Лоиқ Шералӣ чаро барои мо муҳим аст?

Миллатҳо ҳам мисли инсонҳо сарнавишт доранд. Баъзе миллатҳо дар сарват бузурганд, баъзе дар силоҳ, баъзе дар қудрати сиёсӣ. Аммо миллатҳое ҳастанд, ки рӯҳи худро дар сухан нигоҳ медоранд. Онҳо агар ҳатто давлати пуриқтидор ҳам надошта бошанд, агар сарзаминашон борҳо тӯли таърих тороҷу валангор шуда бошад ҳам, боз қомат рост мекунанд. Зеро чизе доранд, ки аз шамшер бурротар ва аз тахт пойдортар аст. Ва он рӯҳи фарҳанг аст. Тоҷик ҳамин гуна миллат мебошад.

Мо миллате ҳастем, ки борҳо деворҳоямон фурӯ рехтанд, аммо каломамон боқӣ монд. Давлатҳоямон парешон гаштанд, аммо забонамон зинда монд. Ва агар аз ман пурсанд, ки чаро тоҷик баъди ҳазор соли шикасту фоҷиаҳо ҳанӯз тоҷик аст, мегӯям: зеро ҳар аср як нафар бархесту рӯҳи миллатро аз нав бедор кард.

Рӯдакӣ.

Фирдавсӣ.

Мавлоно.

Айнӣ.

Турсунзода.

Муъмин Қаноат ва баъд Лоиқ Шералӣ.

Бузургон шакли дигари виҷдони миллатанд. Мо одат кардаем, ки шоирро гӯяндаи шеър бубинем. Аммо шоири ҳақиқӣ замонро тафсир мекунад, дарди мардумро ба забон меорад. Он чиро, ки миллат эҳсос мекунад, аммо баён карда наметавонад, ӯ ба сухан, калима табдил медиҳад.

 Маҳз барои ҳамин сарнавишти шоирон ҳамеша фоҷиабор аст. Чунки мардум аз шоир нур мехоҳанд, аммо кам касе мепурсад:

Ин нур аз куҷо меояд?

Бо чӣ қимате месӯзад?

Чанд пораи ҷон ба оташ табдил мешавад, то миллат гарм монад?

Лоиқ шоири худсӯзу худафрӯз буд. Ӯ барои шуҳрат шеър нагуфт. Барои ҷоиза ҳам не. Ӯ барои наҷоти рӯҳи тоҷик шеър гуфт.

 Замоне, ки бисёриҳо забони модариро танҳо василаи гуфтугӯ медонистанд, Лоиқ онро ба сатҳи виҷдон бардошт. Ӯ фаҳмид, ки агар забон бишканад, миллат низ мешиканад. Агар инсон аз решаи маънавии худ ҷудо шавад, ба мавҷуде табдил меёбад, ки роҳ меравад, мехӯрад, мехобад, аммо дигар таърих надорад.

Барои ҳамин Лоиқ навишт:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

 К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Ин танҳо шеър нест. Ин ҳукми таърих аст. Мо дар давроне зиндагӣ мекунем, ки ҳама чиз бо суръати хабар аз пеши назар мегузарад, зуд фаромӯш мешавад. Ҳама чиз. Ҳатто эҳтиром, ки кӯтоҳумр шудааст. Дар чунин замон бузургтарин фоҷиа он нест, ки миллат душман дорад. Фоҷиа он аст, ки миллат тадриҷан қобилияти шинохти бузургони худро аз даст медиҳад. Имрӯз одамони миёнаҳол бисёр шудаанд. Одамоне, ки ба дарки қулла қодир нестанд. Чунки инсони баландидрок метавонад баландии қулларо дарк кунад. Одамони паст тавони эътирофи баландиро надоранд. Вақте шахси кӯтоҳандеш ба бузург нигоҳ мекунад, аввалин эҳсосаш ҳайрат нест, нороҳатист. Зеро ҳузури бузургон нотавонии ӯро ошкор месозад. Барои ҳамин таърих пур аз сангҳоест, ки миёнаҳолон ба сӯйи бузургон меандозанд.

Суқротро заҳр доданд.

Мансурро ба дор кашиданд.

Фирдавсиро ранҷонданд.

Камолро гуреза карданд.

Ва Лоиқро… Лоиқро танҳо гузоштанд. На ҳама, албатта. Мардум дӯсташ медоштанд. Аммо ҷомеа ҳамеша бо бузургон муносибати аҷиб дорад: то зиндаанд, аз гармии онҳо истифода мебарад, вақте аз олам мераванд, мефаҳмад, ки дар торикӣ мондааст. Аммо дер мешавад. Ман солҳои зиёд дар муҳити фарҳанг зиндагӣ кардам. Чеҳраҳои зиёдеро дидам. Касоне буданд, ки ҳангоми зинда будани Лоиқ чун соя аз пасаш мегаштанд. Номи ӯ барояшон такягоҳ, зинаҳои камолот буд. Аз ҳузураш гарм мешуданд. Аммо ҳамин ки чашмони шоир пӯшида шуданд, хотираҳо низ бо ӯ дафн гардиданд. Ин хислати одамони манфиатҷӯст: онҳо то даме гирди шамъ мегарданд, ки шамъ месӯзад. Аммо инсонҳои ҳақиқӣ баъд аз хомӯш гаштани шамъ ҳам гармии онро фаромӯш намекунанд. Мо бисёр вақт фикр мекунем, ки ба бузургон эҳтиром мегузорем. Не! Ҳақиқат ин аст, ки мо худпарастем ва дар ин роҳ эҳтиёҷ ба номи бузургон дорем. Миллате, ки бузургони худро фаромӯш мекунад, тадриҷан, мисли дарахти решахушкшуда ба замин фурӯ мерезад.

Давлат танҳо иқтисод, роҳу бино, сиёсат нест. Давлат, пеш аз ҳама, хотираи муштарак, рӯҳи муштарак, эҳсоси ягонагӣ аст! Ва ин рӯҳро шоирон, нависандагон зинда нигоҳ медоранд. Манзури ман асилшоирону нависандагон ҳастанд. Шояд барои ҳамин онҳо дар ҳама давру замон танҳо мемонанд. Чунки бори сангини миллатро бар дӯш доранд; БОРИ РӮҲРО. Ва ҳамин рӯҳ ба дӯшбори Лоиқ буд.

Ӯ ҳамтақдир, ҳамдард, ҳамнафаси миллати тоҷик буд. Баъзе одамон бо гузашти солҳо пир мешаванд, баъзеҳо аз ғурбати зиндагӣ. Аммо инсонҳое ҳастанд, ки ғами миллат онҳоро пир мекунад. Лоиқ аз ҳамин ҷумла буд. Имрӯз, вақте ба гузашта менигарам, беш аз ҳама аз як чиз метарсам: аз он ки насли ҷавон қаҳрамонҳои ҳақиқии худро гум кунад. Зеро миллате, ки қаҳрамонҳои воқеӣ надорад, маҷбур мешавад қаҳрамонҳои сунъӣ созад.

Мо бояд ҷавононро ба назди қуллаҳо баргардонем.

 Ба назди Рӯдакӣ.

Ба назди Фирдавсӣ.

Ба назди Аҳмади Дониш.

Ба назди Айнӣ.

Ба назди Лоиқ…

 На барои парастиши шахсият, барои наҷоти рӯҳ. Зеро миллатҳо бо нон, тарс, пул зинда намемонанд. Онҳоро маънавиёт зинда нигоҳ медорад. Он рӯҳи ноаёне, ки инсонҳоро ба гузашта, забон, фарҳанг, виҷдон ва фардо мепайвандад. Ва шоирон, нависандагон офарандагони ҳамин маънавиёт, посбонони рӯҳи миллатанд. Агар давлат марз дошта бошад, маънавиёт марз надорад. Он дар дилҳо зиндагӣ мекунад. Лоиқ Шералӣ яке аз охирин бузургоне буд, ки тавонист миёни миллат ва маънавиёт пули устувор бисозад. Ӯ дарди мардум, ғурури тоҷик, алами таърих ва муҳаббати Ватанро ба шеър табдил дод. Барои ҳамин суханаш аз доираи адабиёт берун рафта, ба қисмате аз виҷдони миллат мубаддал гардид. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ зинда монд.

Рӯҳи Лоиқ Шералӣ имрӯз дар забони тоҷикӣ нафас мекашад, дар ғурури бедори миллат садо медиҳад ва дар қалби ҳар тоҷике зиндагӣ мекунад, ки Ватан, забон ва маънавиёти худро дӯст медорад.

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *