъри заминии ҳамагонӣ ва ҳамзамон баланду воло аст, ки ҳар ки аз он ба қадри тавон чизе меҷабад. Ҳам барзгари камсавод ва ҳам муҳаққиқи гавҳаршинос…

Устод Лоиқ ба шеъри тоҷик бисёр муҷаҳҳаз омад ва тӯшааш раҳ ба раҳ боз ҳам пурбортар шуд. Пуштвонаи қавии ӯ кутуби муқаддас ва аввалтар аз ҳама Каломи Шариф, адабиёти классикӣ, хоса, ашъори ирфонӣ ва фарҳангу луғоти пешин буд. Устод аз осори дигар бузургони ҷаҳон низ фаровон баҳра бурда буд ва дар авоили ҷавонӣ Есенин, Гёте, Гейне, Уитменро тарҷума карда буд. Дигар чароғи ҳидояте, ки устод дошт, эҷоди шифоҳии мардум буд. Устод ҳамвора ин ганҷи парешонро меандӯхт. Ӯ дар як вақт ҳам «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ мехонду ҳам «Алифбо»-и синфи 1-ум, зеро намехост, ки дар анбуҳи вожаҳои китобӣ аввалин калимоти ширини фасли кӯдакиро аз ёд барад. Устод Лоиқ аз беҳтарин бозёбҳои шеъри муосири Эрон низ ба комилӣ огаҳӣ дошт. Ва ниҳоят ӯ аз мактаби инсонӣ ва шоирии устод Турсунзода сабақ гирифт, ки ҳарфи заминӣ гуфтан, ашё, ҳодиса, инсонро дар шеър ҳузури зинда додан ва муҳаббати гарму эътиқоди содиқонаро ба зиндагӣ дар худ ҳифз кардан буд.
Шеъри устод Лоиқ, ки аз ҳамин қадар сарчашмаҳо об нӯшидааст, чӣ шеърест? Устод дар як вақт ҳам дар сари маъниву муҳтаво, ҳам дар забону вожабандӣ, ҳам дар шаклу жанр дар шеъри тоҷик таҷрибаҳои бесобиқаи комгорона кард. Ғазали Лоиқ ғазали махсуси ӯст, ки аз ғазалиёти шуарои дигар мутафовит аст. Дубайтиву рубоӣ, қитъаву чаҳорпора ва шеъри сафеди ӯ низ ҳамчунинанд. Сабки рӯшани устод Лоиқ, хутути нуронии ӯ ҳамеша зоҳир аст.
Фарзона,
Шоири халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ