Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон- муқобили коррупсия» қадрдонӣ шуданд

29 май дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон – муқобили коррупсия» баргузор гардид.

Озмун бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи «Моҳвораи ҷавонон» аз 25 апрел то 23 май баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва ҷалби ҷавонон ба мубориза бо коррупсия буд.

Дар фазои тантанавӣ ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ» бо диплом, сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *