Шеъри нахустини устод Лоиқ

Аввалин шеъри шоири миллии тоҷикон устод Лоиқ Шералӣ кадом аст? Ва оё то шеъри машҳури «Ном» дар соли 1959 ҳам шоир ягон шеъре офарида ё не? Ҳаст ва офаридааст ва он шеър бо тахаллуси Лоиқҷон эҷод шудааст. Дар зер тафсили ин нуктаро мехонем:

То ҳол зимни руҷуи ҳамешагӣ ба ҷойгоҳи устод Лоиқ борҳо гуфта ва навишта шуда, ки аввалин сурудаи ӯ дар олами шеър «Ном» аст. Дар ин боб як сухани худи шоир ҳам далел аст: «Ман дар овони бачагӣ номамро бо порае аз говоҳан дар харсангҳои оброҳаю зовҳои зодгоҳам канда будам… Рӯзе харсавора аз тангии Чилмеҳроб барои ҳезум мерафтам, аз селроҳае мегузаштам, ки он сахраҳои нигаҳдорандаи номамро низ бубинам. Дареғо, он ҳама сахраҳои бузурги побарҷо дар ҷояшон набуданд, номи ман ҳам бо онҳо аз ҷойгоҳи худ рафта буд. Ин мушоҳидаи содалавҳона дар дили ман як доғе, як навмедие гузошт. Чаро номи ман нест? Чаро он харсангҳо, ки ба пойдории онҳо мани нодон эътимоди комил доштам, дар мақомашон нестанд? Наход бо он сангҳо номи ман ҳам гум шуда бошад?

Баъд, ҳарчанд андешаи гумномӣ аз сарам бадар намешуд, ба Институти давлатии педагогии Сталинобод дохил шудам, китобҳое хондам, сабақҳое аз устодон гирифтам, боре пас аз имтиҳони таърих, ки аз баҳои муаллим розӣ набудам, аз зинаҳои қироатхона поин мерафтаму худ аз худ суол мекардам: наход номи ман гум шуда бошад? На! Набояд гум шавад!

Аз зина донишомӯзон болою поин мерафтанд, ҳар саре савдое дошту ҳар диле дунёе. Ман ҳам дар сари хаёл будам, ки номи худро биҷӯям, биёбам, агар санги номнавиштаамро сел бурда бошад, худи маро бо номи ман ку набурдааст! Дар паллае нишастаам, аз ҷайбам қалам берун овардам, дар саҳифаи охирини дафтари таърих, ки холӣ буд ва ман аз он дафтар ҳарчанд гуноҳе надошт, чандон розӣ набудам, чизе барои худ навиштам, чунон ки мегӯянд, сатрҳое мавзун кардам ва барои тасаллои худ он доғи гумномиро аз дил берун кардам. Шеъре иншо кардам ба номи «Ном». То ин шеър ман ҳеҷ гоҳ дар дил орзуи шоирӣ надоштам…» (Садои Шарқ, 1980, с. 156).

Аммо дунё ва олами илм бо сухани нав пеш меравад. Бозёфтҳои охирин ва амиқрафти лоиқшиносӣ дар рӯзгори мо, суолеро ба зеҳни мо меорад, ки оё воқеан “Ном” аввалин шеъри устод Лоиқ будааст?  

Ба ин муносибат мо ба ихтиёри лоиқпарастон ва алоқамандони мероси ин шоири варзидаи тоҷик бозёфти дигареро ба миён  гузоштанием. Дар дасти мо дафтари рангпаридаи чандсолаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики деҳаи Ғӯсари Панҷакент Ҳоҷиқурбон Ҳоҷиев мавҷуд аст, ки ӯ дар омӯзишгоҳ бо Лоиқ ҳамсабақ будааст.

Маъмулан толибилмон зимни таҳсил ба дафтари ҳам хотирае ё шеъре менависанд ва маълум мешавад, ки Лоиқ низ ба чунин як дафтари онзамона соли 1956 бо тахаллуси “Лоиқҷони Мазорӣ” шеъре ба номи «Дилбар» қайд кардааст, ки аз эҷоди худи ӯст.

Худи ӯ онро ба дафтари ҳамсабақ навишта ва дар зер ишора кардааст, ки «ин шеърро барои ёдоварӣ ба дӯстам Ҳоҷӣ тақдим намудам. Лоиқҷон Мазорӣ, имзо». Таърихи эҷоди ин шеър рӯзи сешанбеи 21-уми феврали соли 1956 аст, ки имсол 70 сол аз он сипарӣ шудааст.

Матни комили шеъри «Дилбар» аввалин маротиба ба хонандагони ҳафтавори “Тоҷикистон” тақдим мешавад:

Аҷаб дилбар, ки ман дидам, рухаш рашки қамар мезад,

Ду зулфи ҳалқаи мораш хамида то камар мезад.

Муҳаббат сӯхт ҷонамро, тамоми устухонамро,

Бигардонӣ забонамро, ба лаъли лабшакар мезад.

Ду абрӯ боз пайваста, ду рух монанди гулдаста,

Хаданги тири мижгонаш чу нештар дар ҷигар мезад.

Нигорам маст меомад, қадаҳ бар даст меомад,

Гули навраста меомад, ки гул болои гул мезад.

Нигорам чун гули тоза, ба ҳад чун сарви тар тоза,

Бубин ин моҳи танноза, рухаш садбарги тар мезад.

Биё, эй ҷон, ту дурдона, биё, бар ин дари хона,

Бигир аз дасти Лоиқҷон, чи сӯзе дар ҷигар мезад.

Баёзи гарданат, эй ҷон, харидам сад дуру марҷон,

Ба вақти хӯрдани авқот арақ чун жола сар мезад.

Албатта, ҳоло фурсати васеи таҳлили ин шеъри тозаёфт, ки бар вазни ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудааст, дар ихтиёрамон нест.  

Бо ин ҳама мо мантиқан ба ин нукта пофишорӣ надорем, ки бозёфти нав маҳз шеъри аввалини устод Лоиқ аст, вале он яке аз нахустин таълифоти шоири бузурги тоҷик маҳсуб мешавад.

Боҳир Раҷабов,

номзади илми филология

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *