Лоиқ аз нигоҳи ҳамасрон

МирзоТурсунзода,
Қаҳрамони Тоҷикистон:
Ман Лоиқро ҳамчун шоири болаёқат дӯст медорам ва ӯро хеле эҳтиёт мекунам. Ман ҳамеша навоварии ӯро мушоҳида мекунам… Имрӯз дар назми тоҷик шоирони насли калонсол ба услуби анъанавӣ шеър намегӯянд… Ман шеърҳои ба тарзи маъмулӣ гуфтаи Лоиқро хонда, хурсанд мешавам, сатрҳои ӯро замзама мекунам…

Мӯъмин Қаноат,
Шоири халқии Тоҷикистон:
Ягона шогирди шоистаи ман марҳум Лоиқ Шералӣ буд, ки ӯро камина ба тамоюлҳои нави назм шинос карда будам, дар шахсияти ӯ ман манбаи ғурур, озодфикрӣ ва ҳисси ифтихороти миллиро парварда будам. Аммо бо як тарбия чизи муҳимеро ба даст овардан мумкин нест, агар дар ботини худи шахс манбаи зарурӣ набошад. Ва Лоиқ чунин шахсият буд, вай таърихи халқи тоҷик, тарҷумаи ҳоли фарзандони бузурги онро меомӯхт ва офаридаҳои онҳоро амиқан таҳлил мекард.

Рустам Ваҳҳобзода,
Шоири халқии Тоҷикистон:
Вақте ки шумо шеъри Лоиқро мехонед, замоне ба олами муссафое ворид мешавед, ки ҳама арзише дорад, арзише, ки то кунун онро нашнохтаед ва ё шинохтаву дар баён наовардаед…
Шахсияти шоирии Лоиқ “бо ҳама ҳусни зоҳиру ботин”, бо ҳама ғурури ҷавонмардона, саховату ҳиммату ҳикмат ва бо “рӯҳи исёнгаронаву пирӯзгарона”, ки ин ҳама даъво бо сиккаи ҳунар сабт мегардад, дар замоне зуҳур кард, ки одам дар зери шиорҳои абаринсонии бетафовут ба шахсияти нотакрори фардии ӯ, бетафовут ба пайванди силсилаи маънавии ӯ (саргузашти миллӣ) хурду ҳақиру ночиз мегардид, симои маънавии худро фаромӯш мекард. Шеър Лоиқро ҳамин инсони ташнаи дидори хеш чун ойинае дарёфт ва мафтуни ҷамоли худ дергоҳест онро сари даст дорад…

Абдулмаҷид Достиев,
ходими давлативу сиёсӣ, дипломат, адиб:
Устод Лоиқ Шералӣ аз зумраи шоироне буд, ки дар қаламрави сухани имрӯзаи кишварамон беҳамто ва ӯ шеъреро тараннум менамуд, ки дар равонӣ равон ва дар асолат ширинии алфози дариро бо навои мутантан дар гӯши ҳар шунаванда нармак-нармак менишонд… Шоире буд дӯстдоштанӣ ва маҳбуби дилҳо, ки маҳбубияти инсонияш чӣ дар шеъраш ва чӣ дар суҳбатҳояш дар сурати ҷаззобият дарҳол таҷассум мегардид.

Қоҳир Расулзода,
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Устод Лоиқ барои хештаншиносию худогоҳии мардуми тоҷик тоҷикистониён бо эҷоди осори ватандӯстонаи худ мактаберо боқӣ гузоштааст, ки он ҷо ҳар байту мисраъ моро бо эҳтироми марзу буми кишвар ба расидан ба ваҳдати комил раҳнамоӣ дорад. Ашъори Лоиқ моро ба сӯи маърифат ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии ватандориамон чун дастур ва санади қотеъ хизмат кард, ки нишонаи бузургиву ватандӯстии шоир аст.

Гулназар,
Шоири халқии Тоҷикистон:
Ман ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт муносибат дорам. Бурду бохти ӯ бурду бохти як адабиёт аст.
Рӯшанӣ ва равонии баён, пеш аз ҳама, зебоии маънавӣ ашъори Лоиқро ангуштнамо ва маҳбуби ҳамагон гардонидааст… Лоиқ бо он ки ҳамроҳони зиёд дошт, дар ин майдон яккатоз буд. Вай тавонист, ки чароғи дудзадаи рубоиву дубайтиву ғазали муосирро дубора дардиҳад…

Матлубаи Мирзоюнус,
профессор:
Лоиқ маҷрои шеърро самти дигар бурд… аз маҷрои содалавҳӣ ҷониби маъниҳои фирдавсиёнаву хайёмона ва мавлавиёнаву ҳофизона бибурд ва ин ҳамаро бо рӯҳи замони мо чунон омезиш дод, ки кулли ҳаммаслакон ва алоқамандони адабиёт, ҳунар ва ибтикорашро эътироф намуданд. Ва, бешак як марҳилаи тақрибан сисолаи шеъри муосири тоҷикро метавон марҳилаи шеъри Лоиқ номид.

ТемурЗулфиқоров,
нависанда:
Ман фикр мекунам, ки Худованд дар рӯйи замин фақат як шоир офарид, вале ба ӯ номҳои мухталиф ва сарнавишти гуногун дод: дар Русия ӯро Александр Пушкин, дар Инглистон Ҷон Гордон Байрон, дар Итолиё Данте Аллегерия, дар Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ…

Саидамир Зуҳуров,
ходими давлативу сиёсӣ, генерал-полковник:
Лоиқ инсони фаромӯшнашванда мебошад. Ҳанӯз Гёте қайд намуда буд, ки дар Шарқ файласуфону суханварони бузург Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ ва ба онҳо монанд зиёд аст. Рӯзе мерасад, ки номи Лоиқ Шералӣ дар қатори ин бузургони таърихии мо ҷои сазовори худро меёбад.

Муҳаммад Ғоиб,
Шоири халқии Тоҷикистон:
Устод Лоиқ Шералӣ дар ҳақиқат устод буданд. Дар назми солҳои 60-70 як табаддулоти дигар карданд, шеърро шеър карданд. Беҳтарин ғазалиёту рубоию дубайтиҳо гуфтанд. Хеле хушбахтам, ки ба аввалин китоби ман – «Роҳи деҳа» устод Лоиқ, бехабар аз ман, сарсухан навиштаанд. Вақте ки курс конференсияи адибон мешуд, устод раиси маҳфил буданд. Ман намедонистам, ки эҷодиётамро ки мехонад. Устод гуфтанд, ки навиштаҳоятро бурда ба Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Убайд Рачаб пешниҳод кун. Ман гуфтам: “Шеърҳои ман дигар бачагона нестанд. Мехоҳам шеърҳои маро Шумо хонед.”. Устод гуфтан: “Охир ман вақт надорам”. Ман боз истодагарӣ кардам, ки не худатон хонед. Пурсиданд: “Чаро?”. Ман гуфтам: “Одам афтад, аз баландӣ афтад.” Ин гап писандашон афтиду розӣ шуданд. Ҳар он чизе, ки дигарон дида наметавонистанд, устод медиданд.

Ҷӯрабек Муродов,
Ҳунарманди халқии СССР:
Тавлиди Лоик тақдири миллат буду фавташ талхии ин такдир. Солҳо мегузаранд, асрҳо сипарӣ мешаванд, вале шеъри баландпарвози Лоиқ чун мавҷҳои пурталотуми Зарафшон ба дилҳо туғён мебахшад, чун лаъли Бадахшон ҷилои нав мегирад ва чун водиҳои зарнисору кӯҳҳои сарбаланди тоҷикон ба олами маъниҳо ғановати тоза ато мекунад.

Акбари Турсон,
академик:
Лоиқ ҷиҳати офаридани шеъри ғиноӣ (лирикӣ) ба дараҷаи баландӣ тахассуси шоирӣ расид, аз ҳамасолонаш касе пояи ӯро надошт. Ӯ ба майдони адабиёти нимаи дувуми қарни гузашта ҳамчун шоири тозакор ворид шуд, вале навпардозиҳояш фақат дар эҷоди шеъри озод зоҳир нашудааст Усулан Лоиқ шоири қолабшикан набуд, аммо шеъраш қолабӣ ҳам набуд. Ба назари ман, дар назми солҳои ҳафтоду ҳаштод тозакориҳои Лоиқ дар он ҳам таҷассум ёфт, ки ӯ мавзӯъ ва матлабҳои навро дар қолаби кӯҳнаи шеъри форсӣ, ба вижа ғазал ва рубоӣ, бозгӯ карда тавонист. Муболиға нахоҳад буд, агар афзуда шавад, ки шоири дасткор ин шаклои адабиро дар назми навини тоҷикӣ рӯҳу равони тоза бахшид.

Усмонҷон Ғаффоров,
профессор:
Устод Лоиқ дорои сифатҳои хуби инсонӣ, ба монанди ҳакгӯию сарбаландӣ буданд. Боре надидааму нашунидаам, ки устод Лоиқ назди касе сар хам карда бошанд. Ҳар коре, ки устод Лоиқ анҷом медоданд, барои адабиёт, ҷомеа ва барои миллат буд. Шоире буданд, ки барои халқашон мезистанд. Дасткушодӣ, саховатмандӣ, боҳимматӣ… аз ҷумлаи сифатҳои наҷиби устод ба шумор мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ