Ҳунарманд ва коргардони маъруф Тӯрахон Аҳмадхонов 91- сола шуд (видео)

Имрӯз Тӯрахон Аҳмадхонов, ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон ҷашни мавлуд дорад. Ӯ ба сини мубораки 91 расид.

Аҳмадхонов Тӯрахон соли 1960 шуъбаи акёрии Институтити давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав ва соли 1971 курси олии коргардонии Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскавро хатм намудааст.

Аҳмадхонов Тӯрахон тӯли фаъолияти ҳунариаш дар Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият карда, як муддат саркоргардони Театри давлатии ҷавонон будааст. Аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш “Ҷон модаракон”, “Эраҷ-паҳлавон”, “Баҳори понздаҳум”, “Шоҳ Лир”, “Роҳзанҳо”, “Бахтатро бедор кун” ном доранд. Худ дар дар саҳнаи театр нақшҳои Кайковус дар “Рустам ва Суҳроб”, Куйбишев дар “Ҳуррият”, Хоҷа дар “Хизматгори ду хоҷа” офаридааст.

Ҳамчунин дар филмҳои “Достони Сиёвуш”, “Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Муҳаббат”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақшҳо бозидааст. Инчунин муаллифи як қатор асарҳои драмавӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *