Ҷасорати Лоиқ. Аз “Лоиқнома”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон
Тоҷикон бесаводанд
Рӯзе дар газетаи марказӣ суҳбати мухбире бо раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Маҳмадулло Холов чоп шуд. Раис ба пурсиши мухбир посух гуфта, фармудааст: «То Инқилоби сусиалистии Октябр дар Тоҷикистон як босавод буд, ин мулло буд. Баъди Инқилоб як бесавод монд, ин ҳам ҳамон мулло». Ва ҷавонон баъди хондани ин суҳбат гирд омаданд, муҳокима карданд ва роҳи бинои Шӯрои Олиро пеш гирифтанд…
Моро аз дари Шурои Олӣ наронданд, балки пазируфта дар толори азиму фарох ҷой доданд ва як занаки сиёҳи абрӯвонаш сиёҳтар аз пусташ, ба дастон дастпӯшаки сиёҳи тӯрӣ кашида, ба толор ворид гашт ва аз мо пурсон шуда, ки мақсад аз омадани мо чист? Мо низ аз ӯ суол кардем, ки кист? Посух дод, ки котибаи раиси Шӯрои Олӣ. Гуфтем: «Мо ба шумо кор надорем, худи раис биёянд». Ӯ гуфт: «Шумо арзатонро гӯед, ман ба раис расонам, он кас тайёр шуда назди шумо биёянд». Мо, ки паймон ба ҳам баста омада будем, ба пурсиши занак чизе нагуфтем. Занаки пурнозу танноз, ки шеваи туркӣ дошт, аз вохӯрӣ бо мо қонеъ нагашта, дафтари овардаашро бардошта рафт. Мо ятимони мактаб-интернатро мемондем, ки дар як синф нишаста, омадани муаллими навро бо тарсу ҳарос нигарон бошанд, ки муаллими ноошно чӣ гуна кас бошад. Хеле нишастем. Дурусттар нигарем, аллакай дар байнамон касони ноошно низ буданд. Хомӯш будем. Ба якдигар ба имову ишора ва ҳавойи лаб сухан мекардем ва баногӯшӣ, ки дар қабатҳои девор, миёни қандилҳо ва таги мизҳо суханчинакҳо монда бошанд ва гуфтаҳои моро менавишта бошанд. Он солҳо ҳамин гуна тарс дар вуҷуд ва зеҳни мо ҷой шуда буд ва тарсу гардонида буд моро. Хеле нигарон шудем. Толор замбӯрхона гашт… Пасон раис омад.
– Хӯш, баччаҳо, чӣ гап доред? – чунин сар кард раис.
Мо ҳама карахт будем. Раис, ки аз мо зуд посух нагирифт рӯ ба котиба овард: «Ному фамилаи ҳар кадомро нависон». Мо нигаристем ба якдигар, ҳеч кас номашро гуфтан намехост, медонист, ки оқибати хуш надорад. Котиба аз нафаре пурсид, ки рӯ ба рӯяш менишаст: «Номи шумо чист?» ва ӯ овоз баровард: «Валӣ Самад!». Ранг дар рӯйи Валӣ Самад намонд. Ӯ қомат рост карда, Юсуф Акбар гуфт. Ва ҳамин зайл ҳар кас ному насаби хешро на ному насаби якдигарро мегуфтанд ва чилу се нафар шуд. Танҳо Ғоиб Сафарзода ному насабашро гуфт. Пасон раис ба он нафари аввал рӯ овард:
– Ку, Валӣ Самад, бигу, чӣ гапай?
Он нафари пешнишаста, ки Валӣ Самад набуд, сар андохта менишаст ва парвое ҳам надошт. Котиба ба ў муроҷиат кард:
– Раис мепурсанд, сабаби омаданатонро гӯед.
– Мебахшед, ман Валӣ Самад нестам…
– Ман Лоиқ. – ҳоло дами аскарӣ паст нашуда буд, қомат афрошта гуфт ҷавони шуҷоъ. Раис бубахшед, суҳбате, ки шумо бо рӯзноманигори «Комсомолская Правда» доштед, моро ин ҷо овард.
– Ааа… Фаҳмо бачча, фаҳмо. Росташро гӯям, ун гапҳои ман не. Ман дар Афғонистон будам он рӯзҳо. Омадам, ки мақола чоп шудааст, гапи бисёр шунидам. Шумо якум не. Бисёр маломат карданд маро. Гапошон рост. Ман ҳам тарафдори шумо, баччаҳо.
Ҳамин хел шудааст, чӣ кораш мекунӣ…
– Ин гапи хурд нест, раис! Пеш аз Инқилоб як саводнок буд, баъди инқилоб ҳам як бесавод монд… Ё тоҷикон пеш аз инқилоб китобхона надоштанд… Сино чӣ шуду китобхонаи Бухоро куҷо монду?! Пас мо ҳама басавод шудаем, раис?
– Ҳама набошад ҳам, бисёриҳо китобхон шуданд?
– Раиси муҳтарам! Шумо мегӯед, ки ман ин гапро нагуфтаам. Аммо дар газета чоп шудааст. Шумо бо ҳама хонандаҳо рӯ ба рӯ шуда, худатонро сафед карда наметавонед. Магар ин ки як бори дигар дар газета гӯед эътирозатонро.
– Мо медонем чӣ кор карданмона. Лекин шумо рафторатона дигар кунед, ҷавонон. Шӯро хононд, хаматона савод дод. Ҳоло ягон бесаводро намеёбӣ. Чупони сари кӯҳ ҳам саводнок, аъзойи партия…
– Лекин ягон нафари ин ҷавонҳо аъзои партия нестанд. – луқма дод касе.
– Партия медонад киро ба аъзогӣ бигирад. Боз савол ҳаст?
– Дар боғчаву кӯдакистонҳо ҳама ба забони русӣ гап мезананд, хатто дашномашон ҳам ба русӣ. Мо ба куҷо меравем?
– Ба куҷо меравем, партия медонад. Роҳбару роҳнамо партия. О ҳар рӯз мегӯянд: сӯи коммунизм равонаем.
– Не, раис, мо тоҷикон бояд андеша бикунем…
Буд набуд…
…аз сари мошинкаи чоп хеста ҳавохӯрӣ баромадам, қадди кӯчаи Орҷоникидзе. Қадам мезадам. Ҳамсоя калавида омад. Дуди сигораш ҳавои кӯчаро вайрон карда, рост сӯи ман меомад. Ман бо кафи даст бод дода дудро дур ронданӣ мешудам ва пурсидам:
– Ин қадар дер, ако?
– Ҳозир Бюро тамом шуд, – гуфт ва афзуд: – Қисмати Лоиқ ҳал шуд. Ҳамту доштам. – Миёни мушт сигарети дудсуз, даст ҷониби бинои КМ бурда нишон дод ва мақсадро равшан кард:
– Лоиқро ҳамту мепарронданд, ки доштам.
– Кӣ мепарронд?
– Кӣ мепарронд? Дар замони мо роҳбар якта, пешво якта зиндаву ҷовид як нафар… «Ман намемирам, ман нахоҳам мурд» гуфтас. Ӯй, ба ҷӯретон фаҳмонед, худам ҳам мегӯям: зиндаву ҷовид фақат Ленин, Владимир Илич. Дигар ҳама миранда. Як мағал шуд, як дабдаба шуд… Одамои моя медонед-ку, салла биёр гӯянд, калла меоранд. Охир Лоиқ ҳам дорад-дия…. Мактаби комсомолу партияро нагузаштагӣ. Шумо он ҷо мешудед, медидед… Ҳамту доштам: «Кия? Лоиқа?» гуфта пурсидам. Ана ҳамту писталет рост шуда буд… Дар пешонӣ…
– Пагоҳ аз худаш мепурсам, ки чӣ хел шуд.
– Вай аз куҷо медонад? Ман медонам…. Баччаҳо дипломатияро намедонанд-дия. Охир ту чӣ хел мегӯйӣ, ки… чӣ хел мегуйӣ, ки… Вай шеъраш чӣ хел буд?
То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро,
То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро,
То набардорам ба дӯшам дӯшбори ин замонро,
Ман намемирам.
Ман нахоҳам мурд…
– Ана. Аз кӣ мегирӣ қасос? Ҳамин хел гапҳо чӣ лозим? Шеърата навиштан гир.
– Ҳамин гуфтааш шеър-ку?
– Неъ! Неъ! Ин шеър неъ. Ин иғво. Партия ҳама чизро мефаҳмад, ҳама чизро медонад, ҳама корро мекунад. Шумо ҳам эҳтиёт шавед…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ