Лутфи Лоиқ

Ман шаҳрванд

Дар Эрон аз ҳайати меҳмонони точикистонӣ мепурсанд:

«Шумо моли куҷо ҳастед?»

Лоиқ Шералӣ ба ҳамроҳони худ ишора намуда, мегӯяд:

– Инҳо моли Тоҷикистонанд. Аммо ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам…

Fамгин нашав

Бо супориши идораи «Ҷавонони Тоҷикистон» мухбири рӯзнома Салими Зарафшонфар ба назди Лоиқ меравад, ки пиромуни кору рӯзгори ҷавонон суҳбате кунанд. Устод серкор будааст. Салим саволномаро ба ӯ дода, меравад ва баъди як ҳафта боз меояд.

– Ба саволномаат шинос шудам, – мегӯяд устод. – Азбаски саволҳо маъқул нашуданд, онро даронда, ба сабадча партофтам.

Сипас нигоҳи маҳзунонаи ӯро ба сабадчаи коғазҳои нодаркор пай бурда, ин тавр таскинаш медиҳад.

– Fамгин нашав, Салимҷон, саволномаи Баҳманёр ҳам он ҷо хобидааст.

«Маргат»

Дар долони нашриёт бо Одина Мирак суҳбат доштем. Як вақт аз ҳуҷраи кори муовини раис Фарҳоди Карим устод Лоиқ баромад, ки сархушу болидарӯҳ буд.

Ӯ аз Одина Мирак, ки бар асари беморӣ беист чашмак мезад, пурсид: сабаби «маргат»-ҳояш чист.

– Бепулӣ, – табассум кард Одина. – Одами бепулро иллат бисёр мешавад.

Лутфи Одина ба устод Лоиқ хуш омад, ки баланд хандид. Сипас ҷузвдонашро ба дасти Фарҳод дода, аз бағалкиса як даста пул баровард.

– Ана, гир! – гуфт ӯ ба Одина. – Барои саломатӣ нӯш!

– Ташаккур! – Одина хандон пулро гирифт.

– Устод, ба Аҳмадшоҳ ҳам диҳед, – хотиррасон намуд Фарҳод. – Ин кас беморанду мебояд барои саломатӣ нӯшанд.

– Ҳа, – беихтиёр даст ба бағалкиса бурд устод, вале пул набаровард. Саросема ҷузвдонашро аз дасти Фарҳод гирифта, гуфт:

– Рафтем… Вай чӣ хел бемор аст, ки «маргат» намекунад…

Дурӯғ нест

Боре Шодӣ Ҳаниф изҳор медорад, ки дар бозии шоҳмот хеле моҳир аст.

– Ман ҳатто аз падарам мағлуб нашудаам! – мегӯяд ӯ бо иддао.

Ин худситоӣ устод Лоиқро водор месозад ба қувваозмоӣ.

– Ако, бозиатон кирои таъриф нест-ку? – табассум мекунад устод Лоиқ, вақте ҳариф бори панҷум ҳам заҳри мағлубият мечашад.

– Шумо гуфтед, ки ҳатто аз падаратон… Аммо…

– Дар ҳақиқат имрӯз суст бозӣ кардам, – иқрор мешавад Шодӣ ҳаниф. – Лекин гапам дурӯғ нест. Падарам раҳматӣ шоҳмотбозиро намедонистанд…

Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ

Маст бошу бош!

Нозири роҳ сутта ба мошини Лоиқ рост кард ва канори роҳро намуд, то ӯ боздорад чаҳорчархаашро. Лоиқ дар миёни роҳ дошт мошинро ва ба нозири роҳ гуфт: «Маст ҳастам». Чун нозир пеш омада, Лоиқро шинохт, даст ба чакка бурда, ду по ба хам зад ва фармуд:

– Маст бошу бош, устод!

На Турсунзодаӣ на Лоиқ

Бо хости Мирзо Турсунзода чанд тан бояд ба муносибати иди Май ба бӯстонсаройи адибон мерафтанд. Он рӯз дар роҳи хиёбони «Ҳофиз» ба шарафи иди бузург пойга мерафт. Роҳҳо баста буданд.

Мошини Турсунзодаро иҷозат доданд. Пас мошини Лоиқ омад. Онро низ рухсат гуфтанд. Пасон мошини адиби дигар омад. Гузар надоданд. Он адиб хеле пурсид, нагузоштанд. Пас ӯ тоҷикигарӣ кард:

– Чаро ба он ду мошин рухсат додиву ба ман иҷозат намедиҳӣ?

Нозири роҳ фармуд:

– Дар мошини аввал Мирзо Турсунзода меравад. Дар мошини дуввум – Лоиқ. Ту на Турсунзода ҳастӣ, на Лоиқ.

СОЛУМ

8-майи соли 1991 ҳамроҳи падарам Ашӯр Сафару устод Лоиқ Шералӣ меҳмони хоҷагии Миралӣ Маҳмадалиев шудем. Раис ба ҷуз базме, ки бегоҳ дар боғаш ороста буд, пагоҳаш дар теппаҳои хушманзари сарҳади ноҳияи Восеъ ва Совет (ҳозира Темурмалик) ҷои нишасту майдони қувваозмоӣ тайёр намуда, бо дегҳои қатор мардуми зиёдеро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба (он вақт «Наврӯзӣ» гуфтан мамнӯъ буд) ва асосан, ба хотири шоири номдор Лоиқ Шералӣ ба гӯштӣ даъват карда буд. Рафтем. Меҳмононро сари мизу харакҳои худсохт даъват карданд. Ману устод Лоиқ барбабар дар як кунҷи харак менишастем, раису падарам дар байни харак буданд.

Гӯштӣ сар шуд. Солум аз чойнаку паласчаҳо шурӯъ шуда, то соату телевизор расида буд ва гӯштӣ оҳиста-оҳиста ранг мегирифт. Мардуми зиёде ғун меомад. Теппаҳо пур аз тамошобин шуда буд. Нохост раиси Миралӣ аз ҷо хеста, гуфт:

– Чӣ хеле мебинем, иҷа меҳмони олиқадри мо Лоиқ Шералӣ ҳозирай, ки мову шумо аз ин ифтихор дорем. Ма як гова ҳамчун солум бе гӯштин ба ӯ тақдим мекунум.

Мавҷи қарсаки мардум то осмон печид. Устод Лоиқ аз ҷо бархоста, гуфт:

– Раҳмат, Раисбобо! Аммо ман дар Душанбе ҷои нигоҳубини говро надорам. Хӯрду хӯрокашро намегӯед? Аз ин рӯ, ман говро ба Мавлоно Ашӯр Сафар бахшидам. Дар хонаи ӯ истад, мо як бор-ним боре омадем, аз шираш ширчой мехӯрему аз қуруташ қурутоб.

Падарам Ашӯр Сафар гуфт:

– Ман говро ҳамчун солум ба гӯштин мегузорам. Ду паҳлавони зӯрат бароед, касе зад, ошаш шавад гов. Барои Лоиқшо як бор-ним бор чӣ, сад бор, ки биёяд, ширу қурут меёбем.

Гурез Сафар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *