Ман одами “мепартофтагӣ” нестам!
Ман бо устод Лоиқ Шералӣ хотираҳои зиёде дорам. Хотираҳое, ки бо гузашти солҳо маънояшонро амиқтар дарк мекунам. Пош хӯрдани Шуравӣ кишвари моро ба майдони бозиҳои сиёсию баҳсҳои беҳуда табдил дода буд. Устод аз ин ҳама зуд хаста мешуданд. Ҳар вақте дилгир, танҳо ё парешонхотир мегаштанд, маро наздашон даъват мекарданд.
Аксар вақт ба “Чорбед”, рӯ ба рӯи бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон мерафтему сари як пиёла чой менишастем. Он замон ҳар пора хоки Варзобзамин ба ин андоза соҳибдор набуд. Устод лаб-лаби рӯд қадам мезаданд. Одат доштанд танҳо роҳ раванд: сар хам, дастҳо пушти миён. Ором қадам мезаданду гӯё бо худ суҳбат мекарданд.
Боре пурсидам:
– Устод, ягон мушкил доред?
Табассум карданд:
– Не… ҳамин тавр сабук мешавам…
Дар бисёр ҷойҳое, ки менишастем, одамон бе даъват омада, сари мизи мо менишастанд. Шуҳрат ҳамин хел аст: бисёриҳо ба инсон не, ба номи ӯ наздик мешаванд.
Рӯзе дар чойхонаи “Роҳат” нишаста будем. Ду нафар омаданд. Аз чеҳраи устод ҳис кардам, ки табъашон каме хира шуд. Ба пешхизмат фармуданд, ки барояшон хӯрок биёрад.
Онҳо хӯрок хӯрда, баъд ба баҳс пардохтанд. Сари шеър, ки чӣ гуна бояд бошад. Устод аввал ором ҷавоб медоданд, вале баъд хомӯш шуданд. Ногоҳ аз ҷой бо шаст хестанд ва гуфтанд:
– Мастон, рафтем.
Аз он ҷо баромада, ба қаҳвахонаи украинии “Қарияи Боло” рафтем. Ҳанӯз чой наомада буд, ки боз як адабиётшиноси дигар пайдо шуд. Боз ҳамон баҳсҳо…

Устод на танҳо шоир, балки дар матншиносӣ, луғатшиносӣ ва таърихи забон донишманди воқеӣ буданд. Вале аз ҳама бештар нимчамуллоҳо он касро хаста мекарданд.
Боре баъди чунин баҳсҳо гуфтанд:
– Чунон хаста шудам, ки бозувонам дигар қуввати бардоштани дастонамро надоранд…
Устод табиати бисёр ҳассос доштанд. Як рӯз баъди анҷоми нишасте шахсе лутф карду гуфт:
– Биёед устод, ман шуморо бурда мепартоям.
Устод якбора хомӯш шуданд. Баъд ором гуфтанд:
– Ман одами “мепартофтагӣ” нестам…
Он одам нияти бад надошт, аммо устод ба ҳар калима аҳамият медоданд. Барои он кас сухан танҳо овоз не, маънӣ буд. Касе онро мешикаст, мисли оне буд, ки устодро мешикаст.
Боре, ҳангоми сафари Варзоб ман фитаеро гузоштам.
Пурсиданд:
– Инро аз куҷо гирифтӣ?
Ёд надорам, ки чӣ посух додам. Талаб карданд, ки онро барояшон диҳам.
Фитаро аз дастам гирифтанд, аз тирезаи мошин ба берун андохтанд ва гуфтанд:
– Мастон, дигар ин гуна сурудҳои бемаъниро гӯш карда, зеҳнатонро кунд накунед!
Устод Тоҷикистонро бисёр дӯст медоштанд. Аз истиқлолият хушҳол буданд. Бо тоҷик будан ифтихор мекарданд. Агар касе шеъри хуб мегуфт, ҳатман қадр мекарданд. Соатҳо ҳамроҳаш суҳбат, раҳнамоӣ мекарданд. Ҳасадхӯр набуданд, дили васеъ доштанд.
Соли 2000-ум 59-солагии устодро дар Боғи “Комсомол” ҷашн гирифтем. Афзалшо Шодиев суруд мехонд, устод Сорбон ош мепухтанд. Устод ба ман гуфтанд:
– Лаҷоми маъракаро ба даст гир.
Баъди анҷоми нишаст, аз назди стадиони “Фрунзе” пиёда қадам задем. Он кас бо табассуми нарм, ишора ба ҷониби намоишгоҳ (ВДНХ) карда, гуфтанд:
– Дар 60-солагиам ҳамин ҷо 60 дег ош мекунем…
Баъдтар ман дарк кардам, ки он кас ишора ба мазористони “Лучоб” доштаанд.
Гӯё устод пешакӣ медонистанд, ки умрашон кӯтоҳ аст.
Имрӯз бисёр чизҳоро ба ёд меорам. Бисёр чеҳраҳоро ҳам. Касоне буданд, ки ҳангоми зинда будани устод мисли соя аз пасашон мегаштанд. Дар ҳар маҳфил худро наздиктарин дӯст вонамуд мекарданд. Аммо ҳамин ки устод аз дунё рафтанд, на танҳо ӯ, балки хотираҳоро ҳам бо ӯ ба гӯр супориданд.
Ин аст одати баъзе одамон, ки то чароғ фурӯзон аст, гирдаш парвона мешаванд. Вале инсонҳои ҳақиқӣ баъд аз хомӯшии чароғ ҳам гармии онро фаромӯш намекунанд.
Имрӯз ман ҳар бор номи устод Лоиқро мешунавам, пеш аз ҳама инсони бисёр нозукдил, ҷавонмард, ватандӯст ва хаста аз ҷаҳолати одамон пеши назарам меояд. Шоире, ки барои миллат сӯхт. Шоире, ки мехост мардумаш баландфикр, озодандеш ва соҳибзавқ бошанд.
Одамон мемиранд, курсиҳои мансаб ба хок яксон мешаванд, аммо баъзе инсонҳо баъди маргашон бештар зинда мегарданд.
Устод Лоиқ Шералӣ аз ҳамон гуна инсонҳо буданд.
Мастон ШАРИФОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ