Падар дар хотираҳои писар

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАРО НАЗДИ ХУД ХОНДАНД ВА ГУФТАНД: «ТО ИМРӮЗ ФАРЗАНДЕРО НАДИДААМ, КИ ИН ҚАДАР БА ПАДАРАШ МОНАНД БОШАД». ҲАМОН ЛАҲЗА ДАР НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕҲРИ ПАДАРРО ЭҲСОС КАРДАМ ВА АШК БЕИХТИЁР АЗ ЧАШМОНАМ ҶОРӢ ШУД.

ШОИРӢ ҲАМ БА МАСАЛ ДЕҲҚОНИСТ

– Чаро роҳи зироатшиносиро интихоб кардед?

 Ин аввалин саволе буд, ки аз ӯ пурсидам. Зеро Диловар дар муҳите ба камол расидааст, ки саршор аз шеър, адаб, суҳбатҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои аҳли қалам буд. Табиист, ки бисёриҳо гумон мекарданд ӯ низ роҳи адабиётро пеш хоҳад гирифт.

Ӯ бо табассуме ором гуфт:

– Ин саволро аз дигарон ҳам зиёд шунидаам. Дар хонаводаи мо, ки саршор аз китоб, шеър ва нишастҳои адабӣ буд, падар ҳеҷ гоҳ барои интихоби касб маҷбур намекарданд. Баръакс, ихтиёри интихобро ба худи мо-фарзандон вогузор карда буданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ ба фанҳои табиатшиносӣ, махсусан кимиё ва генетика таваҷҷуҳи зиёд дошт. Ҳатто дар озмуни ҷумҳуриявии хонандагон аз фанни кимиё соҳиби ҷойи дуюм гардидааст: «Он солҳо ба зиндагӣ ва осори олимони машҳури генетика Климент Тимирязев ва Николай Вавилов таваҷҷуҳи зиёд доштам. Ҳамин шавқу ҳавас маро ба факултаи зироатшиносии донишкадаи кишоварзӣ бурд». Падараш, шоири бузург Лоиқ Шералӣ интихоби фарзандро бо хушнудӣ пазируфтаанд. Чун худ зодаи кӯҳистон буданд ва қадри нони деҳқонро хуб медонистанд, борҳо аз сафарҳои хориҷӣ китобҳои нодир оид ба илми зироатшиносиро барои писарашон туҳфа овардаанд. Диловар бо эҳтиром байти машҳури падарро ёд мекунад: Шоирӣ ҳам ба масал деҳқонист, Шеър бунёди ҳама маснадҳост.

ДИЛОВАР Ё ҶАМШЕД?

 Бисёриҳо ӯро бо ду ном мешиносанд: Диловар ва Ҷамшед. Ин қисса низ ҷолиб аст.

– Барои посух ба ин савол,- мегӯяд ӯ,- бештар ба хотираҳои модари раҳматиам такя мекунам. Ӯ дар шаҳри Панҷакент, дар хонаи бобояш – омӯзгори маъруф Қутбиддин Раззоқов ба дунё омадааст. Вақте хабари таваллуди ӯро ба падараш тавассути телефон мерасонанд, устод Лоиқ номи «Ҷавшан»-ро пешниҳод мекунанд. Аммо ба гӯши бобояш ин ном «Ҷамшед» мерасад. Он солҳо номи «Ҷавшан» ғайриодӣ буд. Ҳамин тавр, дар хона ӯро Ҷамшед ном мебаранд. Вале ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, падар фикр мекунанд, ки навишти номи «Ҷамшед» дар ҳуҷҷатҳои расмӣ шояд мушкил эҷод кунад ва онро ба шакли русии «ДЖ» сабт намоянд. Аз ҳамин сабаб, дар зоднома номи «Диловар» навишта мешавад. – То имрӯз наздикон маро Ҷамшед мегӯянд, аммо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ Диловар ҳастам. Ҷолиб он аст, ки баъдтар, вақте нахустин писараш ба дунё меояд, падар ҳамон номи аввалини интихобкардаашон – «Ҷавшан»-ро ба набера мегузоранд.

АЛАФДАРАВИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

Хонаи Қутбиддин Раззоқов дар имрӯза кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ то имрӯз дар ёди пирони Панҷакент ҳамчун макони маҳфилҳои адабӣ боқӣ мондааст. Ба нақли Диловар, бобояш солҳои донишҷӯӣ бо шоири маъруф Боқӣ Раҳимзода ҳамсабақ будаанд ва ин дӯстӣ то поёни умрашон идома доштааст. Борҳо Боқӣ Раҳимзода ва Мирзо Турсунзода ҳангоми сафар ба Панҷакент меҳмони ҳамин хонадон шудаанд.

Ӯ яке аз хотираҳои шавқоварро чунин нақл мекунад:

– Рӯзе дар яке аз нишастҳо байни меҳмонон байтбарак баргузор мешавад. Шарт мегузоранд, ки ҳар кас байт ёфта натавонад, алафи юнучқаи ҳавлиро медаравад. Бо амри тасодуф устод Боқӣ Раҳимзода дар ёфтани байт дармемонанд ва бо хандаи аҳли маҳфил дос ба даст гирифта, ба дарави алаф мепардозанд. Маҳз дар ҳамин ҳавлӣ аввалин дидори Лоиқ Шералии ҷавон бо устодони бузурги адаб сурат гирифтааст. Баъдтар низ, ҳар боре ба Панҷакент меомаданд, ҳамин хона макони ҷамъомади аҳли зиё ва дӯстони сершуморашон мешуд. – Ин хонаи хурду назарногир имрӯз барои ман чун ёдгории муқаддаси волидон ва қадамгоҳи бузургон аст,- мегӯяд ӯ.

ПАДАР ДАР ХОТИРАҲОИ ФАРЗАНД

 Вақте аз ӯ пурсидам, ки падар дар ёдаш чӣ гуна мондаанд, каме сукут кард ва баъд ором гуфт: – Бо нигоҳи гарму меҳрубон ва табассуми малеҳ. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ нашунидааст, ки падар бо фарзандон бо тундӣ сухан гуфта бошанд. – Агар аз мо кори нодурусте содир мешуд, танҳо як нигоҳашон кофӣ буд, ки ҳама чизро дарк кунем. Падар ақида доштанд, ки вақте писар ба ҳаждаҳсолагӣ мерасад, бояд дӯсти падар бошад. Хушбахтона, ман дӯсти падарам будам. Бо ман машварат мекарданд, ба фикру пешниҳодҳоям гӯш медоданд. Ӯ борҳо падарашро назди духтури маъруфи қалб Соҳибназар Раҳмонов бурдааст ва ҳатто онҳоро ба варзиш ва сафар ба кӯҳистони Варзоб ташвиқ мекард. Ба гуфтаи Диловар, падар ҳам инсони бисёр хокӣ буданд ва ҳам соҳиби ғурури баланд: Ҳаргиз набарам ба нокасе рӯйи ниёз, Дастам шиканад, ба гарданам овезам.

МУҲАББАТ БА КИТОБ

 Диловар хуб дар хотир дорад, ки падараш шабҳо пас аз хоби аҳли хона ба утоқи кори худ медаромаданд ва то саҳар мутолиа мекарданд. Субҳ рӯи мизашон ҳамеша китобҳои шеър ва луғатномаҳо – «Ғиёсуллуғот», «Фарҳанги Амид», «Луғати Деҳхудо» ва дигар китобҳои нодир кушода меистоданд. Ӯ мегӯяд: – Падар аз сафарҳои Эрон китобҳои зиёде оварда буданд. Аз ҷумла, ду маҷмуаи пурраи «Луғати Деҳхудо»-ро, ки ҳар кадом 17-18 ҷилд дошт. Яке аз онҳоро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа карданд. Ба андешаи ӯ, Худованд ба падараш на танҳо истеъдоди азалӣ, балки меҳнати бузург дар ҷустуҷӯи вожаҳои нобро низ ато карда буд. – Дар ҷайбашон ҳамеша блокнот доштанд. Ҳар фикр ё калимаи ҷолиберо мешуниданд, ҳатман сабт мекарданд.

ЛАҲЗАЕ, КИ АШК ПИНҲОН НАМОНД

Ӯ Наврӯзи соли 2018-ро низ бо эҳсоси зиёд ба ёд меорад – рӯзи ифтитоҳи “Кохи Лоиқ” ва пардабардорӣ аз муҷассамаи устод. Дар саҳна нақши падарро худи ӯ иҷро мекард. Пас аз анҷоми намоиш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ӯро назди худ мехонанд ва мегӯянд: “То имрӯз фарзандеро надидаам, ки ин қадар ба падараш монанд бошад”. – Дар ҳамон лаҳза,- мегӯяд Диловар,- дар нигоҳи Пешвои миллат меҳри падарро эҳсос кардам ва ашк беихтиёр аз чашмонам ҷорӣ шуд. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки имрӯз ҳам муҳаббати мардум ба Лоиқ Шералӣ кам нашудааст. – Номбардори асосии падар, пеш аз ҳама, ашъори ҷовидонаи ӯст.

ДЕҲҚОНӢ ВА ШОИРӢ

Дар анҷоми суҳбат аз ӯ пурсидам:

– Оё байни кори худ – офаридани навъҳои нави зироат ва эҷодиёти падараш монандие мебинад?

Каме андеша кард ва баъд боз ба шеър паноҳ бурд:

Гар зи деҳқонию аз барзгарӣ

 Тухмпошӣ ба замин аст мурод,

Шоирӣ ҳам ба масал деҳқонист,

Ки кунад мазраи дилҳо обод.

Ва шояд ҳақиқат ҳамин бошад: яке тухм ба замин мекорад, дигаре ба дил. Аммо ҳар ду барои фардо зиндагӣ мекунанд.

Бобо СОЛЕҲЗОДА,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *