Марги се нафар дар садамаи нақлиётӣ дар Суғд
Шаби 30 ба 31-уми май дар роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ, дар ҳудуди деҳаи Хумрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, садамаи нақлиётӣ рух дода, се нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои манбаъҳо, яке аз фавтидагон полковник Меҳриддин Ғафурӣ, устоди 48-солаи Академияи ВКД ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ будааст. Ӯ қаблан роҳбарии факултаи №4-и Академияи ВКД-ро низ ба уҳда дошт.
Ҳамчунин, ду сокини ноҳияи Мастчоҳ низ дар ин садама ҷон бохтаанд.
Тибқи маълумоти Раёсати БДА дар вилояти Суғд, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Сабабҳои рух додани садама ҳоло мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ