Хотираи таърихӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ

Дар ашъори се даҳсолаи охири асри бист ва аввали садаи бисту якуми устод Лоиқ Шералӣ масъалаи рӯ овардан ба хотираи таърихӣ ҷойгоҳи хос пайдо намудааст. Шоир ба воситаи ин унсури ҳувиятсози миллӣ марому мақсади худро озодона баён карда, дар бедор кардани завқи таърихписандии мардум, огоҳ ва ҳушдор намудани онҳо сайъу талош карда, дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик тамоми нерӯ ва қобилияти эҷодии худро сарф намудааст.

Устод Лоиқ дар хотираи таърихии худ рӯйдодҳои пурарзишеро ҷой медиҳад, ки ҳар кадом ба масъалаҳои муҳими иҷтимоиву ахлоқии   замон робитаи ногугсатанӣ дошта, ба завқи хонанда таъсир мерасонанд ва ӯро ба андеша кардан, тааммуқ намудан водор месозанд. Дар ашъои ӯ таърих на танҳо воқеаи гузашта, балки нерӯи зиндаи маънавӣ ва омили бақои миллат мебошад.  

Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои хотираи таърихӣ дар осори устод Лоиқ Шералӣ эҳтиром ба ниёгон ва бузургони миллат мебошад. Шоир пайваста аз устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Саъдӣ, Хайём, Бедил, Айнӣ ва дигар бузургони илму адаби тоҷик ёд мекунад ва симои онҳоро барои дарки гузашта ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ унсури тавонаманд мепиндорад. Ҳамин ҳолатро дар шеърҳои “Панҷаҳои Борбад”, “Хайём дар қаъри уқёнус”, “Ифтихор ва эътироз”, “Роҳи умр”, “Вопасин нафаси Хайём”, “Заиф”, “Баъд аз ҳазор сол”, “Араб гӯянд Синоро гурӯҳе”, “Айнӣ” ва амсоли инҳо дидан мукин аст. Шоир дар шеъри “Айнӣ” менависад:

Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,

Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,

Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,

Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён

Ту моро кофтӣ, устод,

Ту моро ёфтӣ, устод!

Дар шеъри мазкур шоир бо як ғурури тоҷикона андеша ронда, бузугии устод Айниро дар ҳимояи миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва эҳёи мероси гузаштагон бо лавҳаву лаҳзаҳои ҳаёти шоир баробар тасвир карда, дар таркиби шеър лиризми уствор, баёни ҳолат, вазъи рӯҳиву маънавиро тақвият мебахшад. Шоир тавассути хотираи таърихӣ аз чанд давраи пурфоҷиаи халқи тоҷик ёд карда, гузаштаро ҳамчун мероси маънавии халқ пеши назар меоварад ва дар мавриди бузургии устод Айнӣ ва хидмати шоистаи ӯ дар роҳи расидан ба истиқлолияти миллӣ изҳори андеша менамояд. Дар шеъри мазкур адиб аз як тараф хидматҳои устод Айниро пай дар пай таъкид мекунад ва аз сӯйи дигар, роҳи муборизаи устодро ҳамчун қаҳармони ғиноӣ ва миллӣ дар набарди ноадолатонаи таърих ва ҳукмҳои норавои он инъикос менамояд. Дар шеъри мазкур киноя ва рамз, маҷозу истиора ба ҳам омехта шуда, бадеияти шеърро тақвият бахшидаанд. Шоир кӯшидааст, ки тавассути калимаҳои маҷозӣ мазмунҳои шартӣ офарида, дар онҳо сарнавишти халқи тоҷик ва тақдири фарзандони ин мардуми азияткашидаро тасвир намояд. Чунончи, мафҳум ва ё таъбири “зиндадаргӯр”, “нақши катиба”, “нақши нохун”, нақш “дар тани зиндон” худ образи мукаммал, мафҳуми кинояомез, ибораи тагдору рамзомез буда, ба тақдири садҳо мутафаккирону бузургони тоҷик рабт доранд ва дар хотираи одамон лаҳзаҳои пурдаҳшат ва марги фоҷеабори нобиғаҳои миллиро пеши назар меоранд.  

Дар шеъри “Таърих гувоҳ аст…” хотираи таърихии устод Лоиқ Шералӣ боз ҳам қавӣ ба назар мерасад. Шоир бо ин шеър гузаштаи халқи тоҷикро пеши хотир оварда, ба ҷонфидоӣ, далерӣ, шуҷоат ва мардонагии фарзандони бонанги ин халқи кӯҳан арҷ мегузорад ва таҳаммулу хоксории тоҷиконро бо назари нек ба риштаи тасвир мекашад:

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дабдаба лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

Бар фарқи саре найзаву ханҷар накашидаст

Хотираи таърихии устод Лоиқ Шералӣ ба дараҷае қавӣ аст, ки дар тафаккури бадеиву таърихии вай ҳар як воқеаву рӯйдоди пешин арзиш дорад ва мақсаднок истифода шуда, хонандаро мафтуни худ месозад ва ӯро водор мекунад, ки доир ба имрӯзу фардои сарнавиши халқаш андеша намояд ва ба қадри гузаштаи пурифтихори халқаш расад. Чунин баёни андеша дар аксари ашъори ватандӯстонаи устод Лоиқ Шералӣ ба назар мерасад ва гузаштаро бо имрӯз пайванд месозад.

Дар афкору андешаи устод Лоиқ Шералӣ арзиши забони тоҷикӣ, эҳтирому пос доштани ин рукни миллӣ ва унсри ҳувиятсоз будани он ҷойгоҳи хос доранд. Вай забонро на танҳо ганҷи маънавӣ ва сутуни ҳастии миллат мепиндорад, балки рамзи пуриқтидори мавҷудияти халқ дониста, онро бо дид ва андешаи амиқи фалсафӣ таҷассум кардаву шарҳу тавзеҳ медиҳад ва барои ҳифзу ҳимояи он ҳақталошӣ, ҷоннисорӣ ва қаҳрамонӣ мекунад. Дар шеъри “Забонгумкарда” ҳамин ҳолатро дидан мумкин аст. Шоир дар шеъри мазкур ниҳоят ҷиддӣ ва бо ҳисси масъулияти баланд масъалаи ҳифзи забони модариро талқин менамояд ва ба соҳибони забон ҳушдор медиҳад, ки ба қадри он расанд ва забони модарияшонро ҳифз кунанд ва гиромӣ доранд. Бо ҳамин ниятҳои нек, шоир ҳифзи забони модариро муҳим шуморида, аз ҷумла менависад:

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,

Дар замину дар замон гумкардае,

Ин нишон гумкардаеву дигаре

Хештанро бе нишон гумкардае.

Устод Лоиқ Шералӣ ба сарнавишти касоне, ки аз забони модарӣ дур шуда, онро фаромӯш кардаанд, оштинопазирона мубориза мебарад. Ҳамзамон, таъкид менамояд, ки чунин ашхос бо кирдорҳои манфурашон ба “ватангумкардаҳо” табдил меёбанд. Аз ин рӯ, ҳушдор медиҳад, ки ҳар як шахс бояд ба қадри забони модариаш расад ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намояд. Ин таъкиди шоир ҷанбаи баланди худшиносӣ дошта, дар ҳифзи забони тоҷикӣ ҳамчун сипар хидмат менамояд.

Устод Лоиқ Шералӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, воқеаҳои ниҳоят фоҷеабор азоби рӯҳӣ ва маъанавӣ кашида, маҷбур мешавад, ки дар шеърҳояш дарди замон, фоҷеаи миллат, оқибатҳои ҷанги бародаркуш ва садои дили модаронеро, ки фарзандонашон бегуноҳ қурбон мешуданд, бо тафсил тасвир намояд. Дар баробари ин, тарафҳои даргирро ба сулҳу субот даъват карда, ин даҳшати замони навро фоҷиаи миллат маънидод мекунад ва бо фарёди ватандӯстона мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ даъват мекунад. Шоир расидан ба сулҳро болотар аз ҷанги бемаънӣ дониста, ба бузургии халқи тоҷик ва қудрати растагоронаи он сар фуруд меоварад ва гузаштаро ба имрӯза муқоиса карда, роҳи наҷоти миллатро дар ваҳдату сулҳу субот мебинад.

Ғояи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, рӯҳи бузургони миллат, меҳри Ватан ва шуҷоати фарзандони далери тоҷик пояи шеърҳои индавраинаи шоирро ташкил медиҳанд ва аз ҷиҳати бадеият, таърихият ғанӣ мебошанд.   

Устод Лоиқ истиқлоли миллиро на танҳо падидаи сиёсӣ, балки эҳёи рӯҳи миллат медонад ва мафҳумҳои озодӣ, хушбахтӣ, худшиносӣ ва бозагашт ба асли худро қадр мекунад ва ғояи ашъори худро ба ин масъалаҳои муҳими ҳувиятсоз равона менамояд. Шеърҳои индавраинаи шоир дар ҳақиқат оҳанги баланди ватандӯстона дошта, эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва миллат дар ҳар як сурудаи ӯ ба назар мерасад ва мазмуни ашъорашро қавитар мегардонад. Ҳамин ҳолатро дар маҷмуаҳои “Фарёди бефарёдрас», «Хонаи чашм», «Илҳом аз Шоҳнома», «Дасти дуои модар», «Ҷоми саршор», «Сӯзи дил» дидан мумкин аст. Дар ин маҷмуаҳо беҳтарин шеъру ғазал ва дубайтиву рубоиҳои шоир ворид шуда, маҳорат ва истеъоди бузург доштани устод Лоиқро равшан менамоянд. Бахусус, шеърҳои «Ватан» , «Тоҷикистон», «Забони модарӣ» , «Модарнома», «Фарёди бенавоӣ», «Рӯзи сафед», «Номи Ватан», «Суруди сулҳ», «Эй Бухоро», «Ба ёди Рӯдакӣ», «Ба Исмоили Сомонӣ», «Тоҷикон», «Оташ дар хонаи мо», «Фарёди миллат», «Шикасти рӯҳ», «Дасти дуо», «Васияти шоир», «Нолаи замон», «Паймони ваҳдат»,«Ориёно», «Замин ва инсон», «Китоби сарнавишт», «Садои кӯҳистон» оҳанги баланди ватандӯстона дошта, аз ҷиҳати тасвирмандӣ, ифоданокӣ ва соддабаёнӣ дар назми муосири тоҷик ҷойгоҳи хос доранд.

Ашъори давраи истиқлолияти Лоиқ Шералӣ яке аз муҳимтарин саҳифаҳои адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Дар ин марҳила шеъри ӯ аз доираи танҳо эҳсоси шахсӣ берун рафта, ба минбари худшиносии миллӣ, ҳифзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон табдил меёбад. Дар шеъри “Хоки Ватан” ва бисёр дигар шеърҳои шоир мафҳуми “Ватан” ҳамчун макони муқаддас тавсир шуда, шоир ба моҳияти фалсафии ин ҷавҳари ҳастӣ баҳои баланд медиҳад ва мегӯяд:

Тоҷикистгон – мазҳари ман,

Сарзамини камзамин,

Ту саросар кӯҳсорӣ,

Ту саросар сангзорӣ,

Чунки фарзандони ту дар роҳи таърихи дароз,

Ҳар куҷо рафтанд, мушти хок бо худ бурдаанд,

Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ

Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Ҳар куҷо рафтанд маҳҷури ғариб,

Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.

Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд, эй дареғ,

Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.

Дар ашъори устод Лоиқ Шералӣ симои Бухоро, Самрқанд, Хуросони бузург, Бохтар ва Суғд ҳамчун рамзи хотираи таърихӣ таҷуссум ёфта, арзиши ниҳоят баланди ватандӯстонаву худогоҳона касб кардаанд.  

Хотираи таърихӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ ҷанбаи баланди фалсафӣ дошта, шоир бо ин восита на танҳо ба гузашта рӯ меоварад, балки таърихро ҳамчун омӯзгор ва сабақи зиндагӣ медонад. Шоир таъкид менамояд, ки миллат бояд аз гузашта ибрат гирад, арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва онҳоро ҷузъи ҳавияти миллии худ қарор диҳад. Дар ин замина, шоир ба масъалҳои бегонапарастӣ ва дур шудан аз асолати миллӣ бештар диққат дода, дар ин масъала эҳсоси нигаронӣ мекунад ва қудрату тавоноӣ ва бузургиву ҳашаммати халқи тоҷикро тасвир месозад.

Ашъори пурмуҳтаво ва рангини устод Лоиқ Шералӣ нишон медиҳад, ки миллат бе ҳофизаи таърихӣ наметавонад асолати худро нигоҳ дорад ва пеш равад. Аз ин рӯ, шеъри устод Лоиқ на танҳо мероси адабӣ, балки санади бедории миллӣ ва ҳифзи ҳавияти тоҷикон ба шумор меравад.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,

академики АМИТ, профессори ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *