Шоири абадзинда. Бахшида ба 85-солагии устод Лоиқ

Кӣ аз шумо, дӯстони азиз, дар деҳи Мазори Шариф будааст ва онро дидааст? Ман беҳуда таъкид бар он намекунам, кӣ будааст ва дидааст, зеро будану надидан бештар аст нисбат ба будану дидан… Агар будааст, пас пуштаҳои ҳамвору махмалинро, ки аз дур чун болинҳои нарму мулоим ба назар мерасанд ва дил мехоҳад, ки ба рӯяшон сар бимонию ба хоб равӣ, обшори обшоронро, ки таронасароён тора-тора ҳарири шеърро мебофанд, ҷангали Лайлоро, ки ҳамчун оғӯши оромибахш ба сӯяш мехонад ва сипеҳри кӯҳи Чилмеҳробро, ки бо сарбаландиҳои пурифтихораш касро ба сари таъзим фуруд овардан ва ба саҷда кардан вомедорад ва баробари суҷуд туро ба сууд, яъне ба осмонҳо мебарад, зеро Инсон танҳо дар ҳоли суҷуд, яъне сар фуруд овардан ба бузургии Худованд ва офаридаҳои ӯ, сар фаро меоварад ба осмони малакут, яъне ба ҷойгоҳи Ӯ ва агар ҳамаи инро дидааст, пас чӣ гуна дарёфтааст?! Оё дарёфтааст, ки сар фуруд овардан сар фаро бурдан аст…

Мо ҳамаи ин офаридаи пур аз зебоии асрорангез ва шукӯҳмандии ифтихорбахшро, ки Худованд танҳо бо як «мавҷуд шав» гуфтанаш халқ кардааст, мебинем ва ба қудрати Ӯ сар фуруд меоварем, зеро Ӯ бо як сухан зеботарин ва бузургтарин мавҷудотро офаридааст, аз ҷумла пуштаҳоро, обшоронро, Мазори Шариф, ҷангали Лайло ва қуллаҳои Чилмеҳробро…

Мо сар фуруд меоварем ба ин қудрат ва сар фаро меоварем, ки Ӯ ба офаридаи худ – Инсон чашме додааст, ки ин зебоиҳоро бубинад, диле додааст, ки онҳоро дӯст дорад, ақле додааст, ки асрори онҳоро дарёбад ва забоне додааст, ки рози онҳоро гӯяд ва ситоиш кунад…

Дар акс: Раҷаб Амонов, Атахон Сайфуллоев, Ҷалол Икромӣ, Аскар Ҳаким, Раҳим Муқимов, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Гулрухсор, Лоиқ

Ва ин офаридаи муъҷизакори Ӯ шоир устод Лоиқ Шералӣ ном дорад. Ва ба ӯ рисолат дода шудааст, эъҷози суханварӣ дода шудааст, ки ин офаридаҳоро бо сухан нигорад ва ситояд. Ва ӯ вақте ки ба обшор менигарад, мегӯяд:

Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро…

Ва вақте ба кӯҳи Чилмеҳроб менигарад, хитоб мекунад:

Ало, эй кӯҳи Чилмеҳроб, ало эй саҷдагоҳи ман,

Ба гардун мерасад аз фахри дидорат кулоҳи ман.

Ва Худованд ба ӯ баробари чашми бино, ки ин зебоиҳо ва бузургиҳоро бубинад, диле додааст, ки ҳиссиётҳои наҷиб – меҳрубониву дӯстдорӣ, раҳму шафқат, инсондӯстиву дардошноиҳоро эҳсос ва бозгӯ бикунад. Ва устод Лоиқ Шералӣ ин рисолатро дар шеъри садаи бисти тоҷик ба таври аъло ба ҷо овардааст.

Бинобар ин, вақте ман бипурсам, ки беҳтарин шеърро дар бораи модари тоҷик ва муҳаббати ӯ дар садаи бист кӣ гуфтааст, ҷавоб ин хоҳад буд, ки устод Лоиқ:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният…

Ва агар бипурсам, беҳтарин шеърро дар бораи бачагии деҳотии мо дар садаи бист кӣ гуфтааст, ҷавоб ин хоҳад буд, ки устод Лоиқ:

Бачагиям бекасу танҳо гузашт,

Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт.

Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт…

Ва агар бипурсам, ки беҳтарин шеърро дар бораи ҷавониҳои ошиқдил кӣ гуфтааст, ҷавоб ин хоҳад буд, ки устод Лоиқ:

Аз дур ошёни туро ёд мекунам,

Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.

Ва агар бипурсам, ки беҳтарин шеърро дар бораи ҷавонмарди ҷавонмарги тоҷик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудааст, кӣ гуфтааст, ҷавоб ин хоҳад буд, ки устод Лоиқ ва ҷамъбасти шеъри «Суруди хайрбод»-ро хоҳем хонд, ки ҷанговар пеш аз он ки худро ба ДЗОТ-и оташфишон партофта, роҳи тирро гирифта, ҳалок шавад, мегӯяд:

Ҷомаи домодии манро ту пӯш, эй додарам!

Ва ҳамин тавр ман боз суолҳои дигар диҳам, ки беҳтарин шеърҳоро дар бораи худогоҳии миллӣ, гиромидошти таърих, фарҳанг ва забони модариамон, ҷонгудозтарин шеърҳоро дар бораи ҷанги бародаркуш, азобу уқубати миллат ва шоир кӣ гуфтааст, боз ҷавоб ин хоҳад буд, ки устод Лоиқ:

Дили ман, эй дили бечораи ман,

Дили ғампарвару ғамхораи ман.

Туро сад пора хоҳад кард охир,

Ғами ин миллати садпораи ман!

Ва ё боз бипурсам, ки фараҳбахштарин шеърҳоро ба бахти мардуми тоҷик, дар бораи оштии миллӣ кӣ гуфтааст, боз ҷавоб ин хоҳад буд, ки устод Лоиқ:

Нури ҳақ бар диёри мо омад,

Раҳми парвардигори мо омад.

Бузургтарин хидмати устод Лоиқ дар шеър чист ва чист, ки ӯро дар шоирӣ бузург мекунад? Бузургтарин хидмати ӯ дар ин аст, ки асли зиндагиро бо ҳама пастобу хезобҳояш, баландиву пастиҳояш, печу хамҳояш, содагию мураккабиҳояш, нармиву дуруштиҳояш, гармиву сардиҳояш, хулоса, бо ҳамаи якрӯӣ ва чандрӯиҳояш ба тасвир гирифт. Шеъри ӯ, ки маншаъ аз зиндагӣ гирифт, ба зиндагӣ рафт, дар ҳамаи лаҳзаҳои зиндагиамон ҷой гирифт, дар тӯю сур, дар ҷашну бузургдоштҳо, дар утоқи айвонҳою лавҳаҳои ёдгор, хуллас, дар ҳамаи ҷо бо мо, бо мардум буд ва ҳаст.

Дигар аз эъҷозкориҳои устод Лоиқ дар забони ӯст, дар услуби хуросонии шеъри ӯст, ба он содагии пурмаъноӣ ва зебоии дилнишинаш.

Ӯ ба забони шоиронаи мардум сухан мегӯяд, забони шоиронаи мардум таъкид мекунам, на забони одӣ. Вақте ба забони мардум сухан мегӯед, дар забони мардум менишинед. Бинобар ин, шеъри устод Лоиқ дар забони мардум аст. Ин сабкро шеършиносон саҳли мумтанеъ мегӯянд, яъне осоннамои душворписанд. Устоди ин сабк ҳазор сол қабл аз ин устод Рӯдакӣ буд ва дар садаи бист устод Лоиқ аст.

Дар шеъри устод Лоиқ уқёнуси зиндагӣ мавҷ мезанад, уқёнус, ки мавҷ мезанад, ҳамеша тоза ва ҷовидон аст.

Аммо кори шоир танҳо тасвири ин уқёнус нест, кори ӯ аз қаъри ин мавҷ, аз қаъри уқёнуси замин то авҷи уқёнуси само барои инсофу адолат бо зиндагӣ ва ҳатто бо қазову қадар панҷа бар панҷа андохтан аст. Устод Лоиқ дар бораи шоири исёнгар Умари Хайём, ки худро вориси ӯ медонист, бисёр олӣ ва зебо гуфтааст, гӯё ки дар бораи худ ҳам гуфтааст:

Ӯ шоирест бо фалак овез кардааст,

Дар теғи офтоб қалам тез кардааст.

Ин аст сарнавишти устод Лоиқ, шоири абадзинда!

Аскар ҲАКИМ,

Шоири халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *