Узви хонадони мо
Мани кӯлобӣ гумон мекардам, ки оҳангҳои кӯлобиёнаи шеърҳоро дар худ не, балки дар Лоиқ бештар мебинам.
…Тобистони соли 1966… Гӯё дирӯзакак буд. Аз идораи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ман занг заданд, ки Лоиқ меоянд (он солҳо Лоиқ корманди ин рӯзнома буданд ва ман корманди рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб»). Ман Лоиқро ҳамагӣ як бор дар чойхонаи Иттифоқи нависандагон дида будам, вале ғоибона якдигарро мешинохтем.
Лоиқро бо Абдунабӣ Сатторзода, Сорбон ва суратгир Муҳиддин Олимпур истиқбол кардам. Онҳо дӯстони Лоиқ буданд ва аз он рӯз ман ҳам дар ин шумор ворид шудам. Дар хона барои меҳмонон тайёрии нағз дида буданд. Он шаб дар кулбаяки одии мо воқеъ дар деҳаи Офтоблиқо суҳбати унс қур гирифт. Дар суҳбат чанде аз дӯстон ва аҳли завқу адабиётдӯсти деҳаамон низ ширкат доштанд. Он солҳо дар базми ёру дӯстон ман ҳам сурудхонӣ мекардам. Ҳамин тариқ, он шаб дар долони хонаи хоксоронаи мо ба шарофати Лоиқ гӯё тӯй барпо шуд. Ману Мирзо Аҳмади ҳамдеҳаам (ёдаш ба хайр) бо навбат овозхонӣ мекардем ва базму суҳбат то дергоҳи шаб давом кард.
Фардо ба хоҷагии ба номи Шаталов (ҳозира Сафаралӣ Зарифӣ) рафтем, ки раисаш Сафаралӣ Зарифов буд. Лоиқ аз ин сафараш ба Хатлон бо зикри номи Сайдаҳмад Каримов мақолае навишт, ки яке аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Хатлон мебошанд. Ана аз ҳамон тобистон ману Лоиқ то охири умр дӯст мондем…
Устод Лоиқ чунон ба Кӯлобу мардуми Кӯлоб унс гирифта буд, ки баъдтар сайри ҳар як баҳорашро аз Кӯлоб оғоз мебахшид ва дар ин сафарҳо мо ҳамеша бо ҳам будем. Ӯ аз ин сафарҳо кулвори шоириашро низ ғанӣ мегардонд. Калимаю ибораҳоеро, ки дар шеваи мардуми Кӯлоб шево буданд, ба хотир мегирифт ва дар банду басти шеъри классиконааш кор мебурд…
Мани кӯлобӣ гумон мекардам, ки оҳангҳои кӯлобиёнаи шеърҳоро дар худ не, балки дар Лоиқ бештар мебинам. Масалан, «Саломам медиҳӣ ҳар рӯз мисли ошнорӯе», «Қасамҳо мехӯрад ҳар нобалад бар чашму мижгонат», «Ман чу аз гаҳвораи нақшини худ берун шудам», «Моҳи беайби ман, аз бобати ман айб магир», «Ғами шумо куҷо ғаме, ғами шумо ғамкаҳак аст», «Бар касе мушт нозада, ақли шумо бедарак аст» «Ишкаматон, ки сер шуд, баҳри шумо ҳама як аст», «Надидаед чу як бор ҷанги рӯё рӯй», «Яктана ҷанг мекунам бо даҳр», «Будам он сон ҷавону худбовар».
Ногуфта намонам, ки Лоиқ узви хонадони мо дониста мешуд. Падару модарам ҳар як омади ӯро ба хурсандӣ мепазируфтанд ва аз шодӣ дасту по мехӯрданд. Падарам аз шодӣ ба тахтапушти Лоиқ падарвор даст бурда «бале писарам, Лоиқов, бале, нағз кардӣ, ки омадӣ» мегуфтанд.
– Падар, Лоиқов не, Лоиқ.
– Ҳа Лоиқ, Лоиқҷон, хуш омадӣ писарам…
Падари бузургвор баъди чанде боз фаромӯш карда, Лоиқов гуфтан мегирифтанд. Лоиқ ҳам бо самимияти хосе, ки доштанд, аз таҳти дил механдиданду «ҳа ман Лоиқов» мегуфтанд. Модарам мекӯшиданд, ки дастурхонро худашон ороянд, худашон хӯрок пазанд, худашон Лоиқи писарашонро меҳмондорӣ кунанд. Ман, ки писари ягонаи хона будам, падару модарам дӯстони маро ҳамин тариқ, самимона меҳмондорӣ мекарданд, писархонд мегирифтанд, ба Худо шукр мекарданд, ки писари ягонаашон бо дӯстон қанот пайдо кардааст.
Онҳо ҳамеша аз тақдири ман дар ташвиш буданд, ки чӣ мешуда бошад? Оё ман роҳи сарнавишти сахтамро, ки шабҳои бедорхобии шеъру шоирист, бо ин дили тамоман содаю нозукам тай карда метавонам? Ин буд, ки ҳар як дӯсти шоирам қуввати дили падару модарам низ буданд. Онҳоро дида умед дастгирашон мешуд, ки писарашон танҳо нест. Бедорхобон боз ёри бедорхобонанд. Дар миёни дӯстон муҳаббати Лоиқ барояшон тамоман дигар, муҳаббати фарзандона буд.
Ҳар гоҳ ки ман аз Душанбе меомадам, падарам аввал мепурсиданд:
– Лоиқовро дидӣ?
– Лоиқро дидам падарҷон ба шумою модарам салом гуфтанд…
– Ҳа, Лоиқ, Лоиқ, ҳар гоҳ, ки Душанбе рафтӣ, албатта, ӯро бубин, надида наё, дӯстӣ омаду рафт дорад, омаду рафт ки шуд, дӯстӣ ҳам мешавад. Ҳа, гуфтӣ, ки боз биёяд?
– Меояд, падарҷон, баҳор меояд, баҳори Кӯлобро дӯст медорад.
– Ҳее, то баҳор кӣ зиндаю кӣ мурда. То баҳор чанд бор омаданаш даркор, баҳор ки шуд, боз биояд. Ҳа, «модари дар «кунҷи сандалияш» чӣ аҳвол дошта бошад?
Ман ба падару модарам шеъри «Ба модарам»-ро хонда будам. Аз чӣ бошад, дар тасаввури падарам модари Лоиқ кампири нисбатан хастаҳоли ҳамеша дар кунҷи сандалӣ нишастае менамуд. Ин тасаввури падарам барои ман бисёр ширин буд, аз ин рӯ барои ба ислоҳ дароварданаш чандон рағбат ҳам надоштам.
…Хулоса, рафтуо ва дӯстии мо бо Лоиқ маҳбубиятҳои зиёдеро дар худ меғунҷонд. Дар ин миён мову ӯ бо ҳам сафарҳои зиёд ҳам кардем, ки аз ҳамаи ин хотирмонтаринашон сафар ба Мастчоҳи кӯҳна, зиёрати мақбараи устоди Панҷрӯдӣ Рӯдакии бузургвор, сайри Искандаркӯл, деҳаи Мазори Шариф (зодгоҳи Лоиқ), шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва ғайра буд. Дар ин сафарҳо дӯстию бародарии мо бо Лоиқ ва дӯстони бисёраш, аз ҷумла, Сорбон, Кӯҳзод, Абдунабӣ Сатторзода, Меҳмон Бахтӣ, Кароматулло, Фарҳод, Холмурод Шарифов, Муҳиддин Олимпур, Доро Дӯст, Раҷаб Шарифови мастчоҳӣ ва даҳҳо дигарон бо печишҳои зиёди муҳаббати тарафайн пайванд гардид.
Ҳақназар Ғоиб,
Шоири халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ