Шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ 85-сола шуд (видео)
85 сол муқаддам, 20 майи соли 1941 Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ба дунё омадааст.
Лоиқ Шералӣ аз овони кӯдакӣ аз падар маҳрум монда, дар оғӯши гарми модар ба воя расидааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти дохил шуда, соли 1963 онро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун муҳаррири бахши адабии радиои Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои фарҳангӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1991 то поёни умр раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд.
Лоиқ Шералӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи шеъри муосири тоҷик ба шумор меравад.
Маҷмӯаҳои маъруфи ӯ, аз ҷумла “Хоки Ватан”, “Марди роҳ”, “Хонаи дил”, “Ману дарё” ва “Фарёди бефарёдрас” миёни хонандагон маҳбубияти зиёд доранд. Осори шоир мавзӯъҳои Ватан, модар, ишқ, инсон, сулҳу ваҳдат ва ахлоқи ҷомеаро фаро мегиранд.
Устод Лоиқ 30 июни соли 2000 –ум бар асари сактаи мағзи сар даргузашт ва дар оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри ба хок супурда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ