Толибхон Шаҳидӣ: Бо Лоиқ дӯст ва ҳамсоя будем

Он рӯзро хуб дар ёд дорам. Падари ҳамсарам Гулсифат аз олам даргузаштанд. Он рӯзҳо сангину фаромӯшношуданӣ буданд. Гулсифат тасмим гирифт, ки сари мазори падар лавҳае дар шакли китоб гузорад ва катибаи муносибе меҷуст.

Мо дар наздикии чорроҳаи “Хонаи матбуот” зиндагӣ доштем. Боре ба кӯча баромадем. Идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар чорраҳа қарор дошт. Дар назидикии он тути худрӯйи бузурге буд. Зери он Лоиқ Шералӣ меистод. Шояд касеро интизор буд.

Баъзе вохӯриҳо тасодуфӣ нестанд, онҳо ҳамон вақт рух медиҳанд, ки одамон ба ҳамдигар ниёз доранд.

Гулсифат гуфт:

– Ана устод Лоиқ. Аз эшон хоҳиш мекунем, ки катиба нависанд.

Мо хуб медонистем, ки дар катибанависӣ касе ба пояи ӯ намерасад. Баъди аҳволпурсӣ Гулсифат мақсадашро баён кард. Лоиқ бо табассуме гарму самимӣ гуфт:

– Ба ҷонам, янга, пагоҳ катибаро мегиред.

Субҳи барвақт телефон занг зад. Гӯширо Гулсифат бардошт. Лоиқ буд. Гулсифат гӯширо рӯйи миз гузошту саросемавор дар ҷустуҷӯйи коғазу қалам шуд. Лоиқ байтеро тавассути телефон қироат кард ва баъдтар он ҳамчун катиба дар лавҳаи мазори падар пайдо шуд:

Умр чун саҳфаест дар китоби оламӣ,

Боқӣ ба зикри хайр бувад номи одамӣ.

Солҳои зиёд бо Лоиқ дар як маҳала зиндагӣ мекардем. Ҳамин ҳамсоягӣ сарчашмаи дӯстии мо гашт. Ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад доштем. Баҳс мекардем, шеъру оҳанг меофаридем. Ӯ шоири худодод буд. Ман, ки умрамро ба мусиқӣ бахшидаам, хуб медонам, на ҳар овоз, на ҳар сухан ба дил мерасад. Бисёр ҳарфҳое ҳастанд, ки аз як гӯш медароянду аз гӯши дигар мебароянд. Вале шеъри Лоиқ аз дил берун меомад. Шеъраш мусиқӣ дошт. Вақте онро мехонӣ, эҳсос мекунӣ, ки дар паси ҳар калима оҳанг, дард ва орзу пинҳон аст. Ин аст сирри нотакрории ӯ. Лоиқ Шералӣ чизеро менавишт, ки дигарон эҳсос мекарданд, аммо гуфта наметавонистанд. Ӯ забони дили мардум буд.

Дар акс: Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид
Миршакар, Додохони Эгамзод Раҳим, Ҳошим, Лоиқ Шералӣ

Барои ман Лоиқ мисли оҳангест, ки аз хомӯшӣ оғоз мешавад ва ба авҷи само мерасад. Дар ҳар мисрааш ҳаракат, ритм, нафас ҳаст.

Ӯ шоири нотакрор буд. Вай на танҳо дигарон, ҳатто худро дар шеърҳояш такрор накардааст. Ӯ ба ҳеҷ қолаб нагунҷид. Ӯ ҳамеша бо худ, мардум, замон рост буд. Ва ростӣ худ нотакрор аст.

Имрӯз, вақте ба шеърҳои ӯ бармегардам, эҳсос мекунам, ки ӯ ҳанӯз бо мост: дар хотираҳо, дар он лаҳзаҳои бо ҳам будан, дар баҳсу суҳбатҳои нотакроре, ки гӯё ҳанӯз идома доранд.

Ёдам меояд, боре дар хонаи мо нишаста будем. Маҳфиламон чандон калон набуд: ман, Лоиқ, коргардон Юнус Юсуфов, адабиётшинос Ҷӯрахон Бақозода ва баъдан дигарон низ ҳамроҳ мешуданд. То дер нишастем. Албатта, он замон нишастҳои аҳли адаб чӣ гуна оғозу анҷом меёфтанд, ба касе пинҳон нест: як даст ба ҷому як даст ба қалам ҳолати маъмулӣ буд. Аммо бо вуҷуди ин, асарҳое эҷод мешуданд, ки дар дили мардум ҷойгоҳи худро пайдо мекарданд. Он шаб низ аз ҷумлаи чунин шабҳо буд. Ман дар сари пианино, Лоиқ дар гӯшаи миз қалам дар даст чизе менавишт.

Шеъри

Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст,

Ошиқи эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст

ҳамин шаб иншо шуд.

Дар гӯшаи миз варақе меистод, ҳамон коғазе, ки ӯ ин шеърро дар он навишта буд. Гулсифат онро бардошт; гумон кард коғази нодаркор аст. Лоиқ якбора ҳушёр шуд:

– Ой, янга, напартоед!

Гулсифат ҳайрон монд. Коғазро кушод, дар он шеър буд. Ӯ табассум кард ва бо лаҳни шӯхиомез гуфт:

– Он чӣ дар хонаи мо эҷод мешавад, моли мост.

Лоиқ гарм хандид ва ҷавоб дод:

– Фақат як рӯз ба орият диҳед…

Шеъри дигар ӯ:

Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо»

низ дар ҳамин гуна нишастҳо ба дунё омад.

Он шабҳо, он суҳбатҳо, он лаҳзаҳо гӯё худ ба худ ба шеър табдил меёфтанд. Касе намедонист, ки кай гуфтугӯ ба андеша мегузарад, андеша ба калима ва калима ба шеър.

Ду мисраи ин шеър то имрӯз дар гӯшам садо медиҳад:

Мисли марди қуллапаймое, ки маргаш қулла аст,

Аз баландии сухан афтода мемирем мо.

Лоиқ Шералӣ аз баландии сухан ба умқи кайҳон фурӯ рафт. Баъд аз ҳазор соли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дунё омад, вале намедонам кай чунин як шоире аз батни модар берун меояд.

Як хислати нодири дӯстам Лоиқ Шералӣ ин буд, ки дар бораи одамон танҳо сухани нек мегуфт. Гӯё дилу забонаш бо ҳам аҳд баста буданд, ки бадиро роҳ надиҳанд. Агар ба гӯшаш мерасид, ки касе дар ҳаққи ӯ сухани носазо гуфтааст ё рафтори номуносиб кардааст, ҳеҷ гоҳ ба ӯ дарнамеафтод. Фақат дасташро сабук алвонҷ дода, пушти сар мебурд, гӯё он суханро ҳамон ҷо, пушти сар, дар гӯшаи фаромӯшӣ мепартофт. На баҳс, на ранҷиш, танҳо гузашт.

Падарам низ дар чунин ҳолатҳо ба ҳамин тарз рафтор мекарданд. Кафҳои дасташонро мисли карнай карда, бо як “пуф” ба ҳаво медамиданд, гӯё сухани бадро ба бод месупориданд, то дигар барнагардад.

Ин як дарси зиндагӣ буд: на ҳар чизе, ки гуфта мешавад, сазовори посух аст. Баъзан бузургтарин ҷавоб фаромӯш кардан аст.

Солҳои ҳаштодуми асри гузашта буд. Симфонияи «Садо»-и ман дар саҳнаҳои гуногуни ҷаҳон садо медод. Шоме дар хона нишаста будам, ки Лоиқ ворид шуд. Дар рафти суҳбат ӯ шеъри «Агар»-ро қироат кард. Ман гӯш кардам ва дарҳол эҳсос намудам, ки вай бо ин шеър ҳолати замонро баён мекунад. Зеро он солҳо бисёр чизҳоро ошкор гуфтан мумкин набуд. Суханҳо дар зеҳн мемонданд, дар дил фишурда мешуданд. Аммо Лоиқ бо як калимаи «агар» ҳама чизро гуфт. Калимае, ки гӯё дар худ ҳам дард дошт, ҳам эътироз, ҳам орзу. Ва аҷиб он буд, ки он “агар” дар зиндагии худи ман низ ҷой дошт. Шояд барои ҳамин он шеър ба дилам нишаст.

Он лаҳза тасмим гирифтам асаре бо номи «Агар» офарам. Асаре, ки на танҳо шунида шавад, балки эҳсос гардад. Аммо насиб набудааст, ки ин мақсадро замоне, ки Лоиқ зинда буд, амалӣ созам. Танҳо баъди марги ӯ, ин андеша шакл гирифт ва филмномаи мусиқии «Агар» рӯйи кор омад.

Ҳамин тавр, консерти банда барои алт ва оркестри симфонӣ бо номи «Агар» эҷод гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *