Ӯ дарди миллатро ба шеър табдил дод
Баъди ҳазор соли Рӯдакӣ омадани Лоиқ барои адабиёти мо як ҳодисаи одӣ набуд. Ман бисёр вақт ба худ мегӯям: гӯё баъди ҳазор сол рӯҳи шеъри гумшудаи Рӯдакӣ дар симои Лоиқ дубора зинда шуд.
Устод Лоиқ шоири худодод буданд. Пеш аз Лоиқ шеър як ҷараён дошт, баъд аз Лоиқ ҷараёни дигар гирифт. Ӯ тавонист шеъри тоҷикро аз доираи сухани маъмулӣ берун оварда, ба сатҳи андешаи миллӣ бардорад.
То имрӯз ҷавонон байтҳои ӯро азёд мекунанд. Ин нишонаи бузургии шоир аст. Шеъре, ки мардум онро танҳо мехонанд, мумкин аст фаромӯш шавад. Аммо шеъреро, ки мардум азёд мекунанд, дигар ба қисми хотираи миллат табдил меёбад.
Ягон маҳфил, ягон базм, ягон нишасти тоҷикона нест, ки дар он шеъри Лоиқ садо надиҳад. Ӯ ба зиндагии мардум чунон ворид шуда буд, ки гӯё шеъраш нафаси худи мардум бошад.
Бузургии устод танҳо дар шеър набуд. Дар инсонгарӣ ҳам бузург буданд. Ҳама устодони аз худашон калонсолро эҳтиром мекарданд. Дар маҳфилҳо вақте сухан мегуфтанд, ҳама гӯш мекарданд. Баҳсҳояшон амиқ, дақиқ ва донишмандона буд. Он кас сабки ҳамаи шоирони форсизабонро медонистанд ва аз як байт соҳиби онро мешинохтанд.
Бо вуҷуди он ҳама шуҳрат, бисёр хоксор буданд.
Мо зиёда аз бист сол ҳамкорӣ кардем. Банда ба беш аз панҷоҳ-шаст ғазали устод оҳанг бастам. Аммо устод нисбат ба оҳанг бисёр сахтгир буданд. Бисёр вақт мешуд, ки оҳангеро қабул намекарданд. Мегуфтанд:
– Не, ин ҳанӯз дарди шеърро наёфтааст…
Боз ҷустуҷӯ мекардем. То он даме, ки оҳанг бо рӯҳи шеър як шавад. Вақте писандашон меомад, аз чашмонашон маълум мешуд.
Имрӯз ҳам сурудҳое чун “Ҳасрат”, “Ҷавонӣ рафт”, “Пири хирад”, “Сино”, “Будааст”, “Сӯзишгоҳи инсон”, “Ту напурсу ман нагӯям”, “Кӯҳу камар”, “Самарқанду Бухоро” дар дили мардум зиндаанд. Инҳо танҳо суруд нестанд, пораҳои рӯҳи миллатанд.
Ҳар баҳор якҷо ба зодгоҳ сафар мекардем. Аз роҳи Бойсуну Самарқанд мегузаштем. Он солҳо роҳҳо душвор буданд. Аз декабр то июн роҳи ағбаи “Анзоб” баста мешуд. Устод сафар, сайри домани кӯҳро дӯст медоштанд. Бо табиат гуфтугӯи пинҳонӣ доштанд.
Дар деҳа чанд рӯз дар хонаи мо мемонданд. Падарамро бисёр эҳтиром мекарданд. Он эҳтироме, ки устод ба калонсолон доштанд, имрӯз кам дида мешавад. Дар вуҷудашон ҷавонмардӣ буд. Бо Сорбон дӯстии дерина доштанд, ҳамеша якҷо буданд.
Устод Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноатро бисёр эҳтиром мекарданд. Умуман, дар зиндагӣ ҳама кору пайкорашон ҷавонмардона буд.
Бисёр шоирон ҳастанд, ки калимаҳои зебо мегӯянд. Аммо на ҳар шоир метавонад дарди халқро баён кунад. Лоиқ ҳамин тавонро дошт. Ӯ алами замонро аз дили мардум мегирифт ва ба шеър табдил медод. Барои ҳамин шеърҳояш имрӯз ҳам зиндаанд.
Ӯ модарро чунон васф кард, ки гӯё тамоми меҳри ҷаҳон дар шеъраш ҷамъ шуда бошад. Ватанро чунон гуфт, ки ҳар тоҷик дар сухани ӯ худро меёфт.
Миллати тоҷик шоирони бисёр дорад. Аммо Лоиқ падидаи дигар буд. Ӯ шоире буд, ки миёни шеър ва тақдири миллат пул сохт.
Имрӯз, дар арафаи 85-солагии устод, ман пеш аз ҳама инсони бузургеро ба ёд меорам, ки зиндагии худро барои сухан, миллат ва фарҳанг бахшид.
Чунин инсонҳо кам меоянд, вале, афсӯс, зуд мераванд.
Афзалшо ШОДИЕВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ