Лоиқ ва Самарқанд

Ману Лоиқ ҳамсинну солем, ҳар ду соли 1941 пеш аз ҷанг таваллуд шудаем: ман дар моҳи январ, ӯ дар моҳи май. Овони бачагию наврасии ҳар дуи мо ҳам дар солҳои ҷанг ва баъди ҷанг дар водии Зарафшон – аз ман дар Самарқанд ва аз ӯ дар Панҷакент гузашта, ҳар ду ба майдони илму эҷод дар як вақт қадам гузоштаем. Шояд ҳамин монандиҳо буданд, ки моро дӯстони қарин ва бародарони ҷонӣ карданд.

Бо Лоиқ бори нахуст дар курс-конференсияи адибони ҷавон моҳи ноябри соли 1963 дар Душанбе во хӯрдаем. Баъдан, банда дар Самарқанд аз пайи корҳои илмӣ ва омӯзгорӣ Донишгоҳи Самарқанд шудаму дӯстам Лоиқ бо зинаҳои эҷод боло рафт ва аз нахустин офаридаҳояш ҳамчун шоири бузург эътироф шуд. Барвақт аъзои Иттифоқи нависандагон, сазовори Ҷоизаи давлати ба номи Рӯдакӣ ва соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуд. Аз ҳама муҳим шеъраш вирди забони хосу ом гардид. Вале дӯсти бузургвори ман хоксориву фурӯтаниро аз даст надод ва то охири умр хоксору самимӣ боқӣ монд.

Лоиқ ҳамеша аз сарнавишти Самарқанд меадешид. Ҳар боре ки банда ба Душанбе мерафтам, албатта ба Иттифоқи нависандагон сар мезадам ва Лоиқро дар ҳамин ҷой пайдо мекардаму суҳбати мо оиди вазъи забон, маърифат ва фарҳанги тоҷикони Самарқанд, умуман Ӯзбекистон мерафт. Ӯ ҳар бор маро талқин ва ба такрор таъкид мекард, ки намунаҳо аз осори суханварони Самарқандро ба рӯзномаву маҷаллаҳои адабии Тоҷикистон бисёрам ва онҳоро муаррифӣ кунам. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буданд, ки ҳамон солҳо шеърҳои шоирони ҷавони Самарқанд Салим Кенҷа, Ҳамроқул Даврон, Акбар Пирӯзӣ, Ҳаёт Неъмат таҳти назари Лоиқ дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” (ҳоло “Садои Шарқ”) ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешуданд ва ин адибон ҳамеша худашонро бо ифтихор шогирдони Лоиқ муаррифӣ мекарданд. Баъди шаст соли нашри “Намунаи  адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ  бо маслиҳат ва роҳнамоии Лоиқ  ва даву този зиёди банда баёзи назму насри “Гулдастаи Самарқанд” ва  китобҳои шеърии ҷавоншоироне, ки зикрашон рафт дар Душанбе чоп шуданд.

Банда имрӯз дарк мекунам, ки дар ҳалқаи пайванди Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз шахсиятҳои чун Лоиқ намерасанд, ки дилсӯзу мададрасон бошанд.

Лоиқ натанҳо дар нашру муаррифии осори адибони самарқандӣ ва умуман тоҷикони Ӯзбекистон дасти мадад дароз мекард, балки зуд-зуд бо даъвати мо ба вохӯрӣ меомад. Банда ин дӯсту бародари ба ҷон наздикамро чанд маротиба ба  Самарқанд даъват карда, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар мактабҳои тоҷикии вилоят вохӯриҳои ӯро бо мухлисон ташкил карда будам. Он солҳо мухлисони Лоиқ ба ин маҳфилҳо бо иштиёқ меомаданд ва то имрӯз онҳое ки дар қайди ҳаётанд, аз он вохӯриҳо мегӯянд.

Солҳои 80-ум дар Самарқанд маҳфили эҷодкорони тоҷикро бо номи “Сайқал” созмон дода будем. Бо дархости эҷодкорони ҷавон чанд бор Лоиқро ба маҷлисҳои маҳфил даъват кардем. Ӯ ҳар бор адибону олимонро ҳамроҳи худ меовард. Бо баракати Лоиқ эҷодкорони ҷавон мухлисони адабиёти дар он солҳо бо Фотеҳ Ниёзӣ, Расул Ҳодизода, Атахон Сайфуллоев, Раҷаб Амонов, Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Меҳмон Бахтӣ, Баҳром Фирӯз, Қутбӣ Киром, Камол Насрулло,  Наримон Бақозода, Ҷӯрахон Бақозода, Ибод Файзуллоев, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Абдураҳмон Абдуманнонов ва дигарон ошно шуда, аз онҳо маслиҳату машварат мегирифтанд. Ба ҷуз иштирок дар маҳфили “Сайқал” мо ин азизонро ба Донишгоҳ, мактабҳои тоҷикии  шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои Самарқанд, Ургут, Тайлоқ, Нуробод, Пастдарғам мебурдем ва бо мардум вохӯриҳо ташкил мекардем.

Ба ёдам ҳаст, ки боре даруни мошин Салим Кенҷа як шеъри худро, ки дар он шароб сахт мазамат карда шудааст ба Лоиқ хонд. Лоиқ гуфт:

– Ҳар дуямон шаробро дӯст медорем, чаро онро сахт мазамат кардӣ?

Салим ҷавоб дод:

– Шеъри маро дигарон хонда, аз шаробнӯшӣ даст мекашанд, барои мо бештар мемонад.

– Ин тавр бошад, навиштан гир! – гуфт бо лутф Лоиқ ва ҳама хандидем.

Як даъфаи дигар нависандаи хушбаёни самарқандӣ Болта Ортиқзода Лоиуро барои вохӯрӣ бо мактабиён ба деҳаи Оқсой, ки Самарқанд  чиҳил километр дур,  дар  байни кӯҳпораҳои Ҳазрати Довуд ҷойгир аст даъват кард. Лоиқ розӣ шуд. Моҳи май буд. Дашту даман ҳама гулпӯш. Лоиқ манзараҳои дилфиреб ва лолазоронро дида, ҳар гоҳ аз мошин пиёда мешуд. Он лаҳза эҳсос мекардам, ки ӯ ҷузъи табиат аст ва ин дар шеърҳои ӯ эҳсос мешавад.  Дар он сафар Лоиқ чанд рубоиву дубайтӣ навишт, ки баъдан нашр шуданд. Ҳамин тавр, шеърҳои Лоиқ  “Рангҳо” ва  “Катиба дар  рӯйи нони Самарқанд” низ ҳангоми сайру саёҳат бо мо дар Регистон ва бозори Сиёб эҷод шудаанд…

Лоиқ дар навбати худ моро низ ба анҷуману чорабиниҳои адабӣ ба Душанбе даъват мекард. Пас аз ташкили Бунёди забони тоҷикӣ, банда ва Акбар Пирӯзиро ба Анҷумани якуми он даъват кард. Дар Анҷумани даҳуми нависандагони Тоҷикистон низ банда бо даъвати Лоиқ омадам ва дар раёсат дар паҳлӯйи Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи  Коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов нишаста, дар бораи вазъи забони тоҷикӣ, мактабҳои тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон суханронӣ кардам, ки он пурра дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” нашр шуда буд. Яъне Лоиқ мехост, ки аз имконияти ошкорбаёние, ки бозсозӣ ба мо дода буд, масоили тоҷикони Ӯзбекистонро дар ҳама сатҳҳо баррасӣ кунем. Лоиқ беш аз ҳама дар бораи тоҷикони Ӯзбекистон меандешид ва ин дар эҷодиёти ӯ ҳувайдо аст.

Банда ифтихор аз он дорам, ки бо даъвати Иттифоқи Нависандагони Тоҷикикистон ҳамроҳии  яке аз фаъолони Иттиҳодияи маданӣ-иҷтимоии тоҷикони Самарқанд Шамсии Саъдӣ барои иштирок ба тантанҳои  ҷашни 50 солагии  Лоиқ ба Душанбе сафар карда будем.

Маро насиб гардида буд, ки дар маҷлиси тантанавии ҷашн, ки дар   Кохи Борбод рух дода буд, соҳибҷашнро аз  номи мардуми  Самарқанд бо табрикномаи Котиби Якуми Комитети Партиявии  вилояти Самарқанд Пӯлод Абдураҳмонов муборакбод намоям.

Дар акс: Ҳусниддин Зулфонов, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Лоиқ, Ибод Файзуллоев, Атахон Сайфуллоев, Аслиддин Қамарзода.
Дар қатори 2: Солеҳ Саидмуродов ва Ботур Валихоҷаев, майи соли 1998

Бори охирин Лоиқ ба Самарқанд соли 1998 дар ҳайати иштирокчиёни “Рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон”  омада буд… Бо сайъу эҳтимоми Лоиқ маҷмӯаи шеърҳои дӯстамон Ҷонибек Қувноқ бо  номи “Саховат” дар Душанбе  нашр шуда будааст,  ки нусхае аз онро ба ман тақдим кард.

Ин вохӯрии охирини мо бо Лоиқ буд…

Соли 2000 хабари фавти дӯстам маро сахт ғамгин кард. Вале роҳҳо баста буданду ба ҷанозаи дӯстам омада натавонистам. Имкони зиёрати мазори Лоиқ ба банда соли 2004, ки бо даъвати Меҳмон Бахтӣ барои иштирок ба 70 солагии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон омада будам, насиб шуд.

Гарчи Лоиқ аз байни мо рафтааст, лекин номи некаш бо  ашъори пурббораш ҳамеша дар дилу дидаҳои мост. Эҷодиёти Лоиқ дар Барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон низ дохил шудааст. Дар китоби дарсии “Адабиёт” барои синфи 5 (муаллифаш банда) зиндагинома ва шеъри Лоиқ бо аксаш ба табъ расидааст.  Ҳамчунин, банда ба сездаҳ  ғазали Лоиқ  мухаммас навиштаам, ки дар китоби ман  “101 мухаммас” чоп гардидаанд.

Панҷ шеъри Лоиқ: “Рангҳо”, “Бухоро”, “Хайём дар қаъри уқёнус”, “Забонгумкарда” ва “Ифтихор ва эътироз”, силсилаи рубоиёти “Ҷоми Хайём”-ро пуррра (беш аз 400 рубоӣ) ба забони ӯзбекӣ тарҷума  карда,  нусхаи тоҷикии онро бо ҳуруфоти форсӣ ва кирилӣ,  тарҷумаи ӯзбекии онро бо ҳуруфоти  кирилӣ ва лотинӣ – ҳамаро дар як китоб омодаи чоп карда мондаам, ки мунтазири сарпарасти нашр мебошад.

Вақте бо фармоиши ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ин навиштаро омода мекардам, бойгонии хотираҳоро варақ занам, санаю сабабҳои вохӯрӣ, суҳбат ва мулоқот бо Лоиқ хеле бисёранд. Бинобар ин,  агар  умр вафо кунад, онҳоро дар як китоб хоҳам навишт.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,

профессор, Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *