Барои зиндаҳо…Бахшида ба 85-солагии устод Лоиқ
Сиришти Лоиқ, ки аз дарду армонҳои миллӣ саршор буд, аз роҳи бедор кардани зеҳни хонандаи хоболуду бепарво барнагашт. Вай гоҳе меғиревад, ки «Дар тӯли таърих Хизр ҷуста басо ба хирс бархӯрдем. Имрӯз намедонем, ки гӯри Сӯзанӣ, Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин ва … дар куҷост?»
Китоби «Санги мазор» (байтҳо барои санги гӯрҳо ва мақбараҳо) соли 1993 дар нашриёти «Адиб» бо адади сӣ ҳазор чоп шуд. Ин баёзро устод Лоиқ аз осори бисёр суханварони овозадори пешин солҳо гирд оварда, бо сарсухани пурмағзу ҳадафманд «Марг ҳаёт аст, ҳаёт аст марг» ба мардум пешниҳод ва таъкид кард, ки «ҳар кас аз он байтҳои дилхоҳро барои санги мазори азизи аз даст додааш пайдо карда» битавонад. Ва боз гирдоваранда огоҳ мекунад: «Ин баёз ё китоби катибаҳо кӯшиши аввал аст…».
Сад дареғ, ки соли нашри ин баёз (1993) рӯзгори мардуми Тоҷикистон бар асари низоъҳои номатлубу дилхароши дохилӣ, бадбахтона пур аз доғу дарду фоҷиа шуд: кинаварзӣ, куштору сӯхтор, харобкорӣ авҷ гирифт. Ва шоири бедордил дар пешгуфтор бо алам менолад: «Гӯристонҳои мо дар ҳама ҷо харобу валангоранд, на танҳо водии хомӯшон, балки водии фаромӯшон ҳам ҳастанд…». Сипас муаллиф асли мақсадашро равшантар баён мекунад: «Гоҳо дар санги мазорҳо байтҳои бемазмун, беҷавҳар, бемоя, бевазн, бе сӯзу гудозе ҳак шудаанд, ки пас аз хондани онҳо кас мехоҳад ба ҳоли марҳум дубора бигиряд… Ҳатто фарзандону пайвандон то ба ҷойе «дилсӯзу посдори мутаваффо» ҳастанд, ки дар санги гӯр номашро ғалат ҳак мекунанд…». Ва муаллиф боз хонандагонро меогоҳонад, ки «… ба унвонии банда номаҳои зиёде меоянд, то барои лавҳи мазори ин ё он мутаваффо байте бинависам. Дар ин маврид камина андеша мекунам, ки агар дар хонаи мардум кутуби Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз… Бедил, Соиб, Шоҳин… алғараз аз Рӯдакӣ то Мирзо Турсунзода мавҷуд буд, ҳоҷат ба навиштани чунин номаҳо ба унвони банда набуд».

қатори 2: Наримон Бақозода, Одина Мирак, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ
Ин ишораи хоксоронаи шоири бедордилу меҳанпараст бешак ба он хотир буд, ки миллати суханпарвару соҳибтамаддунаш аз сарчашмаҳои маънавии хеш, осори беш аз ҳазорсолаи адабӣ ва таърихӣ дур нашаваду майли ба асолати худ баргаштанро бикунад. Ҳангоми нишоту комёбӣ, ғаму дарду шикаст ба парешонҳоливу роҳгумӣ гирифтор нашуда, аз хазинаи пурганҷи хираду маърифати ниёгон рӯҳ ва ирода парварида, сазовори ному пайкори гузаштагони бошарафаш амал намояд.
Зимнан гӯристон танҳо водии хомӯшон набудаасту нест, балки як нишонаи фарҳанги эҳтироми ворисон ба гузаштагони хеш низ мебошад. Ин маъниро шоир баъди дидани мазорҳои бе дару гӯрҳои ноободи чарогоҳи ҳайвонҳо басо равшан таъкид карда:
Барои зиндагон бояд бигӯям,
Ки қабристон барои мурдагон нест,
Ки қабристон барои зиндагон аст,
Ки то донанд фардо қадрашон чист…
Ҳангоми иншои ин ҷумлаҳо ёдам омад, ки оғози солҳои шастуми асри бист, ки андак-андак шарораҳои фошгӯӣ, ҳақталошӣ барои аз нав эҳё кардани расму суннатҳои безарари миллӣ дар матбуот дурахшиданд, дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шоири он вақт ҷавон Лоиқ бо имзои мустаор (Л. Сайёд) перомуни ҷашнгирии иди бостониамон Наврӯз ҷасурона масъала ба миён гузошт. Ҳамзамон муаллиф пешниҳод кард, ки рӯзи видоъ ё ба роҳи охират гуселонидани шахсиятҳои барҷастаи адабӣ, илмӣ, фарҳангиямон бояд аз рӯйи анъанаҳои пешин савту сурудҳои пурсӯзу алами «Шашмақом» садо диҳанд. Ин мақола дар байни хонандагон ҳамовозӣ пайдо кард. Муаллиф бо ин андешаҳояш ҷавононро то ҷойе барои ҳақталошӣ ва ба асли хеш баргаштан ҳидоят намуд, вале каҷназарони аз зуҳури эҳсосу ифтихори миллӣ ҳаросон ба гардани муаллиф тамғаи миллатгароӣ заданд.
Дар ҳар сурат сиришти Лоиқ, ки аз дарду армонҳои миллӣ саршор буд, аз роҳи бедор кардани зеҳни хонандаи хоболуду бепарво барнагашт. Вай гоҳе меғиревад, ки «Дар тӯли таърих Хизр ҷуста басо ба хирс бархӯрдем. Имрӯз намедонем, ки гӯри Сӯзанӣ, Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин ва … дар куҷост?». Ба назарам мудом як панҷаи Лоиқ дар гиребони «таърихи каҷрафтор» (ибораи шоир аст), ки дар ҳар марҳила бар сари миллати мо ҷабру ҷафоҳои сангини афзун оварда, бо фишор ва ҷабру ҷафоҳо онро аз асолати хеш бегона кардан мехост: «Ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо», панҷаи дигараш дар гиребони «Кӯрони таърих, забонгумкардагони худбехабару манфиатҷӯ» барои ба ҷойи «чашму нафси шикам» (таъбири шоир) кушодани чашми худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёи расму оинҳо, ифтихори меҳандорӣ, шинохту эҳтироми фарҳанги оламшумулу абармардони илму адабу сиёсат дар дарозои таърих будааст. Садои Лоиқ дар мақолаҳояш ғиреви зангӯлаи ғулғулаафкани бедорӣ, худшиносӣ ва ҳақталошӣ буд. Вай бо ин роҳу равиш мехост зеҳну дили карахту чашми хоболуди ҳамзамононро ба ҷунбиш биорад.
Бешак ин ният – ба чоп омода кардани баёзи «Санги мазор» ва андешаҳои шоир барои баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум дар самти ба низом овардани мазорҳо ва обод кардани гӯри азизони хеш созгор афтод. Росташ, имрӯз ҳам ҳар касе пешгуфтор ва баёзи «Санги мазор»-ро бихонад, агар шири поки модар хӯрда бошаду андаке фаросат ва шарафи инсонӣ дошта бошад, барои тозаву обод кардани манзили охирати азизон дасте мезанад. Бубинед, он замон шоир хоҳишашро чӣ хел содаву дилнишин қаламӣ кардааст: «… дилам мехоҳад, ки гӯристонҳои мо мисли як осорхонаи саркушода бошанд, озода, зебо, гулафшон, муназзам, руҳафзо, ибратомӯз, раҳмангез ва шафқатангез… то ҳар инсоне ба зиёрати хокашон биояд, бидонад ва ин ҳақиқати абадиро бипазирад, ки Ҳофиз гуфта:
Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз».
Росташ, нусхаи «Санги мазор», ки дар даст дорам, аз истифодаи афзуни ниёзмандон басо ангуштхӯрдаву фарсуда ва борҳо сирешпайванд карда шудааст. Нишонаи нағзи хизмати шоир ва китоби тартибдодааш ба мардум. Ва ҳар гоҳе ин китобро варақ мезанам, чеҳраи гарму гиромии устод Лоиқ пеши назар, ин байташро ба ёд меорам:
Ҳар кас тавонад мурдаро ба хок бисупорад, вале
Он кист, хоки мурдаро тоҷи сари дунё кунад?
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ