Падидаи бузурги Ховар
Лоиқ Шералиро аз соли 1370(1991) мешинохтам. Яке аз рӯзҳои шаҳривармоҳи ҳамон сол (моҳи август) даъватномаи эшон аз тариқи пуст (почта) ба дастам расид. Мо якдигарро то он замон надида будем. Зоҳиран ӯ бар асари интишори бист шумора аз маҷаллаи «Килк» шиносоӣ нисбат ба банда пайдо карда буд. Дар мақоми раёсати Бунёди забони форсии тоҷикӣ маро ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Якдигарро дар фурудгоҳи Душанбе ба оғӯш кашидем. Понздаҳ рӯз меҳмони ӯ ва бунёдаш, ки барои забони форсӣ ва эҳёи он талош мекард, будам. Гузориши мухтасаре аз дидор бо Лоиқ Шералӣ ва гуфтугӯеро, ки бо ӯ анҷом додам, дар шумораи 21-уми “Килк” мунташир кардам.
Ҳамон рӯзҳо Маъсумаи Турфа дар Душанбе тайи чандин ҷаласа хотироти Лоиқ Шералиро сабт мекард, ки дар бархе аз он ҷаласот ҳузур доштам ва эй кош Маъсумаи Турфа матни он наворҳоро мунташир кунад. Ташхис дода буд, ки хотирот ва биографии Лоиқ ойинаест аз таърихи фарҳанг ва адаби мардуми Тоҷикистон.

Лоиқ Шералӣ ба ҳангоми марг 59 сол дошт. Танҳо шоире буд, ки ҳама ҷо мардум ӯро медиданд, эҳтиромаш мекарданд ва абёте аз сурудаҳояшро аз ҳифз мехонданд. Равонӣ ва содагии сурудаҳояш ва тавоноие, ки дар баёни орзуҳо ва дардҳои мардуми кӯчаву бозор дошт, аз ӯ шоире мардумӣ сохта буд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ӯ намояндагии шеъри муосири Тоҷикистонро бар уҳда дошт. То он ҷо, ки як сол қабл аз маргаш ҷоизаи фарҳангии «Нилуфар»-ро аз ЮНЕСКО дарёфт кард ва ҳамчунин муҳимтарин ҷоизаи фарҳангии Тоҷикистон – Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро дошт.

Шахсияте, ки бисёре аз шуарои тоҷик муфтахар ба омӯзиш дар мактаби шеъри ӯ буданд. Аскар Маҳкамуф – шоири саршиноси ӯзбек дар як гуфтугӯи радиоӣ дар бораи Лоиқ Шералӣ чунин гуфтааст: «Лоиқ Шералӣ фақат мутааллиқ ба адабиёти тоҷик нест, ӯ як падидаи адабии бузурги Ховарзамин аст. Лоиқ устоди мост ва ибдоъгари як шева ва оҳанги ҷадид дар шеъри мо».
Лоиқ Шералӣ аз маъдуд шоиронест, ки дар тайи ҷанги дохилии Тоҷикистон дар кишвар ва дар шаҳри худ боқӣ монд ва таассуроти худро дар сурудҳое баёдмонданӣ баён кард.
Ёдаш гиромӣ бод!
Алии ДЕҲБОШӢ,
сардабири маҷаллаҳои “Бухоро” ва “Самарқанд”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ