Тахаллуси нахустини устод Лоиқ

Ҳамагон бовар бар он доштем, ки шеъри нахустини шоири бузурги миллатамон устоди шодравон Лоиқ «Ном» аст ва соли 1959 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» ба чоп расидааст, зеро худи муаллиф дар ҷавоб ба пурсиши рӯзноманигори «Комсомоли Тоҷикистон» (4 феврали соли 1979), ки «Кай дар замири шумо орзуи шоир шудан пайдо гашт?» буд, гуфтааст, ки «то чоп шудани шеъри нахустинам соли 1959 дар маҷаллаи «Шарки сурх» бо номи «Ном» орзуи шоир шудан надоштам».

Шояд, дар воқеъ, устод Лоиқ пеш аз он ки соли 1959 шеъри «Ном» дар маҷаллаи «Шарқи сурх» ба табъ расад, орзуи шоир шудан надошт. Вале аз як катибаи ӯ дар варақи дарунии муқоваи китоби «Абулқосим Фирдавсӣ. Достонҳо аз «Шоҳнома», ҷилди 2, Нашриёти давлатии

Тоҷикистон, Сталинобод, 1955», бармеояд, ки шоири оянда хеле пештар аз нашри «Ном» ба машқи шеър оғоз намудааст. Катибае, ки манзури мост ва бо хати худи устод аст, дар асл чунин мебошад:

Бибояд ман бихонам ин китобро,

Ки ин аст дурру гавҳар, низ тилло.

Бибояд ҳис намуд ҳар фикри шоир

Бигӯям шеъри тавсифи ба он доир.

Лоиқ Фатҳӣ

23/ XI-56 сол аз Тоҷиккитоб харида шуд.

Аз таърихи ин навишта маълум мешавад, ки вақти таълифи он Лоиқ 15-сола ва шогирди соли дувуми Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент буд.

Агар ин катиба бо хатти худи устод Лоиқ намебуд, онҳое, ки ӯро ба сифати суханвару сухангустари тавоно мешиносанд ва эътироф доранд, ба он шак меоварданд, ҳатто бо назардошти он ки моли овони ҷавонии ӯст, зеро дар ин ду байт ҳеч яке аз чаҳор мисраъи он холӣ аз

нуқсонҳои қабеҳу малеҳи лафзию маънавӣ нест. Сакта дар вазни мисраъҳои якум («китоб»), дувум («аст») ва чаҳорум («доир»), ҳиҷои зиёдатӣ ҷой дошта, ноҳамворӣ дар баён, ноҷӯрӣ дар пайванди калимаву ибораҳо ва нақси маънавӣ дар мисраъи охир ба чашм мерасад. Ва беихтиёр гуфтаи Ҳофизи бузургвор ба ёд мерасад:

«Бибин, тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?». Ҷо доштани тафовути зиёд миёни намунаҳои аввалини машқи шеъри Лоиқ ва осори баъдияш бори дигар дурустии як гумони Гулназарро тасдиқ мекунад, ки гуфтааст: «Шояд ғалат кунам, ба гумони ман адибе мисли Лоиқ ба ин шиддат ба адабиёт наомадааст, ба ин шиддат ташаккулу

такомул наёфтааст ва ба ин шиддат мақоми аввали худро дар адабиёт ҳифз накардааст».

Саволе ба миён меояд, ки оё ба ин гуна навиштаҷоти навмашқонаи шоири бузурге чун устод Лоиқ таваҷҷуҳ зохир кардан ва онро рӯйи об баровардан, ошкор намудан шарт аст? Хусусан, ки худи шоир бо сароҳат иқрор дорад, ки шеъри нахустини ӯ «Ном» мебошад. Дар ҷавоб бояд бигӯем, ки, аввало, ҳар чизе, ки ба номи шахсиятҳои бузург иртибот мегирад, агарчи хурду реза аст, дархури диққат мебошад. Сониян, аз машқҳои шеърияш хомӯш мондани шоир далели он нест, ки ӯ мавҷудияти онҳоро рад менамояд, балки маънои онро дорад, ки ӯ яқинан, онҳоро дар қатори шеър намешуморид ва ҷиддӣ намегирифт.

Арзиши катибаи ёдшуда дар он аст, ки дарак аз он медиҳад, ки шоир аз кай ба мутолиаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ cap кардааст ва он вақт чӣ таассуроте аз он бардошта буд. Ҳамин шиносоӣ ва бардоштҳо буданд, ки дертар устод Лоиқ ба эҷоди силсилаи машҳури «Илҳом аз «Шоҳнома» муваффақ гардид ва тавонист, ки «дурру гавҳару тило»-и ин шоҳкитоби адабиёти форсии тоҷикиро кашф намояд ва тавсифи сазовори Фирдавсиро бигӯяд.

Чизи дигаре, ки аз ин катиба маълум мешавад, он аст, ки устод Лоиқ дар оғози шоирияш, гумон меравад, ба умеди фатҳи қуллаҳои баланди шеъри форсии тоҷикӣ ба худ тахаллуси «Фатҳӣ»-ро интихоб намуда будааст. Ва бояд эътироф бикунем, ки вай ба ин нияте, ки дар оғози ҷавонияш карда буд, расидааст.

Абдунабӣ Сатторзода,

 профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *