Лоиқномаи “Тоҷикистон”

Ба истиқболи 85-солагии шоири бузурги тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, ҷоизаи ҷаҳонии “Нилуфар” устод Лоиқ Шералӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шумораи махсусеро бо унвони рамзии «Ман баъди ҳазор сол меоям боз» бо сифати баланд дар ҳаҷми 20 саҳифа ба табъ расонид. Вежаномаи мазкур фарогири хотираҳо, мақолаҳои таҳлилӣ, мусоҳибаву ёдномаҳо, аксҳои нодир ва ашъоре мебошад, ки чеҳраи устод Лоиқро аз зовияҳои гуногун бозтоб медиҳад ва дар шинохти ҷойгоҳу рисолати шоир дар худогоҳии миллии тоҷикон мусоидат менамояд.

Вежанома бо суханони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Пешвои миллат Лоиқ Шералиро аз ҷумлаи он адибоне медонад, ки аз нимаи дувуми солҳои шастум ба адабиёти тоҷик рӯҳи нави худшиносӣ, ватандорӣ ва эҳёи суннатҳои миллиро ворид карданд. Ҳамчунин, дар яке аз гуфтаҳои хеш Cарвари давлат санаи таърихии 27-уми июни соли 1997 – рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба ёд меорад ва таъкид мекунад, ки вақте рӯзи 28-уми июн ба Душанбе меояд, устод Лоиқ эшонро бо гулдаста пешвоз мегирад ва шеъри тозаэҷоди хешро мехонад:

Сулҳи деринтизори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад…

Дар сармақолаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур таҳти унвони «Лоиқ Шералӣ чаро барои мо муҳим аст?» мақсади нашри вежанома баён гардидааст. Муаллиф дар ин навишта Лоиқро идомадиҳандаи рисолати бузургони фарҳанги миллӣ – аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Садриддин Айнӣ ва Муъмин Қаноат медонад. Ӯ менависад, ки баъди ҳар шикасти таърихӣ миллатро маҳз сухан наҷот додааст ва Лоиқ яке аз он шахсиятҳое буд, ки рӯҳи тоҷикро дубора бедор кард. Муаллиф Лоиқро “виҷдони бедори миллат”, “шоири худсӯзу худафрӯз” номида, таъкид менамояд, ки ӯ барои шуҳрат не, балки барои наҷоти рӯҳи тоҷик шеър гуфтааст.

Дар идомаи ҳамин мавзуъ академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар мақолаи таҳлилии «Лоиқ Шералӣ ва ҳувияти миллӣ» ба баррасии ҷойгоҳи шоир дар ташаккули ҳувияти миллӣ мепардозад. Муаллиф бо такя ба таҳлили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нишон медиҳад, ки Лоиқ дар давраи гузариш аз низоми шуравӣ ба давлати мустақил ба як пояи маънавии ҷомеа табдил ёфт. Ба андешаи ӯ, ашъори Лоиқ танҳо арзиши эстетикӣ надошт, балки рисолати сиёсиву иҷтимоӣ низ иҷро мекард. Ӯ махсусан нақши шоирро дар бузургдошти забони тоҷикӣ, эҳёи эҳсоси таърихӣ ва худшиносии миллӣ таъкид менамояд.

Дар мусоҳибаи рӯзноманигор Бобо Солеҳзода бо писари шоир Диловар Шералӣ таҳти унвони “Падар дар хотираҳои писар” хонанда бо Лоиқи падар, инсони хоксор, китобдӯст ва меҳрубон ошно мешавад. Диловар Шералӣ аз муҳити хонаводагӣ, муносибати падар бо фарзандон, шабзиндадориҳои ӯ бо китобу луғатномаҳо ва муҳаббати шоир ба деҳқонӣ қисса мекунад. Ӯ нақл менамояд, ки Лоиқ ҳаргиз фарзандонашро маҷбур ба интихоби касб накардааст ва барои ӯ озодии интихоби роҳи зиндагӣ муҳим будааст.

Мақолаи ёддоштии дӯсти устод Лоиқ – оҳангсози маъруф Толибхон Шаҳидӣ – «Бо Лоиқ дӯст ва ҳамсоя будем» аз лаҳзаҳои ҳамнишинӣ, шабҳои шеър ва мусиқӣ, муҳити адабии Душанбе ва ғайра қисса мекунад. 

Мақолаи профессор Аслиддин Қамарзода «Лоиқ ва Самарқанд» низ ҷолибу хонданист. Муаллиф дӯстии чандинсолаи худро бо шоир ба ёд оварда, аз нақши Лоиқ дар муаррифии адибони тоҷики Ӯзбекистон сухан мегӯяд. Ӯ менависад, ки Лоиқ пайваста аз сарнавишти тоҷикони Самарқанд меандешид ва барои чопи осори адибони он диёр дар Тоҷикистон мусоидат мекард.

Қамарзода инчунин аз маҳфилҳои адабии Самарқанд, сафарҳои Лоиқ ба Ӯзбекистон, дидорҳои ӯ бо мухлисон ва нақши шоир дар таҳкими пайвандҳои фарҳангии ду кишвар ёд мекунад. Ин мақола чеҳраи Лоиқро ҳамчун шахсияти фаромиллӣ ва ҳомии фарҳанги тоҷик дар берун аз марзҳо нишон медиҳад.

Мақолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода – “Лоиқ Фатҳӣ кист?” барои хонанда бисёр ҷолиб аст. Дар он “дӯсти ҷамолакӣ”-и шоир аз як катибае ёд мекунад, ки ҳанӯз соли 1956 устод Лоиқ навиштааст ва зери он “Лоиқ Фатҳӣ” тахаллус гузоштааст.

Номзади илми филология Боҳир Раҷабов бозёфти нодиреро дар вежаномаи “Тоҷикистон” муаррифӣ кардааст. Ин яке аз нахустин ғазалҳои устод Лоиқ таҳти унвони “Дилбар” аст, ки соли 1966 онро бо хати худ дар дафтари ҳамсабақаш Ҳоҷиқурбон Ҳоҷиев навишта, дар зери он худро “Лоиқҷони Мазорӣ” муаррифӣ кардааст. Ин ғазал бори нахуст дар вежаномаи “Тоҷикистон” пешниҳоди хонанда шудааст.

Дар мақолаи академик Абдуҷаббор Раҳмонзода – «Хотираи таърихӣ дар ашъори Лоиқ» масъалаи рӯ овардани шоир ба таърих, бузургони миллат ва нақши хотираи таърихӣ дар бақои миллат баррасӣ шудааст. Дар ин мақола устод Лоиқ ҳамчун ҳомии забон, посбони хотираи таърихӣ, мутафаккири миллӣ ва шахсияти таъсиргузори иҷтимоӣ ҷилва мекунад.  

Дар мақолаҳои Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Фарзона, профессор Сафар Абдулло сухан аз махсусиятҳо ва маҳбубияти шеъри устод Лоиқ меравад. Дар хотираҳои устод Сорбон, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ, сардабири маҷаллаҳои “Бухоро” ва “Самарқанд” Алии Деҳбошӣ, раиси Бунёди “Рӯдакӣ” дар Порис Масъуди Миршоҳӣ, дӯсти устод Лоиқ – Мастон Шарифов доир ба хислатҳо ва хизматҳои устод Лоиқ сухан меравад, ки омӯзанда ҳастанд. Ҳамчунин, ашъори устод Гулрухсор, Камол Насрулло, Бозор Собир, Давлат Сафар, Акбари Абдулло, ки ба устод Лоиқ бахшида шудаанд, вежаномаро рангоранг кардаанд.

Гуфтаҳои бузургони илму адаб ва фарҳангу сиёсат, аз қабили устод Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Муъмин Қаноат, Акбари Турсон, Қоҳир Расулзода, Гулназар, Матлубаи Мирзоюнус, Саидамир Зуҳуров, Темур Зулфиқоров, Абдумаҷид Достиев, Ҷӯрабек Муродов, Муҳаммад Ғоиб,  Усмонҷон Ғаффоров, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон паҳлуҳои мухталифи эҷодиёт ва шахсияти устод Лоиқ Шералиро ба хонанда бозгӯ мекунанд.

Дар умум, вежаномаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бахшида ба 85-солагии устод Лоиқ барои шинохти шахсият ва эҷодиёти шоири бузург мусоидат мекунад ва ҳамчунин армуғон ба мухлисони устод Лоиқ мебошад.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *